Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Забони тоҷикӣ –баёнгари сарнавишти мо
Воқеан ҳам бақои ҳар як давлату миллат ба ҳифзу гиромидошти забони худи он миллат иртиботи ногусастанӣ дорад. Бо мақсади арҷгузорӣ ва рушди забони давлатӣ дар кишвари мо санаи 5 –уми октябр ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ҷамила Давлатова, сарвари МТМУ-и №1, ноҳияи Восеъ:
Дар ҳақиқат забони модарии мо яке аз забонҳои бонуфузи дунё буда,дар тӯли таърих монеаҳои бузургеро паси сар намудааст. Тибқи маълумотҳои коршиносон забони тоҷикӣ- форсӣ дар қатори 10 забони қадимтарини олам эътироф гардида, дар рушду нумӯи таърихи тамаддуни инсоният нақши арзанда гузоштааст. Боиси ифтихор аст, ки ба ғайр аз Тоҷикистон боз дар бисёр аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Эрону Афғонистон ва Ӯзбекистон (собиқ сарзамини таърихии Хуросону Мовароуннаҳр) мардум бо ин забони нобу ширин муошират менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханрониашон бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ гуфта буданд: «Мо ифтихор мекунем, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Бедил ва ҳазорон нафар бузургони дигар қалби ҷаҳониёнро бо ин забони ноб, яъне забони модариву давлатии мову шумо тасхир кардаанд». Мутаассифона, имрӯз дар кӯчаю бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ашхосеро рӯ ба рӯ шудан мумкин аст, ки ҳангоми муошират забони тозаю шевои тоҷикиро бо дигар забонҳо омехта намуда, ҳусну зебогии онро коста мегардонанд. Бо мақсади пешгирӣ аз ин ҳолатҳо ва ҳифзи забони модарӣ мо бо ташаббуси омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ҳамаи роҳраву китобхонаи муассиса гӯшаю навиштаҷотҳоро дар бораи забони тоҷикӣ насб намудаем. Дар МТМУ №1 -и ноҳияи Восеъ аз ҳисоби 9 нафар омӯзгорони фаъол комиссия оид ба забони тоҷикӣ таъсис дода шудааст. Инчунин, дар соли таҳсили гузашта зиёда аз 500 номгӯй китобҳои гуногунро аз осори адабиёти классикию муосири тоҷик ба китобхона ворид намудем. Имрӯз қарзи инсонии ҳар яки мо, меросбарони забони тоҷикӣ аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем ва онро ҳамчун гаронбаҳотарин сарвати миллати куҳанбунёдамон ҳифз намоем.
Зайтуна Сайфиддинова, корманди китобхонаи марказии ноҳияи Вахш Забони ҳар халқу миллат азизтарин, муқаддастарин сарват ба шумор рафта, нишонаи шинохтани миллат дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Забони тоҷикӣ баёнгари сарнавишти мо, ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати тамаддунофари мо ба ҳисоб рафта, ҳамчун яке аз забонҳои қадимаи дунё имрӯз манзалату ҳастии худро нигоҳ доштааст.
Хушбахтона, тӯли қарнҳои зиёде забони модарии мо ҳамчун омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз ҳам барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон хизмат менамояд.
Забон ва адабиёти тоҷик дар замони давлатдории Сомониён ташаккул ёфта, ба авҷи аъло расид. Аммо баъди заволи давлати Сомониён халқи тоҷик зеризулму истибдоди аҷнабиён қарор дошту барои ҳифзу равнақи забони тоҷикӣ ҷоннисориҳои зиёде намуд. Ҳамин тавр, дар замони Истиқлоли давлатӣ забони модарии мо мақоми давлатӣ пайдо кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони тоҷикӣ суханронӣ намуда буданд, ки ин муждаи Истиқлолият ва нишонаи ифтихору сарбаландии тамоми мардуми тоҷик мебошад. Таваҷҷуҳи пайвастаи Давлату Ҳукумат ба рушду таъмини мақоми забони давлатӣ доштани он ҳар яки моро водор месозад, ки ба забони модариамон эҳтиром гузорем ва онро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Тавре, ки шоираи маҳбуби мо Гулрухсор гуфтааст; «Марги миллат аз марги забон сар мешавад. Марги забон бошад, аз беэҳтиётии соҳибзабонон аст». Мо кормандони соҳаи китобдории ноҳияи Вахш дар китобхонаи марказӣ ва китобхонаҳои ҷамоатҳои деҳот, бо мақсади ҳифзу гиромидошт ва покиза нигоҳ доштани забони давлатӣ пайваста чорабиниҳо баргузор менамоем. Ба забони модариамон арҷ мегузорем ва аз он ифтихор дорем, ки забони модарии мо муаррифгари миллату давлатамон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Аъзам БОБОЕВ,
Рӯзноманигор

Дар ҳақиқат забони модарии мо яке аз забонҳои бонуфузи дунё буда,дар тӯли таърих монеаҳои бузургеро паси сар намудааст. Тибқи маълумотҳои коршиносон забони тоҷикӣ- форсӣ дар қатори 10 забони қадимтарини олам эътироф гардида, дар рушду нумӯи таърихи тамаддуни инсоният нақши арзанда гузоштааст. Боиси ифтихор аст, ки ба ғайр аз Тоҷикистон боз дар бисёр аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Эрону Афғонистон ва Ӯзбекистон (собиқ сарзамини таърихии Хуросону Мовароуннаҳр) мардум бо ин забони нобу ширин муошират менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханрониашон бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ гуфта буданд: «Мо ифтихор мекунем, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Бедил ва ҳазорон нафар бузургони дигар қалби ҷаҳониёнро бо ин забони ноб, яъне забони модариву давлатии мову шумо тасхир кардаанд». Мутаассифона, имрӯз дар кӯчаю бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ашхосеро рӯ ба рӯ шудан мумкин аст, ки ҳангоми муошират забони тозаю шевои тоҷикиро бо дигар забонҳо омехта намуда, ҳусну зебогии онро коста мегардонанд. Бо мақсади пешгирӣ аз ин ҳолатҳо ва ҳифзи забони модарӣ мо бо ташаббуси омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ҳамаи роҳраву китобхонаи муассиса гӯшаю навиштаҷотҳоро дар бораи забони тоҷикӣ насб намудаем. Дар МТМУ №1 -и ноҳияи Восеъ аз ҳисоби 9 нафар омӯзгорони фаъол комиссия оид ба забони тоҷикӣ таъсис дода шудааст. Инчунин, дар соли таҳсили гузашта зиёда аз 500 номгӯй китобҳои гуногунро аз осори адабиёти классикию муосири тоҷик ба китобхона ворид намудем. Имрӯз қарзи инсонии ҳар яки мо, меросбарони забони тоҷикӣ аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем ва онро ҳамчун гаронбаҳотарин сарвати миллати куҳанбунёдамон ҳифз намоем.

Хушбахтона, тӯли қарнҳои зиёде забони модарии мо ҳамчун омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз ҳам барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон хизмат менамояд.
Забон ва адабиёти тоҷик дар замони давлатдории Сомониён ташаккул ёфта, ба авҷи аъло расид. Аммо баъди заволи давлати Сомониён халқи тоҷик зеризулму истибдоди аҷнабиён қарор дошту барои ҳифзу равнақи забони тоҷикӣ ҷоннисориҳои зиёде намуд. Ҳамин тавр, дар замони Истиқлоли давлатӣ забони модарии мо мақоми давлатӣ пайдо кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони тоҷикӣ суханронӣ намуда буданд, ки ин муждаи Истиқлолият ва нишонаи ифтихору сарбаландии тамоми мардуми тоҷик мебошад. Таваҷҷуҳи пайвастаи Давлату Ҳукумат ба рушду таъмини мақоми забони давлатӣ доштани он ҳар яки моро водор месозад, ки ба забони модариамон эҳтиром гузорем ва онро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Тавре, ки шоираи маҳбуби мо Гулрухсор гуфтааст; «Марги миллат аз марги забон сар мешавад. Марги забон бошад, аз беэҳтиётии соҳибзабонон аст». Мо кормандони соҳаи китобдории ноҳияи Вахш дар китобхонаи марказӣ ва китобхонаҳои ҷамоатҳои деҳот, бо мақсади ҳифзу гиромидошт ва покиза нигоҳ доштани забони давлатӣ пайваста чорабиниҳо баргузор менамоем. Ба забони модариамон арҷ мегузорем ва аз он ифтихор дорем, ки забони модарии мо муаррифгари миллату давлатамон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Аъзам БОБОЕВ,
Рӯзноманигор
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
ДАР ШАШ МОҲ 18 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУДААСТ
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ҚИССАИ ЯК ЗИНДАГИИ СОДИҚОНА
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»