Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН. 302 НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ ВОРИД ШУДААСТ
Соли 2025 дар минтақаи фаъолияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, гардиши молии умумӣ арзиши гумрукии 530,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба соли 2024-ум панҷ миллион доллар зиёд мебошад.
Тавре сардори раёсати болозикр Эраҷ Ҳалимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, аз ҳаҷми умумии гардиши мол 273,2 миллион доллар ба воридот ва 257,6 миллион доллар ба содироти мол рост меояд.
Иттилоъ дода шуд, ки муносибати тиҷорати хориҷӣ бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба маблағи 113,1 миллион доллар сурат гирифта, аз ин маблағ бо низомҳои гумрукии содирот 30,5 миллион доллар ва воридот бошад 82,6 миллион доллар рост меояд.
Эраҷ Ҳалимзода дар идома афзуд, ки давоми соли гузашта дар воҳидҳои сохтории раёсат 957 адад воситаҳои нақлиёт ба расмияти гумрукӣ дароварда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2024-ум 161 адад зиёд мебошад. Аз 957 адад воситаҳои нақлиёти воридгашта, 302 адади он воситаҳои нақлиётӣ барқӣ мебошанд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН


