Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсили 2022-2023

падару модарон ва ҳамватанони гиромиқадр!
Оғози соли нави таҳсили 2022-2023 ва дар заминаи он таҷлили Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ба арафаи 31 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар саҳифаи таърихи кишварамон бо хати заррин сабт гардида, ба саҳнаи сиёсат абармардеро ворид сохт, ки таъмини некуаҳволии мардум ва зиндагии шоистаро дар меҳвари сиёсаташ қарор дод, рост омад, ки сокинони меҳнатқарини вилояти Хатлон, бахусус кормандони соҳаи илму маорифи вилояти Хатлон баҳри дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои меҳнатӣ таҷлил кардани ин ҷашни миллӣ аҳлона меҳнат ва ҷаҳду талош намуда, маҳз намояндагони ин соҳа талош варзиданд, ки пешгом ва амалисозандагони асосии сиёсати хирадмандонаю маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданашонро, бо рӯҳияи созандагиву ободкорӣ, дар фазои тинҷу ором ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, ба кору пайкори шоиста ва таҳсили намунавӣ исбот созанд.
Таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллатро дар хусуси соҳаи меҳварӣ ва калиди будани соҳаи илму маориф ҳамагон хуб медонем ва қадр мекунем. Маҳз бо рушди илму маориф, ки соҳаи афзалиятнок дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шудааст, пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона таҳким ёфта, ҳамзамон кишвари биҳиштосоямон рӯз аз рӯз рушди чашмрас касб карда истодааст.
Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 ва дар ҳар як ҷаласаи корӣ, вохӯрию мулоқот ва зимни сафарҳояшон ба манотиқи гуногуни мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа медиҳанд.
Маҳз таъкиди Пешвои муаззами миллат дар он хусус, ки “Бунёди миллат аз маориф сарчашма мегирад” баҳои ҳаққонӣ ба кори соҳаи илму маориф ва меҳнати олимону омӯзгорон, мураббиёну кормандони ин соҳа мебошад. Ин баҳои Президенти кишвар на танҳо баҳои ҷамъбасткунандаи фаъолият, балки вазифагузории навбатӣ назди аҳли маориф ва омӯзишу парвариш аст ва аз ҳар як нафари мо ба таъкиди Роҳбари давлат “баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар”-ро тақозо мекунад.
“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040, озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва ҳамакнун озмуни ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” ва дар заминаи ин озмунҳо ҳавасмандгардонии шоёни довталабони муваффақу донишманд, устодони онҳо ва падару модарони ғолибон аз ғамхориҳои пайваста ва далели таваҷҷӯҳи Президенти кишвар ба ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа мебошад.
Баҳри иҷрои самарбахши дастуру ҳидоятҳои сарнавиштсози Пешвои маорифпарвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таъмини рушди бонизому сифатноки соҳаҳои илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамарӯза талош ва пайваста тадбирҳои ҳадафмандро роҳандозӣ менамоянд.
Дастгирии аҳли илму маориф, аз ҷумла сарфароз гардонидани онҳо бо Унвонҳои ифтихориву Мукофотҳои давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин радиф қадршиносӣ намудан бо Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, мукофотҳои ҳавасмандсозӣ барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, хатми мактаб бо медали тилло ва нуқра, таъсиси стипендияҳои номии раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони ватанию маҳаллӣ ба олимону устодони варзида, донишҷӯёну хонандагони аълохону эҷодкор ва навовари муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот ва ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ гардидани беҳтарин кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли илму зиёи вилоят, таъмини шароити мусоиди таҳсил барои дастрасӣ ба квотаю стипендияҳои президентӣ ва бурсияҳои таҳсил барои илму касбомӯзии наврасону ҷавонони лаёқатманд дар хориҷи кишвар аз иқдомҳоест, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии вилоят амалӣ карда истода, ҳамзамон ҳамасола теъдод ва ҳайати сифатии онро афзоиш медиҳад.
Натиҷаи ин ҳама талошу тадбирҳо аст, ки дар соли таҳсили 2021-2022 дар қатори дигар муваффақиятҳо 3 нафар аз ноҳияи Данғара, 2 нафар аз шаҳри Норак, 1 нафарӣ аз шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар муассисаҳои таълимии вилоятро бо медали тиллову нуқра ва аттестати аълои равиявӣ хатм намуданд ва боиси сарфарозӣ аст, ки имсол дар ҳаракати олимпӣ шогирдони муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят аз соли пешин бартарӣ нишон дода, 195 медал зиёд ба даст оварданд, ки аз теъдоди умумии 620 медали бадастоварда 83 нафар медали тилло, 178 нафар медали нуқра ва 352 нафар медали биринҷиро соҳиб гардиданд. Дар ин дастовард хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Данғара, Кӯлоб, Бохтар, Восеъ, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Норак, Ховалинг, Левакант ва Шамсиддини Шоҳину Хуросон бартарӣ нишон доданд.
Имсол талошҳои устодони варзидаи вилоят дар самти касби медалҳо дар озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ низ самар оварданд, ки тавонистем 68 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 10 ҷойи дуюм ва 58 ҷойи сеюм ба даст биёрем ва ин раванд феълан идома дорад.
Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, томактабӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, таъмини мизу курсӣ, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, компютеркунонӣ, ва дар маҷмӯъ, амалигардонии барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ аз корҳои мавриди таваҷҷӯҳ ва диққати аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб меёбад.
Ҷои таъкид аст, ки дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини шароит моддиву техникӣ ва роҳандозии раванди бонизому салоҳиятноки таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят 722 адад иншоотҳои соҳаи маориф, аз ҷумла 73 адад муассисаи томактабӣ ва 649 адад мактаби нав, бинои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохтмон ва таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки соли нави таҳсили 2022-2023 дар вилоят ба зиёда 50 адад муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, беш аз 1365 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 1000 адад муассисаҳои томактабию марказҳои инкишофи кӯдак, ба таълиму тарбия зиёда аз 817 ҳазор нафар хонанда, тайёру омодагии касбӣ наздик ба 90 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони касбомӯз ва ба тарбияи томактабӣ беш аз 40 ҳазор кӯдакон фарогир шуданд, ки ба онҳо зиёда аз 50 ҳазор олимону устодон, омӯзгорон, мураббиён ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ таълиму тарбия хоҳанд дод.
Ҳамзамон, соли таҳсили 2022-2023 ба рӯи беш аз 90 ҳазор нафар наврасоне, ки бори аввал пой ба остонаи мактаб мегузоранд, дари хазонаи илму маърифат, дунёи дигари омӯзиши зебоии ҳаёт, саҳифаи наву рангоранги зиндагӣ бо табассуми малеҳу меҳрубонии падаронаи устодон боз хоҳад гашт ва тавре медонем, ин дӯстрӯякон ва волидайни онҳо бесаброна оғози соли нави таҳсили имсоларо интизоранд.
Ҳар яки мову Шумо метавонем ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии устодону омӯзгорон бовар карда, имрӯз дасти фарзандони худро ба дасти онҳо бидиҳему ба дунёи илму маънӣ ҳидоят созем. Маҳз робитаи мутақобилаи ҳамарӯза, масъулиятшиносӣ ва муносибати самимонаи волидону устодон барои касби дониш ва тарбияи дурусти ҳар як фарзанд таъсири мусбии худро мерасонад ва онҳоро ба қуллаҳои мурод, шукуфоии минбаъдаи Ватан ва дар ниҳоят ба эъмори Тоҷикистони боз ҳам рушдкардаву мутараққӣ роҳнамоӣ месозад, ки ин амал аз ормонҳои аслии Пешвои муаззами миллат маҳсуб меёбад. Дар ин кор ба майлу рағбати ба дониш, илм ва касбомӯзӣ равонашавандаи шогирдон, таваҷҷуҳу масъулиятшиносии падару модарон ва сидқан ба мактабу маориф, эҳтироми аҳли зиё, рушд додани соҳаи омӯзишу парвариш рӯ овардани тамоми қишрҳои ҷомеа умед баста, интизор дорем, ки аҳли илму маориф ва устодони соҳибзавқ барои ҳиссагузорӣ дар инкишофи давлату миллат, бахусус амалисозии сиёсати хирадмандона ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ширкат дар барномаву чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва оммавию маърифатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва деҳот масъулияти баланди созандагӣ эҳсос хоҳанд кард.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар навбати худ ин талошу ҷаҳд ва ҷоннисориҳои омӯзгорону устодон ва волидонро беподош намонда, пайваста дар масъалаи қадршиносии онҳо тадбирҳои судмандро рӯи кор хоҳад гирифт.
Бояд ҳар яки мо дуруст дарк намоем, ки алоқамандии мо ба мактабу соҳаи маориф ногусастанӣ асту ҳамарӯза ба самтҳои алоҳидаи ин соҳа сарукор хоҳем гирифт ва аз ин хотир бо истифода аз ин фурсати муносиб, мардуми маорифпарвари вилоят, махсусан устодону омӯзгорони гиромӣ, мураббияҳои кордону мушфиқ ва ҳамаи алоқамандони соҳаҳои илму маорифро бо оғози соли нави таҳсили 2022-2023, Рӯзи донишу Дарси сулҳ ва ҷашнҳои фархундаи миллии дарпешистодаи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбоду таҳният гуфта, барои ҳама тансиҳатӣ, саодати рӯзгор, тозакориҳову навгонӣ ва дастовардҳои боз ҳам баландтари илмиву эҷодиро таманно мекунам.
Соли нави таҳсил ва Рӯзи донишу Дарси сулҳ муборак, ҳамдиёрони азиз!
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад
Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид