Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Мактаб – интернат ба истифода дода мешавад
Раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Қувватзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки бо ташаббуси фонди хайриявии Арабистони Саудӣ бунёди мактаб – интернати ноҳия дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Қайд гардид, ки иншоот бо харҷӣ 8 миллион сомонӣ бунёд шуда, дар он 480 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Инчунин дар ноҳия бунёди як муассисаи таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст ва ду синфхонаи иловагӣ барои 48 ҷойи нишаст дар як баст ба охир расидааст, ки рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Боз дар назди 14 муассисаи таълимӣ сохтмони 103 синфхонаи иловагӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани 2200 хонанда дар як баст бо маром идома дорад.
Дар самти соҳаи тандурустӣ дар доираи ҳамкориҳои шарикӣ аз тарафи “Лоиҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон” таъмири асосии беморхонаи марказии ноҳия дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Он бо харҷи 9 миллион евро таъмир шуда, бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд.
-Соли гузашта 4 бунгоҳи саломатӣ сохта ба истифода дода шуда, 6 бунгоҳи саломатии дигар аз таъмири асосӣ бароварда шуд ва айни замон дар 9 маркази саломатии деҳотӣ таъмири асосӣ бо маром идома дорад, - гуфт Қурбоналӣ Қувватзода.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ПАНДИ МОДАР
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Гавҳари зиндагӣ
ВАТАН ДАР ҶОН


