Бойгонӣ
Ноябрь 2026 (40)
Октябрь 2026 (48)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)

САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ ФУРУДГОҲ ДАР МАВЗЕИ САРИ ХОСОРИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН ГУЗОШТА ШУД


25.11.2026. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳамроҳӣ бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим барои бунёди фурудгоҳи хатти ҳавоии ҷамоати деҳоти Сари Хосор санги асос гузоштанд.
Бунёди иншооти муҳими инфрасохторӣ қадами муҳим дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, беҳтар намудани дастрасии нақлиётӣ ва тақвияти имкониятҳои иқтисодии ноҳияи Балҷувон ба ҳисоб меравад.
Мавзеи Сари Хосор бо табиати нотакрор, манзараҳои зебо, шаршараҳои дилфиреб ва захираҳои бойи табиӣ яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии кишвар маҳсуб меёбад. Ҳамасола таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин минтақа бештар мегардад.
Бунёди фурудгоҳ имкон фароҳам меорад, ки дастрасии сайёҳон ба ин мавзеи нодири табиӣ осонтар гардида, барои ҷалби бештари меҳмонони дохиливу хориҷӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.
Ин иқдом дар маҷмӯъ ба рушди устувори сайёҳӣ ва муаррифии имкониятҳои бузурги табиию сайёҳии вилояти Хатлон дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019