Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Оила - ниҳоди муқаддас
Сафаралӣ Ҳалимов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Кӯшониён.
Аз панди ниёгони бофарҳангамон бармеояд, ки хушбахтии мард ин ҳамсари хубу порсо ва фарзандони шоистаю солеҳ доштан аст. Ман аз он ифтихор дорам, ки аз зумраи чунин мардони хушбахту хуштолеам.
40-сол мешавад, ки ҳамсари бовафою олиҳаи зебо ҳамсафари ҳаётии ман аст. Аз зиндагии хушу хуррамона соҳиби 8 нафар фарзандони бомаърифат ва бонангу номусем, ки онҳо дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ баҳри ободию рушди босуботи кишвар кору фаъолият доранд. Ёд надорам, ки боре ҳамсарам ба ман бо қаҳру ғазаб ягон сухани носазо гуфта бошад. Худованд мардро барои зан ва занро барои мард офаридааст. Чун Одам(а) дар биҳишт ҳеҷ ҳаловатею роҳате намегирифт, Худованд барои вай Момо Ҳаворо офарид.
Ману ҳамсарам низ ба қавли шоир “Тифли ишқи поки Одаму Ҳавоем” ва ба ростӣ сарчашмаи хушбахтиҳои зиндагиамро аз зани мушфиқу ғамхорам медонам.
Тавре шоири хушбаён устод Мирзо Турсунзода гуфтааст:
Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.
Баъзан мушоҳида мешавад, ки дар баъзе оилаҳо зану шавҳар бо ҳам баҳсу ҷанҷол намуда, кинаву адоват меварзанд ва зиндагии худро то охири умр дилгиркунандаву тираву тор месозанд.
Аз ин рӯ, танҳо меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба якдигар зану шавҳарро ба ҳам дӯсти мушфиқ ва ёри дилсӯзу нисбат ба ҳамдигар ғамхору меҳрубон мегардонад. Ҳамин меҳру садоқат, фарзандони шоистаю солеҳ, гузоштани эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, иштироки хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва маърифати оилавӣ буд, ки соли 2017 дар Озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи намунавӣ” иштирок карда, соҳиби ҷойи аввал ва диплому ҷоизаҳои баланд гардидем.
Сангаҳмад Шарипов, комисари ҳарбии шаҳри Левакант.
Соли 2000-ум баъди хатми Донишгоҳи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри тақдир ва маслиҳати волидонам хонадор шудам. Ҳамсарамро, ки дар деҳа аз наздик мешинохтам, ба қавле чун шарики якумраи зиндагӣ интихоб намудам. Инак, 22 сол мешавад, ки зиндагии ширину фараҳбахш дорем ва аз ҳаёти хушбахтона соҳиби 4 фарзанд мебошем. Ҳамсарам, дар оилаи бомаърифат ба воя расидаву соҳиби хислатҳои неки инсонӣ- хоксорию меҳрубонӣ, ростгӯю ростқавлӣ, дилсӯзӣ ва одамдӯстӣ мебошад. Мо якдигарро дар ҳама ҳолат мефаҳмем ва мушкилоти пешомадро бо машварати якдигар ҳаллу фасл менамоем. Хушбахтона, модари фарзандонам зани порсо, боиффат ва бо шарму ҳаё аст, ки ин хоси духтарону занони тоҷик мебошад. Чи тавре шоир фармудааст:
Гар чӣ гул дар нозукӣ машҳур дар баҳру бар аст,
Хотири шарму ҳаё аз барги гул нозуктар аст.
Бо тақозои вазифаи корӣ мо кормандони мақомоти қудратиро тибқи зарурат ба шаҳру ноҳияҳои гуногун мефиристанд. Дар ин миён панҷ сол дар вазифаи комиссари ҳарбии ноҳияи Нуробод фаъолият доштам, якчанд моҳ боз ба тариқи гузариш ба шаҳри Левакант ба кор омадам. Аз сабаби надоштани манзили доимӣ зану фарзандам ҳоло ҳам дар ноҳияи Нуробод дар хонаи иҷора зиндагӣ доранд. Чун бо ҳамсарам садоқату вафодории қавӣ дорем, дар ҳолатҳои танҳоӣ ва аз ҳамдигар дур буданҳои муваққатӣ, сабру таҳаммулро имтиҳон мекунем.
Занро “Чароғи хонадон” мегўянд. Воқеан ҳам занон боиси хушбахтии мову фарзандон ва саодати зиндагианд. Аз ин ру, мо мардонро зарур аст, ки ҳамсарони худро ҳурмату эҳтиром намуда, ба қадри онҳо бирасем.
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН




