Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ваҳдату ягонагӣ омили асосии Ғалаба буд
Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, ҷанги озодихоҳонаи халқу миллатҳои собиқ Шуравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан ба зидди фашизми Германия буд, ки инак аз анҷоми он 78-сол сипарӣ гардид. Дар остонаи ҷашни Ғалаба мебинем, ки иштирокчиёни он, ки имрӯз дар қайди ҳаётанд синну солашон аз 90 болост.
Яке аз чунин родмардоне, ки дар ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз ҷон дар каф қаҳрамониҳо нишон дода, дар таъмини ғалаба саҳмгузор аст, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Машраф Давлатов мебошад. Бобои Машрафро синнаш ба 97 расида бошад ҳам бовуҷуди камнурии чашмону паст шудани ҳисси шунавоӣ, аммо хотирааш қавӣ аст. Аз шумораи садҳо нафаре, ки аз ноҳияи собиқ Колхозобод ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтаанд, имрӯз ӯ дар қайди ҳаёт аст.
-Соли 1923 дар ноҳияи собиқ Оби Гарм (ҳоло Нуробод) ба дунё омада, ҳанӯз 16-17 сола будам, ки ҳамроҳи бародарону падарам дархоҷагӣ кор мекардем,-мегӯяд бобои Машраф. Моҳи аввали соли 1943 ба номи ҳар се тани мо бародарон аз комиссариати ҳарбии ноҳия даъватнома омад.
Бародараш Катахон дар Фронти Ленинград меҷангиду гоҳ-гоҳ басуроғаи почтаи саҳроӣ ба Машраф мактуб менавишт. Муҳорибаи Ленинград 1125 рӯз давом карду ленинградиҳо 903 рӯз дар муҳосираи фашистон монданд. Дигар аз бародараш хату хабар наомаду ҳамин тавр бе ному нишон шуд.
Бародари дуюмаш Барот дар муҳорибаҳо барои озодкунии пойтахти Лаҳистон-шаҳри Варшава сахт захмдор шуда, ба беморхонаи ҳарбӣ афтод. Баъдан, бинобар маҷрӯҳи гурӯҳи якум ва номувофиқ будан барои идомаи хизмати ҳарбӣ ӯро ба хона ҷавоб доданд.
Машрафи 18-сола бошад баъди гузаштани омӯзиши курси омодагии ҷангӣ, ки се моҳ дар шаҳрҳои Самарқанд ва Қазон идома ёфт, ба фронт сафарбар гардид. Ҷанговари тоҷик дар ҳайати Фронти 1-уми Украина дар ҷангҳо барои озодкунии шаҳру деҳоти Украина, Венгрия корнамоиҳо нишон додааст. Ба ҳайси командири взвод дар ҳайати полки 55-и механикони дар самти Коргун-Шевченко ҷангида, дар озод намудани пойтахти Украина-шаҳри Киев саҳмгузошта аст. Ӯдар яке аз муҳорибаҳо захмдор шуда, ҳамроҳи чанд тан аз ҳамяроқонаш дар муҳосираи душман мемонанд. Хушбахтона, Қушӯнҳои пешгарди шуравӣ дар ин муҳориба душманро шикаст дода, онҳоро аз иҳотаи фашистон бароварданд. Баъди ин муҳориба сарбози шуҷоъ Машраф Давлатов дар госпитали ҳарбии шаҳри Боку муддате табобат гирифта, пас аз шифо ёфтан, дубора ба фронт раҳсипор гардид.
Бобои Машраф дар ҳайати Фронти якуми Украина барои озод намудани Венгрия иштирок карда, қаҳрамониҳои зиёд нишон додааст. Ба гуфтаи ӯ моҳи апрели соли 1945 қушӯнҳои пешгар дисобиқ шуравӣ ба пойтахти Олмони фашистӣ-Берлин дохил шуданд. Санаи 9- уми май онҳо Берлинро ишғол карда парчами Ғалабаро дар Рейхстаг барафрохтанд. Машраф Давлатов рӯзи Ғалабаро бо ҳамяроқонаш дар шаҳри Будапешт пешвоз гирифтанд.
Баъди анҷоми музаффаронаи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хизмати ҳарбиро дар Украина идома медиҳад ва танҳо соли 1950 сарбаландона ба Ватан бармегардад. Дар он солҳо қисми зиёди аҳолии кӯҳистонро ба водии Вахш муҳоҷир намуданд. Машраф Давлатов ҳамроҳи ҳамдеҳагонаш ба ноҳияи Колхозобод (ҳозира Ҷалолиддини Балхӣ) кӯчида, муддате дар идораи ҷамъияти матлуботи ноҳия ва солҳои зиёд дар хоҷагии Максим Горкий ба ҳайси сардори бригадаи пахтакорӣ фаъолият кардааст.
Деҳқонони хоҷагӣ тавассути меҳнати ҳалол ҳамасола ҳосили фаровони “тиллои сафед” ҷамъоварӣ менамуданд. Машраф Давлатов ҳам баъди корнамоиҳои ҷангӣ корнамоиҳои меҳнатиро идома дода, дар рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ саҳми арзандаи худро мегузошт. Ҳамин тавр, солиёни зиёд сарбаландона заҳмат кашида, соли 1986 ба нафақа мебарояд.
Барои нишон додани корнамоиҳои ҷангию меҳнатӣ ӯ бо чандин ордену медалҳо, сипосномаю ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулию молӣ сарфароз гардонида шудааст. Айни замон бобои Машраф дар ҳалқаи фарзандон ва наберагону абераҳояш давлати пирӣ меронад. Шукронаи онро менамояд, ки дар кишвари ободу зебо, биҳиштосо-Тоҷикистони азиз зиндагӣ дорад.
Ин пирамарди хирадманд ифтихор аз он дорад, ки бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ пайваста зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлат қарор доранд. Ӯ ҳар сол тариқи имтиёзи барои собиқадорони ҷангу меҳнат нигаронидашуда дар осоишгоҳи зебоманзари Харангони ноҳияи Варзоб истироҳат менамояд.
Вақте ҳамроҳи ӯ ба саҳни ҳавлии манзили истиқоматиаш баромадем, бо хотири болидаву хушҳолӣ шукри қисмат дошта, аз лаҳзаҳои хотирмони умри пурбаракаташ қиссаҳо мекард. Лаҳзаи гаштугузор суҳбат дар саҳни ҳавлӣ мисраъҳои шеъри шоир Алимуҳаммади Хуросонӣ бахотир меомад:
Рӯйи ҳавлӣ базӯр мегардад,
Рафтааст аз танаш тавону мадор.
Он қадар майда-майда помонад,
Ки наёбад замин аз ӯ озор.
Зимни хайрбодӣ бобои Машраф даст ба дуо бардошта, бо шукргузорӣ аз тинҷиву осоиштагӣ дар кишварамон ва орзуву таманнои ободиву пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон иброз дошт, ки бигзор сулҳу осоиштагӣ дар саросари ҷаҳон пойдор гардида, мардуми заҳматқарини кишварамон бо саъю талоши содиқона Ватани азизамонро аз имрӯза ҳам ободтару пешрафта намуда, барои наслҳои ояндаи мо диёри ободу пешрафтаро мерос гузоранд.
Аъзам Бобоев, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД