Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хатлон. Беш аз 1600 муҳоҷири меҳнатии бозпасгашта ба шуғл ва касбомӯзӣ ҷалб шуданд
Дар давоми соли 2025 аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии бозпасгашта 1672 нафар (1586 мард ва 86 зан) барои дарёфти ҷои кори муносиб ва касбомӯзӣ ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тавсия дода шуданд,- дар ин хучус зимни нишасти хабарӣ Исфандиёр Хайриддинзода, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Тибқи маълумот, аз шумораи мазкур 154 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, 78 нафар ба касбомӯзӣ, 18 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб шуданд. Ҳамчунин, 1414 нафар машварати касбӣ гирифта, 8 нафар бо истифода аз маблағҳои бефоизи мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул ва соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд.
Дар ҳамин давра ба 508 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди вилоят иҷозатномаи кор аз ҷониби Раёсат дода шудааст. Айни ҳол дар вилояти Хатлон 40 субъекти хоҷагидор дорои иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба қайд гирифта шуда, дар онҳо 781 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият менамоянд.
Ҳамзамон, дар ин ширкатҳо 7143 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор таъмин мебошанд, ки аз ин шумора 434 нафар муҳоҷирони меҳнатие ҳастанд, ки вурудашон ба кишварҳои хориҷӣ мамнӯъ шудааст.
М. Маҳмадалиев «Сафо»
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



