ИСТИҚЛОЛИЯТ – ВОЛОТАРИН ОРМОНИ МИЛЛӢ
Ба истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имсол бори 31-ум мешавад, ки мо – мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон Парчами Истиқлолро боло бардошта, ба тамоми олам садо баланд менамоем, ки дар ҷумҳурии мустақил, озоду обод, демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ умр ба сар бурда, барои ояндаи дурахшони Ватани азизи худ пайваста кору пайкор ва ҷаҳду талош менамоем.
Барои ҳар як миллати соҳ ибтамаддун Истиқлоли давлатӣ волотарин ормони миллӣ маҳсуб меёбад. Ҳастӣ ва бақ ои ҳар як миллат аз Истиқлолият ва дар Истиқ лолият ба амал меояд. Роҳ ба сӯи Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон чандон ҳамвор набуд ва мардуми кишвар онро ба осонӣ ба даст наовардаанд. Истиқлолияти давлатӣ барои халқи тоҷик дар натиҷаи талошу муборизаҳои шадид, ки бешубҳа азобу шиканҷаро ба бор оварда буд, мушарраф гардид. Пойдорию устувории Истиқлолиятро фарзандони сарсупурдаи миллат бо баҳои ҷон ҳифз намуданд. Солҳои истиқлолият ба ҷаҳониён бори дигар исбот намуд, ки тоҷикони соҳибистиқлолу соҳибмарз дорои фарҳанги бою хиради созанда ва ибратомӯз низ ҳастанд.
Ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини он барои рушду нумӯи кишвар шароитҳ ои мусоид фароҳам овард, ки он ҳам пеш аз ҳама, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Истиқ лоли давлатии Тоҷикистон тақозо мекунад, ки шаҳвандони кишвар барои тараққ иёту ободии ояндаи кишвари худ бо иродаи мустаҳ кам ва содиқ она хизмат намуда, аз давлату миллати худ пуштибонӣ карда тавонанд.
Миллате, ки дорои истиқ лолияти миллӣ ва давлатӣ ҳ астанд, рӯ ба инкишофи маънавию фарҳ ангӣ ва сиёсиву иқ тисодианд, аммо зиёд қавму миллатҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди соҳ иби номи миллӣ будан ва дорои марзу бум ва фарҳ ангу забони муштарак будан, аз истиқлолияти комил маҳ руманд. Инсонҳ о ва қавму миллатҳо асрҳо барои истиқлолияти худ талош варзидаанд ва ҳатто ҷонбозию муборизаҳои хунинро аз сар гузарониданд.
Истиқлолият ин бузургтарин дороии ҳар миллат ва халқ аст. Миллати созандаи мо низ имрӯз соҳ иби ин неъмат мебошад, ки ормони ҳ азорсолаи наслҳои ин марзу бум буд. Сӣ сол пеш дар таърихи халқи тоҷик гардиши нав, баҳори нав омад, ки наслҳои имрӯзу оянда бояд ба қадри он бирасанд ва ба ояндагон як марзу буми озод, обод ва мутамаддинро ба мерос гузоранд.
Истиқлолият, бешубҳа аз бузургтарин дастовардҳои тоҷикистониён, тамоми миллат ва халқиятҳои сокини он ба ҳисоб рафта, дар фазои комилан нави сиёсию ҷамъиятӣ аз оғози эҳёи давлатдории миллии мо дарак медиҳанд.
Тоҷикистони мо рӯз то руз гул- гулшукуфон гашта истодааст. Зиндагии мардум пайваста рӯ ба беҳ будӣ овардааст. Сарвари давлат нисбат ба зиндагии мардум ва баланд бардоштани сатҳ и зиндагии онҳ о ғамхорона тамоми кӯшишу ғайрати хешро дареғ намедоранд. Махсусан, Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли зиё, илму адаб, маорифу маданият ва дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар таваҷҷуҳи бениҳоят зиёд менамоянд, ки ҳар як фарди ин сарзамин ҷавобан ба ин ғамхориҳои Роҳ бари давлат баҳ ри ободонию шукуфоии ватани азиз саҳми аразанда мегузоранд. Имсол низ мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол мегиранд.
