Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЗИЁДА АЗ 22 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРУ КАМБУДИҲОИ МОЛИЯВӢ ОШКОР КАРДА ШУД
Давоми соли сипаригардидаи 2025 аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар самти назорати давлатии молиявӣ дар 154 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои вилояти Хатлон тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шудааст.
Аз ин шумора 137 тафтишу санҷишҳо нақшавӣ ва 17 санҷиши дигар дар асоси гузориш ва супоришҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ роҳандозӣ карда шудааст.
Дар ин хусус сардори раёсати болозикр Аваззода Шараф зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда ба маблағи 22 миллиону 361 ҳазору 315 сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб дар натиҷаи чораҳои андешидашуда 22 миллиону 158 ҳазору 70 сомонӣ, ё 99,1 фоизи он барқарор карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар самти ошкори ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта дар ин давра 228 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шуда, аз шумора 71 ададашро ҷиноятҳои вазнин ва 8 адади дигар бошад ҷиноятҳои ба миқдори калон мебошад.
Маблағи зарар аз рӯи онҳо зиёда аз 4 миллион сомонӣ буда, то давраи ҷамъбастӣ 3 миллиону 771 ҳазору 937 сомонӣ ё 94 флизи он рӯёнида шудааст.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



