Бонувони “Мардикорбозор”

Ё зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

   Ин  бисту якумин баҳори умри вай аст, ки пеш аз тулӯи бомдодон аз остони худ баромада, пайи дарёфти ризқу рӯзї роҳ сӯи шаҳри Бохтар пеш мегирад. Чашми субҳ нодамида, аллакай Хайриннисо Ашӯрова  дар истгоҳи ба қавле “ мардикорбозор”-и шаҳри Бохтар ҳозир мешавад. Бо ҳама ранҷу машаққати роҳи аз деҳи “Қизилқалъа”-и ноҳияи Хуросон  то маркази вилояти Хатлон, корҳои сангини баъзан то шомгоҳон ва гоҳе заҳматҳои беподош, ки иддае аз корфармоёни беинсоф музди корашро намедиҳанд, ин бонуи заҳматкаш ба сахтиҳои иҷоракорӣ ё ба гуфте шуғлҳои нақдмузд  “унс” гирифтааст. “Солҳои аввал аз дамидани субҳ нороҳат мешудам, зеро аз ранҷи роҳу азоби корҷӯӣ хаставу бемадор шуда, гумон мекардам, ки дигар маҷоли ба роҳ баромадану то бегоҳ дар пойи худ устувор истоданро надорам,- аз овони навкориҳо дар мардикорбозор қисса дошт Хайриннисо. - Аммо бо мурури солҳо ба иҷрои корҳои нақдӣ одат карда, дар бозори мардикорон дӯстону дугонаҳои қарин ёфтам, ки ҳар яки онҳо барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба инҷо меоянд. Ба ростӣ,  мо дугонаҳое, ки дар рӯзҳои мушкили зиндагӣ якдигарро ёфтаем, дигар аз рӯзҳои истироҳатӣ хушамон намеояд. 
   Ба гуфтаи Хайриннисо  солҳои пешин истгоҳи  иҷоракорон дар як тангкӯчаи маркази вилоят буд, ки бо мурури афзудани шумораи корҷӯён барои мо ин нуқтаи назди Терминали мусофирбариро муқаррар намуданд. Баъдан, дар ин ҷо барои мардикорон соябон сохтанд, ки дар рӯзҳои барфу боронҳо ва мавсими гармо зери он паноҳ мебарем. 
 Имрӯзҳо дар бозори мардикорон баробари ҷавонмардон, инчунин духтарону занони аз 18 то 50-60 соларо мушоҳида мекунем, ки  рӯз то бегоҳ роҳи корфармоёнро интизорӣ мекашанд, то барои фарзандону пайвандонашон ризқу рӯзӣ дарёбанд. Мусаллам аст, ки бонувони корҷӯй маълумоти оливу касбӣ надоранд ва мушкилоти иқтисодии хонавода онҳоро водор намудааст, ки рӯ ба мардикорбозор биоранд. Ҳузури корҷӯён дар мардикорбозори шаҳри Бохтар аз соати 5 субҳ оғоз шуда, давоми рӯз шумораи занону духтарони корҷӯй 70- 80 нафар ва ҷавонмардон то ба 60 -70 нафар мерасад, ки дар ду ҷониби роҳ корфармоёнро интизорӣ мекашанд. 
  Ба гуфтаи мардикорон  ҳузури бонувон дар мардикорбозори шаҳри Бохтар муҳиту меъёрҳои иҷоракориро тағйир дода, акнун корфармоён дар интихоби неруи корӣ таваҷҷуҳи бештар ба бонувон доранд. Зеро занону духтарон иҷрои дилхоҳ корҳои нақдмуздро бо нархи нисбатан арзон розӣ мешаванд.
   Диловар Файзалиев, як тан аз мардони корҷӯй, ки солиён боз ризқу рӯзии худро аз мардикорбозор меёфт, иброз медорад, ки солҳои охир теъдоди занони корҷӯ афзуда истода, онҳо иҷрои корҳои сохтмониву заминдорӣ ва дигар шуғлҳои хоҷагидориро бо ҳақмузди паст қабул менамоянд. Ҳамин тавр, барои  мардон дарёфти кори ҳақмуздаш баланд имкониятҳо маҳдуд мешавад.  Борҳо шоҳиди ҳол мешавем, ки  корфармо ба ҷавонмардон барои иҷрои кори мушаххас 50 сомонӣ нарх мегузоранд, вақте мардҳо нархро болотар мегузоранд, бонувон ба хотири дасти холӣ ба хонаҳояшон барнагаштан ба зудӣ розӣ шуда, фармоишро мегиранд, - мегӯяд Хайриннисо. – Дар баробари қаноатмандии бонувони “мардкор”ва заҳмати софдилонаву тозакориҳояшон баъзан ашхосе низ пайдо мешаванд,  ки баъди анҷоми кор ҳақмузди занонро тибқи шарти гузоштаашон пардохт намекунанд, ё  умуман аз пардохи ҳақмузди онҳо мунсариф мешаванд.
  “Рӯзе як нафар корфармо омаду бо маслиҳати 50 сомонӣ рӯзи корӣ 5 нафари моро барои сангкашонӣ бурд. Он рӯз мо занону духтарони синну соли гуногун то бегоҳ корҳои вазнинро иҷро намудем. Аммо баъди анҷоми кор ба ҳар яки мо 30 сомонӣ пардохт карданду халос. Ҳарчанд ки  мо, бонувон асабонӣ шуда ҳаққи хизматамонро талаб кардем, аммо додамонро ба кӣ мегуфтем? Чунин ҳолатҳо аз ҷониби корфармоён зиёд мушоҳида мешавад, аммо дар ҳолати фиреби нохалафонро хӯрдан аз дасти занони муштипар чӣ кор меояд, чун “замин пасту осмон баланд аст”, - мегӯяд  Шоиста Раҳмонова яке аз корҷӯён.
  Мардикорбозори шаҳри Бохтар вижагиҳои дигар ҳам дорад, ки як мисоли он амалҳои хайру саховатмандии баъзе соҳибкорони инсондӯст аст. Дар арафаи иду ҷашнҳо ба монанди Истиқлолият, Иди модарон ва ба хусус, дар моҳи шарифи Рамазон иддае хайроти худро ба мардикорбозор оварда ба корҷӯён медиҳанд. Аз ин рӯ, одатан дар ин рӯзҳо сафи занону мардон зиёд шуда, баъзеи онҳо ҳатто фармоишҳои бо музди баландро ҳам қабул намекунанд. Ин гуна афрод ба хотири маблағи муфт дар мардикорбозор ҳузур доранд ва рӯз то бегоҳӣ зери соябони мардикорбозор интизори хайрхоҳону сарватмандон пинак мераванд. 
    Соли пеш дар рўзи Иди модарон барои 60 нафар занони корҷӯй аз тарафи як соҳибкори кишвар бо маблағи 1000 сомонӣ туҳфа карда буданд. Имсол бошад, дар рӯзи 8-уми март сафи занони корҷӯй ба 200 нафар расид, вале аз ҷониби ягон соҳибкор хайру туҳфае нарасид, - мегӯяд  Ситора Маҳмудова як нафар аз бонувони корҷӯй.
    Аммо Хайринисо Ашӯрова, ки солиёни зиёд аз баракати мардикорӣ ризқи худу фарзандонашро меёбад, ба мушкилу муаммоҳои печидаи мардикорбозори Бохтар одат кардаву дар бештар ҳолатҳо ҳиллаву найрангҳои баъзе нафарони фиребгарро нодида мегирад.Чун тӯли  солҳои мардикорӣ пастиву баландиҳои рӯзгорро паси сар намуда, ранҷу азоб, бекориву мушкилоти корҷӯён ва аз сӯи дигар, доромандиву сериву пурӣ ва муносибати корфармоёнро ҳам нисбати мардуми заҳматкаш имтиҳони зиндагӣ мешуморад. 
    Боре аз асари кор дар гармхонаҳо ва сардиву барфу боронҳои роҳи мардикорӣ буд, ки бемор шуда, ду моҳ бистарӣ будам. Фарзандонам намехостанд, ки дигар мардикориро идома диҳам, аммо баъди шифо ёфтан боз роҳ сӯи мардикорбозорро гирифтам, зеро бо хубу бади бозори мардикорон одат карда, дигар худро бе ин шуғл тасаввур карда наметавонам,- иброз дошт дар идомаи суҳбат Хайринисо.
   Давоми беш аз бист соли шуғли мардикорӣ писаронашро ба воя расонида, ҳамакнун ду писари ӯ дар Русия кор карда, ба оила даромад меоранд, аммо модар иброз медорад, ки то замоне солиму бардам бошам аз иҷоракорӣ канор намеравам. 
   Умуман, дар бозори “мардикорон”-и шаҳри Бохтар занону духтарони аз шаҳру ноҳияҳои гуногун ҷамъ мешаванд, ки ба хотири таъмини рӯзгор омодаанд корҳои гуногунро бо ҳақмузди нисбатан арзон иҷро намоянд. Зарина Аҳмадова баъди аз даст додани ҳамсараш маҷбур шудааст, ки ба хотири таъмини 4 фарзанди аз падар ятиммондааш дар қатори ҳамсояи худ Хайринисо Ашӯрова рӯ ба мардикорбозор биёрад. 
   “Шавҳарам 3-сол мешавад, ки бар асари бемории саратон аз дунё гузаштааст ва ману чор фарзанд бепарастор мондаем. Падарам барвақт аз дунё гузаштаанду модарам маъюб аст ва ягона неруи корӣ ман мондаам, ки бояд барои фарзандону модарам ризқу рӯзӣ ёбам. Роҳкирои ҳаррӯзаам то Бозори мардикорони шаҳри Бохтар омаду рафтан 20 сомонӣ аст, аммо баъзан рӯзҳое мешаванд, ки коре пайдо намешавад. Ҳатто имрӯз розиам, ки ягон кори ҳақмуздаш лоаққал 30 сомонӣ пайдо кунам, то барои рӯзи оянда роҳкиро дошта бошам”,- мегӯяд Зарина Аҳмадова.  

Хайрулло Саъдуллоев, коромӯзи “Сафо”


Похожие новости:
Добавить комментарий