Мардуми тоҷик тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳ ри он равона месозанд, ки ба қ адри ин неъмати бебаҳо, яъне Истиқлолият бирасанд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳ тарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақоми намоёнро пайдо карда, ба сарзамини ободу зебо табдил ёфта истодааст.
Истиқлолият ин озод будани ҳар як фард дар меҳани хеш буда, инсонро водор месозад, ки ба арзишҳои миллии ватани азизи хеш арҷ гузорад. Истиқ лолият ифтихору сарсабзӣ ва сарбаландии ҳ ар яки мост ва мо тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри он равона месозем, ки ин сарвати беназирро муқаддас дошта, ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки дар охири садаи ХХ ба вақ ӯъ пайваст, аз бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар тӯли ҳазор соли охир арзёбӣ мегардад. Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеоти бузурги сиёсӣ мақ оми махсусро ишғол менамояд, ки бо шарофати он дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо марҳалаи нави давлатсозӣ , созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт.
Вақте ки мо истиқлолият мегӯем, истиқлолият аз худи мо, хонаи мо, тафаккури мо, муносибату рафтори мо, саҳми мо ба ин миллат ибтидо мегирад ва баъдан ба истиқлолияти кул мепайвандад.
Истиқлолияти воқеӣ аз назари фардӣ он аст, ки як фардии озод дорои соҳиби ҷою манзил, маълумот, ҷои кор, маоши арзанда, давлати пояндаву сарзамини ободу осуда ва ояндаи хушбинонаи бозмондагонаш бошад.
Ба туфайли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми меҳнатқ арини тоҷик дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ , аз ҷумла, иқтисодиёт, маориф, фарҳанг, техникаву технология, энергетика, тиб, иҷтимоиёт ва самтҳои дигари мамлакат ба пирӯзиҳ о ноил гардида истодаанд. Баҳ ри рушду нумӯи созандагиву бунёдкорӣ , соҳибкорӣ дар шароити истиқлолият имкониятҳои фаровон ба миён омад. Истиқлолияти давлатии ҷумҳ урӣ ба мо ва фарзандонамон пеш аз ҳ ама, ба хондану илмомӯзӣ , соҳибкасбшавӣ ва зиндагиву ояндаи дурахшон умед бастан роҳ кушод. Истиқлолият ба мо озодӣ дод, ки он озодии пурраи фикру амал ва тафаккури шаффофи маънавию моддӣ мебошад. Дар ҳақиқат озодӣ барои инсон мисли обуҳаво чизи муҳиму муқаддас аст.
Сол аз сол дар сатҳи олӣ таҷлил гардидани рӯзи Истиқ лоли давлатии Ҷумҳ урии Тоҷикистон ва ба ҷашни умумихалқӣ табдил ёфтани он шаҳ одати он аст, ки мазмуну муҳ таво ва аҳ амияти он чӣ қ адар бузургу беҳ амто гашта истодааст.
Истиқ лолияти Тоҷикистон барои таҳ кими ҳ окимияти давлатӣ , таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳ ои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳ ои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ , дунявӣ ва хуқ убунёду ягона асос ва заминаи воқ еӣ ба вучуд овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таҳким ёфтани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ , ваҳдати миллӣ , сулҳу суботи саросарӣ хизматҳои шоиставу арзишманди мислаш диданашударо ба ҷо оварданд, ки ҳамаи ин дастовардҳ оро бояд ҳ ар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони азиз ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳои хатарҳои барои инсонияти ҷаҳони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм ва дигар амалҳ ои ношоиста саҳ м гузорад.
Халқи тоҷик бо меҳ нати шоиста 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ , ватандориву меҳ анпарастӣ бо дастовардҳои навин истиқбол мегирад. Ҳамзамон, таҷлили иди бузурги умумимиллӣ , Истиқлоли давлатӣ, ки ҷамъбасти як марҳилаи таърихи навини миллати тоҷик мебошад, барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҷашни фархундаву муқаддас ба шумор меравад. Бигзор, ормонҳои волои Истиқлолият илҳомбахши ояндаи нек, кору пайкор ва зиндагии ободу файзбори мардуми тоҷик гарданд.
Суҳроб Салимӣ , сардори шуъбаи назорати умумии
прокуратураи вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 2,