Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
18 мар 10:22Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Мақолаҳо / Шеъру адаб
Пешвои миллат эҳёгари Наврӯз
“Аслан Наврӯз ва ҳикмату фалсафаи он бар пояи бузургдошт ва ситоиши инсон, сарфи назар аз мансубияти диниву мазҳабӣ ва мақоми иҷтимоӣ, баробарӣ, таҳаммулгароӣ, авфу бахшиш, оғози саҳифаи нав дар зиндагӣ ва дар маҷмуъ, сулҳу субот бунёд гардидааст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Халқи тоҷик ба монанди мардумони дигари олам дар ҳар чор фасли сол анъана ва маросимҳои хоси худро дошт ва дорад, ки бо ин хусусият аз халқиятҳои дигар фарқ хоҳанд кард. Солшумории воқеии тоҷикон аслан аз фасли зебои баҳор ва омад-омади Наврӯзи оламафрӯз оғоз мегардад.
Наврӯз яке аз маросимҳои куҳани тоҷикон ва мардуми эронитабор ба ҳисоб рафта, дар гузашти солҳо мавҷудияти худро ҳифз намуда, аз ҷониби қавму миллатҳои гуногун қабул ва эътироф гардидааст. Олимон, муҳаққиқон ва пажӯҳишгарон чунин ақида доранд, ки Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва ба Ҷамшеди Пешдодӣ ва аз он ҳам пеш ба Каюмарси Кӯҳшоҳ, ки аввалин шоҳ дар рӯи замин мебошад, нисбат медиҳанд.
Абурайҳони Берунӣ дар асари мондагор ва безаволи худ «Осор-ул-боқия» нисбати ҷашни мазкур ақидаҳои хешро баён карда, аз замонҳои қадим муҳим будани ин ҷашнро шарҳ додааст: «Ва дастаи дигар аз эрониён мегӯянд, ки Ҷамшед зиёд дар шаҳрҳо гардиш менамуд ва чун хост ба Озарбойҷон дохил шавад, бар сарире аз зар нишаст ва мардум ба дӯши худ он тахтро мебурданд. Ва чун партави Офтоб бар он тахт битобид ва мардум онро диданд, ин рӯзро ид гирифтанд».
Наврӯз баёнгари рӯзи тоза, рӯзи нав, эҳёшавии табиат мебошад. Дар ҳақиқат имрӯз, ин ҷашн дар саросари Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати махсусе ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз Наврӯзро дар тамоми чаҳон ҷашн мегиранд, аз ҷумла дар кишварҳое ба монанди Россия, Белоруссия, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистону Қазоқистон ва ғайра. Ҳар кадоми ин давлатҳо ҷашни мазкурро бо вижагиҳои махсуси худ иҷро мекунанд.
Фаро расидани ин ҷашни бостонӣ муждае аз баробар гардидани шабу рӯз, зинда шудани табиат, оғози соли нав ва мавсими киштукор мебошад. Баъд аз соҳибистиқлол гардидан, Наврӯз барои мо тоҷикон бисёр азизу гиромӣ гардид, зеро маҳз бо шарофати истиқлолу озодӣ мо анъанаҳои деринаи миллии худ, аз ҷумла Наврӯзро эҳё намудем.
Бо ҷаҳонӣ гаштани ин ҷашни бошукӯҳ рисолат ва мақоми он дар самти ҳамкориву табодули фарҳангҳо, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа ва миёни халқҳои ҷаҳон боз ҳам тақвият пайдо кард. Бо омад-омади Наврӯзи бостонӣ, мардуми шарифи Тоҷикистон дастурхони Наврӯзӣ меороянд, ба аёдати беморон мераванд, ҳамчунин, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ доир мекунанд. Тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист, ободу зебо гардонидани муҳити атроф аз ифлосиҳо, дур намудани нопокиҳо, туҳфа додан ба якдигар аз вижагиҳои махсуси Наврӯз аст, ки ба он ҳусни дучанд медиҳад.
Як ҷашни куҳан омад,
Озода бадан омад.
Наврӯзи Ватан омад,
Наврӯз муборак бод.
******
Ин шеъру суханро бин,
Шоҳию чаканро бин.
Бишкуфта чаманро бин,
Наврӯз муборак бод.
Ба гуфтаи муҳаққиқ Р. Раҳмонӣ: «Ҳоло шояд хонаводае, деҳае, ноҳияе, вилояте набошад, ки дар он ҷо Наврӯзро бо шаъну шукӯҳ ҷашн намегирифта бошанд. Мардум ба сайргоҳҳо, кӯчаҳо, боғҳо баромада, бо аҳли хонаводаашон ба шодиву сурури ҷомеа шарик мешаванд. Дар боғҳо, сайргоҳҳо, хонаҳо, дастархони Наврӯзӣ ороиш медиҳанд, ки дар он тамоми нозу неъмати дастрасбуда гузошта мешавад».
Дар ин рӯз ҷавондухтарон либосҳои миллӣ ба бар намуда, дастархони наврӯзӣ ороста, шеъру ғазалхонӣ менамоянд. Дастархони наврӯзӣ асосан аз “ҳафтсин” ва “ҳафтшин” иборат буда, инчунин дигар хӯрокҳои миллиро дар бар мегирад. Наврӯз хӯрокҳои махсуси худро дорад, ки дар саросари кишварамон пухта мешаванд ва аз ҳама маъмултарини он суманак мебошад. Ҳангоми суманакпазӣ занҳо ҷамъ шуда, мерақсанд ва бо навбат суманакро дар дегҳои калон кафгир мезананд ва ин сурудро мехонанд:
Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Суманак назри баҳор аст,
Милаи шабзиндадор аст.
Ин хушӣ соле як бор аст,
Соли дигар ё насиб.
Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Дар ҷашни Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили гӯштингирӣ, бандкашӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ, чавгонбозӣ, чиликбозӣ, бандпарак ва ғайра баргузор карда мешаванд. Дар ин айём хоҳони он ҳастам, ки ҳамаи он орзуву омоле, ки ҳар як фарди Тоҷикистон дорад, ҷомаи амал бипӯшад ва ҳамеша ин кишвари азизамон монанди баҳор сарсабзу хуррам бошад. Соли нави аҷдодӣ – ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак бошад.
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон фирӯз бод!
Абубакр Давлатов,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР




