Бойгонӣ

Садоқати халқ ба Пешвои ваҳдатгаро

  Ҳамасола дар арафаи ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ насли худогоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз таърихи пурфоҷиаи миллату давлатдории хеш ёдовар шуда, насли ояндаи ватанро ба худгоҳиву ватандӯстӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҳифзи сулҳу осоиштагӣ дар кишварамон тарғибу ташвиқ менамояд. Зеро ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки баъди 8 даври музокирот дар кишварҳои гуногуни олам муяссар гардид, дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи наверо боз намуд, ки бунёдгузораш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. 
   Ҳамин сон, сарвари ҷавони кишварамон, ки зимоми давлатдориро бо шиори “Ман ба хонаи Шумо сулҳ меорам” ба даст гирифт, баъди солиёни ҷаҳду талош барои ба ҳам овардани ду сангари муқобил, Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ наҷот бахшид. Аммо ҷанги хонумонсӯз боиси ҳалокати зиёда аз 100 ҳазор қурбониён, беш аз 1 миллион гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ гардид. Хисороти иқтисодии он беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, илова бар ин раванди рушду пешрафти Тоҷикистони тозаистиқлолро нисбат ба дигар кишварҳои ҳамҷавор даҳсолаҳои қафо  партофт. 
Ҳаминак, бо гузори 25 соли баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Пешвои миллат натанҳо давлатро аз таҳдиди нестшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, балки бо фароҳам овардани зиндагии шоиста ба халқ ҳам Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд.
   Тавре шоҳидони он рӯзҳои даҳшатбор иқрор меоянд, аҳамияти бузургу беҳамтои сулҳу ваҳдати миллиро муҳоҷирону он гурезаҳои иҷборие бештар дарк мекунанд, ки азобу азияти ғурбатро чашидаву борҳо бо силоҳбадастони бехуну рӯй ва лаҳзаҳоти маргу мир рӯ ба рӯ шудаанд.
Зулайхо Ҳакимова, сокини Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш, аз зумраи модарони азиятдидаест, ки беҳтарин даврони ҳаёти худро дар солҳои нооромӣ аз даст додаву то расидан ба рӯзгори осудаву ором имтиҳони сангини ҳаётро паси сар кардааст.
   -Тирамоҳи соли 1992 мо аз хонадони шавҳарам, Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа имрӯза ноҳияи Хуросон гуреза шуда, аз ноилоҷӣ сӯи шаҳри Душанбе, ки баъзе сокинонаш ба дигар кишварҳо ҳиҷрат карда буданд,  раҳсипор шудем. Зимистони ҳамон сол ҳатто дар пойтахти кишварамон ҳам маводи ғизоӣ захира карда нашуда буд, ки сокинону бошандагони муваққатӣ ҳам аз норасоии ғизо нигаронӣ доштанд. Аз ин рӯ, мо дар хонаводаи хешу табори худ маскан шуда бошем ҳам, хотима ёфтани ҷангро бесаброна интизорӣ мекашидем, то ҳар чӣ зудтар ба деҳу хонаву дару худ баргардем,- аз даврони гурезагиҳо қисса оғоз кард Зулайхо Ҳомидова. 
   – Он   рӯзҳои сангинро, ки ба хотири ду дона нон ё як хлеб аз субҳи содиқ то поси шаб навбат поида, боз баъзан вақт дасти холӣ ба паноҳгоҳамон бармегарштем, фаромӯш накардаем. Ёд дорам, дар ҳамон шабу рӯз бо ташаббуси маорифпарварони шаҳри Душанбе ба муаллимаҳое, ки ҳамроҳи гурезаҳо дар шаҳр сукунат доштанд, кумакҳои гуногун расонида шуд. Он лаҳза бо ҳисси ифтихору сарафрозӣ аз касби омӯзгорӣ, назди худ ваъда дода будам, ки умр боқӣ бошад, ҳама ҳастии  худро ба кори таълиму тарбияи насли наврас мебахшам ва ҳамин тавр ҳам шуд.
   “Дар бозгашт аз Душанбе рост ба зодгоҳам деҳаи Сохтмони имрӯза деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш ба дидорбинии волидонам  баргаштам. Аммо дар ҷойи рустои зебову ободонамон тӯќайзору ҷо- ҷо хонаҳои сӯхтаву валангор, боғу марзҳои пур аз хору хаси аз беобӣ хушкидаро дида,  бовари кас намеомад, ки ин маконро аз нав ободу зебо карда тавонем. Зеро мардуми моҳҳо дар мусофират ба сар бурда,  ба ҷуз либоси тан, ҳатто як сӯзану риштае надоштанд, ки дарзҳои кушодаи абзори худро дарбеҳ намоянд. Мо гурезаҳои ба зодгоҳи худ баргашта кӯчаҳоеро, ки солиён дар ин ҷо зиндагонӣ доштем, намешинохтем. Чаро ки дар тӯли моҳҳои бекасӣ замину замони деҳотро дарахтони газу тӯғ ва дигар алафҳои ёбоӣ фаро гирифта буд. Бо ҳама норасоии нону ғизо нахустин кумакамон аз ҳукумати навтаъсис белу каланд буд, то дар баробари тоза кардани хонаву дар, инчунин, кишту кори заминҳои наздиҳавлигиву хоҷагиро низ оғоз бахшем.
   Бо ҳама шикасту талафоти бузург ва мушкилоти пешомади он давра мардум мамнун аз он буданд, ки дубора ба зодгоҳ ва хонаҳои худ баргашта, зиндагиро идома медиҳанд. Воқеан, дар он шабу рӯз таронаи “Бигзор гадо бошам, дар хоки Ватан бошам” таҷассумгари рӯзу рӯзгорони бисёре аз ҳамдеҳагони мо буд, ки ранҷу азоби ғурбатро чашидаву чӣ гуна дардовар будани дурӣ аз зодгоҳу ватани хешро аз  сар гузаронидаанд”. 
   Сокинони деҳаи Сохтмони Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш аз рӯзҳои аввали бозгашт ба деҳоти зист таҳти ғамхориву дастгириҳои роҳбари ҷавони кишвар қарор дошта, хонаву рустои худро аз нав ободу барқарор намуданд ва ба хотири аз заминҳои зархез рӯзии худро пайдо кардан камари ҳиммат бастанд. Бо мурури солҳо замину бахшҳои гуногуни кишоварзиро ба манбаи таъмини рӯзгори хеш табдил дода, аллакай аз баҳорони соли минбаъда бошандагони деҳоти Тоҷикобод воридкунандаи асосии маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои ноҳияву маркази маъмурии вилояти Хатлон ба ҳисоб мерафтанд. Дар ҳақиқат, ба қадри замину обу хоки водии зархези Вахш онҳое мерасиданд, ки бо ташаббуси хирадмандонаи Сарвари давлат аз ғарбиву муҳтоҷӣ дар кишвари бегона наҷот ёфта, ба Ватан баргардонида шуда буданд. 
   -Баъди бозгашт аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва оғози ҳаёти навин, ҷамъе аз сокинони деҳоти “Тоҷикобод” тавассути барномаи “Хоки Ватан” аҳли оила ва дигар хешу ақрабои худро даъват менамуданд, ки тезтар ба Тоҷикистон баргарданд,- иброз дошт дар идомаи суҳбат Зулайхо Ҳамидова. – Ёд дорам баъди бозгашти гурӯҳи аввали муҳоҷирони иҷборӣ ба деҳа, мо омӯзгорон тариқи суҳбатҳои хона ба хона наврасонро ба мактаб даъват мекардем. Рӯзи аввали он соли хонишро бо тоза кардани саҳни ҳавлии мактаб ва рӯзи дигар синфхонаҳоро аз чангу хок покиза карда, баъдан дарсҳоро оғоз намудем. Ҳаминак, давоми қариб сӣ соли  фаъолияти омӯзгорӣ дар радифи илму донишандӯзӣ, насли наврасро дар рўҳияи ватандӯстӣ, ҳисси эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти милливу давлатӣ, омӯзиши таъриху тамаддуни миллӣ ва корномаи фарзандони фарзонаи миллат тарбия намуда истодаем. Мо омӯзгорони шоҳиди ҳодисаҳои солҳои 1990-ум воқифгардонии насли наврасро аз воқеаҳо таърих, ба хусус, даврони  соҳибистиқлолии давлатӣ вазифаи ҷонии худ мешуморем. 
   Биноан, дар ҳама дарсҳои тарбиявӣ вобаста ба пешгирӣ аз хурофотпарастӣ ва дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа, ташаккули афкору  ақидаи ҷавонон ва роҳнамоии онҳо ба омӯзишу аз бар намудани касбу ҳунарҳои ҷавобгӯи замони муосир кӯшиш ба харҷ медиҳем. Пеш аз гирифтани иншои озод нахуст бо шогирдон атрофи мавзӯъҳои  инсондӯстиву  ватанпарастӣ, масъулияти ҳимояи марзу бум, саҳмгузорӣ дар рушду ободии Ватан ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол суҳбат ороста, сатҳи худшиносиву ҷаҳонбинии хонандагонро баланд мебардорем. 
   Натиҷаи ҷидду ҷаҳди ҳамешагии омӯзгорони МТМУ №39-и ноҳияи Вахш  аст, сол аз сол теъдоди донишҷӯён аз ҳисоби хатмкунандагон ба хусус, ҷавондухтарони ин муассисаи таълимӣ зиёд шуда, дар ин замина ҳузури бонувон дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ бештар ба назар мерасад. - Мо, насли солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, дар рӯзҳои ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ назди худ ваъда дода будем, ки ба Президенти кишварамон, ки ба хонаҳои мо сулҳ овард, содиқ мемонем, - мегӯяд омӯзгори собиқадори МТМУ №39-и ноҳияи Вахш Зулайхо Ҳомидова.

Юсуфи Собир, ноҳияи Вахш


Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019