Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БЕҲТАРИН САДАҚА ОН АСТ, КИ БАР НИЁЗМАНД РАСОНИДА ШАВАД
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода
ба муносибати Иди Қурбон
Ҳамдиёрони азиз!
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мардуми кишварамон дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳо аз озодии эътиқоди динӣ низ пурра баҳравар буда, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамасола иди мубораки Қурбон дар радифи ҷашнҳои бузурги милливу давлатиамон – Рӯзи истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Конститутсияи мамлакат ва Наврӯз таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадонатон файзу баракат ва ободиву нишот орзумандам.
ба муносибати Иди Қурбон
Ҳамдиёрони азиз!
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мардуми кишварамон дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳо аз озодии эътиқоди динӣ низ пурра баҳравар буда, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамасола иди мубораки Қурбон дар радифи ҷашнҳои бузурги милливу давлатиамон – Рӯзи истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Конститутсияи мамлакат ва Наврӯз таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадонатон файзу баракат ва ободиву нишот орзумандам.
Худованди меҳрубон иди Қурбонро барои мусулмонон рӯзи имтиҳону озмоиш қарор додааст, ки инсон саҳифаҳои сарнавишти худро варақгардон намуда, аъмоли хешро дар мизони адлу инсоф бармекашад. Муҳимтар аз ҳама, арзишҳои баланди мактаби одамият ва ғояҳои олии фарҳанги умумиинсониро ба мардум таблиғу ташвиқ менамояд.
Ислом, ки адаб ва панду насиҳат аст, ҳамаи пайравони онро мебояд дар ташаккули ахлоқи ҳамидаи ҷомеа саҳм бигиранд, зеро баровардани ҳоҷати ниёзмандон, ҳалли мушкилоти онҳо ва раҳо бахшидан аз душвориҳо, дур сохтани ғаму андӯҳ ва шоду хурсанд намудани бепарасторон аз ҷумлаи воҷибтарин амалҳост. Дар ҳадиси набавӣ омадааст: «Беҳтарин садақа он аст, ки бар ниёзманд расонида шавад».
Вазифаи муқаддаси ҳар як фарди мусулмон пеш аз ҳама одамонро ба дӯстию рафоқат, ҳамдилӣ, роҳнамоӣ ба меҳнати ҳалол, созандагию ободкорӣ ва анҷом додани дигар амалҳои хайр ташвиқ намудан аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят рӯзи 18 июни соли равон таъкид карданд, ки бобати риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, кам шудани маводи ғизоӣ ва болоравии босуръати нархҳо ба масъалаи истифодаи тамоми захираву имкониятҳо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила эътибори ҷиддӣ ва авалиндараҷа дода шавад.
Зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва оростани дастархони серхарҷу намоишкорона ҳангоми баргузор намудани ҳама гуна маросиму маъракаҳо ва махсусан дар рӯзҳои ид амали ношоиста мебошад.
Вобаста ба ин ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ бо дарназардошти ҳолати дар ҷаҳон бамиёномада аз қабили хукшксолӣ, норасоӣ ва қиматшавии маводи озуқа, афзоиши бекорӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ бобати сарфаю сариштакории рӯзғор таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо мақсади самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва таъмини захираи маводи дусолаи хӯрока тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.
Роҳбари давлат дар Паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон қайд намуданд: «Мо понздаҳ сол пеш маҳз ба хотири ба танзим даровардани анъанаву маросим ва расму оинҳои миллӣ аввалин қонуни миллиро қабул намудем. Раванди татбиқи қонуни миллӣ ва натиҷаҳои он собит сохтаанд, ки ин иқдоми мо дурусту саривақтӣ ва ба манфиати мардум мебошад».
Итминони комил дорам, ки сокинони шарафманди вилояти Хатлон аз исрофкорию зиёдаравӣ парҳез намуда, дар рӯзҳои ид бештар амалҳои хайру наку, саховатмандӣ, аёдати беморону муҳтоҷонро анҷом медиҳанд, фарзандонро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ, башардӯстиву илмомӯзӣ тарбия менамоянд.
Дар шароити мураккаби авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъи сарҳади давлатӣ имрӯза тақозо менамояд, ки барои ҳимояи марзу буми меҳан, пешгирии амалҳои ифротгароӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии насли имрӯзу фардои ҷомеа аз мактаби шуҷоату ҷавонмардии Роҳбари давлат таҷрибаи ватандӯстию хештаншиносӣ омӯхта, фарзандонро дар рӯҳияи баланди инсондӯстию меҳандӯстӣ тарбия намоем.
Мардуми сарбаланди кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳамаҷониба дида истода, шукрона аз соҳибистиқлолии кишвар маҳбубамон мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имсол зиёда аз 800 нафар сокинони вилоят дар қатори дигар мусулмонони ҷаҳон яке аз фаризаҳои дини мубини ислом ҳаҷҷи фарзиро ба ҷо оварда, шукронаи тинҷию оромии кишвари азизамонро мекунанд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии Иди Қурбон шодбош гуфта, ба шумо, пеш аз ҳама, тансиҳатию хонаободӣ, файзу баракат дар рӯзгор ва ба Тоҷикистони маҳбубамон шукуфоиву пешрафтро таманно менамоям.
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад
Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид