Бойгонӣ

Ҷашни Сада мужда аз Наврӯз аст

Мо бояд мероси гаронбаҳои аҷдодонамонро то ба имрӯз ҳарчӣ бештару амиқ омӯхта, ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик баҳои воқеӣ диҳем, онро ба ҷаҳониён  дуруст муаррифӣ кунем ва ба решаҳои таърихиву фарҳангии худ арҷи бештар гузорем.
                                                           Эмомалӣ Раҳмон
   Идҳои миллии мо ниҳоят зиёданд, аммо ниёгони мо баъзе аз ин ҷашнҳои миллиро бо шукўҳу шаҳомати воло ҷашн мегирифтанд, ки онҳо асосҳои илмию кайҳонӣ доштанд. Яке аз ин маросимҳои бузурги миллӣ ҷашни Сада аст, ки рӯзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ- Баҳман қайд гирифта мешуд.
   Ҷашни Сада ба замони Ҳушанг, ки набераи Каюмарс аст, тааллуқ дорад. Ҳушанг дар баробари оне, ки кишту кор ва обёрии заминро ба мардум омӯхт, оташро падид овард. Ривоят аст, ки рӯзе шоҳ Ҳушанг зимни шикор бо аҳли дарбор мори бузургеро мебинад, ки сӯяш меомад. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯи мор  ҳаво медиҳад, аммо санг ба як санги бузурги роҳ бархӯрда, оташ падид меояд.
   Мувофиқи ривояте аз ”Шоҳнома”-и  Фирдавсӣ Ҳушанг ҷашни Садаро асос гузошта, минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта, ба он саҷда менамуданд.
  Гузаштагони мо дар иди Сада ҷашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва даври он рақсу сурудхонӣ мекарданд.
   Азбаски аз даҳуми Баҳман то ҷашни Наврӯз панҷоҳ шабу  панҷоҳ рӯз буда, ниёгони мо шаб рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ин санаро Сада ном ниҳодаанд.
   Сада то асрҳои XII ҷашн гирифта мешуд ва баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он- гулхан афрӯхтан, даври оташ базму хурсандӣ оростан ҳанӯз ҳам миёни мардуми мушоҳида мешавад.
   Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ дар байни мардуми ориёӣ оташ дар баробари обу хоку бод муҳимтарин унсури ҳаётӣ дониста мешуд.
Осмоно чанд гарди гардиши унсур бубин,
Об масту хок масту бод масту нор маст.
   Ҷашни Сада ғолибияти гармӣ аз болои сардӣ ба ҳисоб рафта, дар ин давра кишти баъзе зироатҳо роҳандозӣ мешавад. Дар ин шабу рӯз кишоварзон ба яхобмонии заминҳои кишоварзиву боғистонҳо  ва омода намудани майдони кишти зироатҳо машғул мешаванд.
  Бинобар андешаи баъзе олимон ҷашни Сада дар замони Каюмарсу Исфандиёр ва Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст:
Ҷашни Сада, амиро расми кабир бошад,
Ин оини Каюмарсу Исфандиёр бошад.
   Шоир Унсурии Балхӣ бошад чунин мегӯяд:
Сада ҷашни мулки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
   Ба муносибати ҷашни Сада шоҳону амирон ҷамъ меомаданд ва шоирон дар васфи ҷашни Сада шеърҳо эҷод намуда, дороёнро ба муруввату саховатмандӣ даъват менамуданд. Биноан,  гузаштагони бофарҳанги мо ҳар сол дар ин мавсим фарорасии ҷашни Садаро бесаброна интизорӣ мекашиданд.
   Мардум меваҳои тару тозаро маҳз барои рӯзи ҷашн дар анборҳою таҳхонаҳои махсус нигоҳ медоштанд. Дар кӯзаҳои заррин шарбатҳои ангубин гузошта, дар ҷомҳои тиллоӣ шаробу гулоб мерехтанд. Зоғу кабўтарон ва бошаҳоро дар арафаи ҷашн шикор карда, дар қафасҳо нигоҳ дошта, дар рӯзи ҷашн онҳоро барои шабафрӯзӣ истифода мебурданд. Тибқи маълумотҳои бостоншиносӣ ташаббускорони ҷашни Сада чормағзҳои дарунаш холикардаро бо пахтаи нафтолуд пур карда, бо ресмон дар пойҳои парандаҳо мебастанд. Зимни оташафрӯзи дар ҷашнгоҳ мардум чормағзҳои ба пои парандаҳо басташударо оташ зада, болдорҳоро ба ҳаво сар медоданд. Чун селаи парандаҳо ба осмон парвоз мекарданд, болои шаҳрро рӯшанӣ фаро мегирифт.
   Ҷашнгирии иди Сада ба санаи 30- 31-уми моҳи январ рост меояд. Мисраъҳои шеърии зерин шаҳодати гуфтаҳои болоянд:
Зи Фарвардин чу бигзашт моҳи Урдубиҳишт ояд,
Бимон Фурдоду Тир, он гоҳ Мурдодат ҳамеояд.
Пас аз Шаҳривару Меҳру Обону  Озару Дай дон,
Ки бар Баҳман ҷуз Исфандармӯз моҳе наафзояд.
   Ҷашни Сада то ҷорӣ шудани дини ислом, хусусан шурӯъ аз замони салтанати Ғазнавиён тадриҷан аз байн рафт. Ин ҷашнҳо бо гузаштани давраи  дуру дарози таърихӣ қариб, ки ба ҳукми фаромушӣ рафта буданд.
   Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари азизамон дар қатори дигар ҷашнҳои миллии бостонӣ– Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ҷашни Сада низ аз нав эҳё гардид. Бояд гуфт, ки ҷавҳари асосии ҷашни Садаро барафрӯхтани гулхан ва оташ ташкил медиҳад:
Оташ аст он боиси ною нест бод,
Ҳар ки ин оташ надорад нест бод.
   Воқеан ҳам Сада оини меҳрпарастӣ ва ҷашни бостонии ниёгони тамаддунофари мо буда, ба ҳаёти инсоният ва робитаи одамон бо табиат вобастагии зич дорад.
Ҳамин ҳаст, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон дар радифи дигар маросимҳои бостонии мардумӣ ҷашни Сада низ бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Мусаллам аст, ки ҷашну маросимҳои миллӣ мояи ифтихору сарфарозии ҳар як фарди баору номуси миллати куҳанбунёди мо ба ҳисоб меравад.
Аъзам Бобоев-узви Иттифоқи  Журналистони Тоҷикистон.


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019