Бойгонӣ
Июль 2025 (6)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)

ВАҲДАТСАРОИ ДИЁР

Сулҳу ваҳдат пешаю рафтори мост,
Сози хуш дар нағмаҳои тори мост.
Ин мисраъҳои саршор аз меҳру муҳаббати ватандорӣ ба қалами ваҳдатсарои диёр, омӯзгор, журналист, адиб, ташаббускор ва маҳфилоро - сокини деҳаи Сафармади Ҷамоати деҳоти «Ватан» - и ноҳияи Фархор Абдулҳамид Давлатзода тааллуқ дорад. Ӯ тули беш аз 40 соли фаъолияти корӣ тамоми ҳастиашро пайи ободии диёр, тарбияи наслҳои ояндасози миллат, тараннум ва пойдории ваҳдат, таҳкими давлатдории миллӣ бахшидааст.
Соҳибватани асил ва инсони комил ба камол расида, иттиҳоду ҳамдилӣ, сарҷамъии миллатро атрофи парчами нангу номуси ватандорӣ, сиёсати давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама муҳиму афзалтар медонад.
Биё, эй ҳамватан, соҳибватан бошем,
Ба гирди хон якҷо мову ман бошем.
На хатлонӣ, бадахшонӣ, на мо суғдӣ,
Ба зери парчами мулки куҳан бошем.
Падараш Саидакрам Давлатзода (зиндаёд) ба сифати раиси ҷамоат, раиси хоҷагии Сангдараи деҳоти «Ҳаёти нав» адои вазифа намуда, миёни мардум ҳамчун ҳунарманд маҳбубияти хоса дошт, асбобҳои гуногуни мусиқӣ месохту худ маҳфилоро ва базморои тӯю маъракаҳои мардум буд. Хушбахтона, ҳама он асбобҳои мусиқии сохтаи падар дар хонадони фарзанд ва ҳамдеҳагоне, ки солҳои 50 - уми асри гузашта аз Ховалинги бостон ба Фархор муҳоҷир шуда буданд, имрӯз маҳфуз мебошанд.
Абдулҳамид Давлатзода дар ноҳияи Фархор, дар оилаи ҳунарманд ва деҳқони асил 25-уми апрели соли 1961 чашм ба дунёи равшан кушодааст. Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и ноҳияи Фархор, соли 1978 ба Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 1982 донишгоҳро сарбаландона ба итмом мерасонад. Дари илму дониш ва ҳунарро ба рӯяш дар донишгоҳи зикргардида устодони санъатшинос, профессорон, ходимони намоёни санъат боз менамоянд. Аз хатми донишгоҳ 43 сол сипарӣ гардид, вале тули ин солҳо ҳамсабақон аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар буда, дар маъракаҳо ва чорабиниҳои фарҳангии гуногун боҳаманд. Ин иттиҳоду сарҷамъии ҳамсабақон аз ташаббускории Абдулҳамид Давлатзода рӯи кор омадааст. Дар симои устод дӯстону ҳамкурсон пайванди меҳру муҳаббат ва дилҳои ташнаи дидорро мебинанд.
Аз солҳои 80-уми асри гузашта фаъолияти ӯ ҳамчун омӯзгори фанҳои суруд ва мусиқии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и ноҳияи Фархор оғоз ёфта, дар ин ҷода комёб гардид. Рисолати муаллимӣ – тарбияи наслҳои арзандаи миллатро содиқона барҷой овард. Шогирдони сазоворро ба камол расонд. Аз мактаби омӯзгорӣ ва эҷодии Абдулҳамид Давлатзода садҳо шогирдон, аз қабили Самариддин Асозода, Маҳмадалӣ Ҳамидзода, Рустам Урозов, Ҷамшеди Давлат сабақ гирифтаанд, ки имрӯз дар вазифаҳои масъул кор мекунанд ва номбардори устодон, мактаб ва ноҳияи худ маҳсуб меёбанд.
Абулҳамид Давлатзода фидоии касби хеш, як инсони заминӣ, соҳибзавқ, соҳибмаърифат буда, ин ватанро самимонаю содиқона дӯст медорад. Ӯро дар ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ ҳамчун муаллими асил, ҳунарманд, рӯзноманигор ва адиби нуктасанҷ мешиносанду ҳунар, эҷод ва шеъри ӯро эътироф мекунанд. Тули ин солҳо садҳо очерку мақолаҳои ӯ дар рӯзномаҳою маҷаллаҳои даврӣ, нашр шудаю дастраси хонандагон гаштаанд. Маҷмуаҳои шеърии ӯ бо номҳои «Пайки ватандорӣ», «Сӯзи қалам» ва «Борони меҳр» рӯи чоп омадаю мақбули хонанда гардидаанд.
Абдулҳамид Давлатзода узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи нишонҳои ифтихории «Аълочии маориф ва илми ҷумҳурӣ», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, борҳо бо диплому Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанг, Раёсати маорифи вилоят, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қадр гардида, миёни ҳамватанон, аҳли маорифу фарҳанг соҳибэҳтиром гардидааст.
– Банда, ояндаи дурахшони давлату давлатдориро дар симои ин сиёсатмадори варзида, фарзанди арзандаву фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинам, зеро Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди тоҷикони дунё буда, обрӯи давлату миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳз бо номи ӯ зич марбут мебошад. Аз ин нигоҳ муттаҳидию иттиҳоди халқ мақсаду мароми тарафайн мебошад, – бо арзи боварӣ ва эҳтиром ба Пешво таъкид дошт Абдулҳамид Давлатзода.
Ваҳдат аст оину кори тоҷикон,
Ваҳдат аст умре шиори тоҷикон.
Ваҳдатсарои диёр Абдулҳамид Давлатзода ҳамчун ташаббускор, коргардони барномаҳои телевизионӣ дар ҳамкорӣ бо телевизиони вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, масъулини ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ, бахусус, ноҳияи Нуробод, ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён ва Панҷ бо мақсади таҳкими давлатдории тоҷикон, пойдориву устувории ваҳдати миллӣ, густариши равобити дӯстона ва фарҳангӣ вобаста ба таҷлили сазовор аз ҷашнҳои миллӣ як силсила барномаҳои телевизионии фарҳангӣ, очеркҳои телевизионӣ оид ба кору пайкори шахсиятҳои арзандаву муътабар омода намудааст. Дар амалигардонии дастуру ҳидоятҳои ватанпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пайванди қавии мардуми минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.
Воқеан, барномаҳои ҳунарӣ – телевизионии муштарак бо иштироки аҳли зиё, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, санъаткорони варзидаи вилояти Хатлон (бахусус, ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён, Панҷ, Фархор), ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Нурободи водии Рашт таҳти номҳои «Сайри Рашт», «Ҷилваи ҳунар», «Созу рози дӯстӣ», «Сайри Вахш», «Ҷилои ҳунар», «Сайри чамани Дарвоз», «Зери ливои ваҳдат», «Ишқи Ватан», «Корвони шеъру савту суруд» ва таҳияи силсилаочеркҳои телевизионӣ аз ҳаёту рӯзгори одамони барӯманди диёр дар устувории пояҳои ваҳдати миллӣ, густариши ҳамкориҳои самарабахши аҳли фарҳангу ҳунар, зиё, шоирону рӯзноманигорони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон нақши муассир гузошт.
Паҳлуи дигари фаъолияти раиси гурӯҳи ташаббускорони деҳаи Сафармади Ҷамоати деҳоти «Ватан», раиси Ассосиатсияи волидону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и ноҳияи Фархорро корҳои ободонӣ, амалҳои хайру савоб фарогир мебошад. Чунин корҳои нек аз хиради азалии миллат ва ҳидоятҳои бунёдкоронаву инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифтааст.
Устод бо дастгирии ҳамдеҳагон, фарзандон, соҳибкорон нуқтаҳои тиҷоратӣ – мағозаҳо бунёд намуда, роҳро сангфаршу мумфарш ва чароғон карда, трансформатори нав васл намуданд. Кӯчаҳои деҳаи Сафармадро бо зерпояҳои оҳану бетонӣ таъмин карданд, албатта бо дастгирии лоиҳа, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои сеошёнаи мактаби замонавӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5, бунёди синфхонаҳои иловагӣ, кумак ба ятимон, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, хатнасури дастаҷамъона аз он амалҳои неки Абдулҳамид Давлатзода, фарзандони ӯ, ҳамдеҳагон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки имрӯз низ идома дорад.
Абдулҳамид Давлатзода замини файзбахшро самимона дӯст медораду аз он ду – се ҳосил ба даст оварда, ҳар ваҷабашро оқилона истифода мебарад. Боғи аз падараш меросмондаро ҷавон нигоҳ медорад, ниҳолҳои нави пайвандӣ оварда, дарахтони куҳнаро иваз мекунад.
Абдулҳамид Давлатзода соҳиби хонаву дари обод, 5 фарзанди баркамол буда, аҳли оила азми комил доранд, ки дар ободонӣ ва шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо нақши арзанда гузоранд.

Саидзода Шералӣ, ноҳияи Фархор
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД