Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
Имрӯз, 16 апрел, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, масъулони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Ҷаласаро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуданд, ки аҳли заҳмати вилоят, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баён намуданд, чораҷӯӣ карда, дар натиҷа нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2025 бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст карда шуд.

Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2025 маълумот доданд.
- Дар моҳҳои январ-марти соли 2025 нишондиҳандаи кутоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 6,2 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати рушди воқеъии он 8 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кутоҳмуддати рушди ҷумҳурӣ 20,2 фоизро ташкил медиҳад. Суръати рушди иқтисоди минтақа асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4,2 фоиз, кишоварзӣ 6,7 фоиз, гардиши савдо 18,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 8,6 фоиз, боркашонӣ 11,2 фоиз ва мусофиркашонӣ 8,4 фоиз таъмин гардид.
- Дар моҳҳои январ-марти соли 2025 нақшаи қисми умумии даромади буҷети вилоят 100 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 4,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
- Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба нақшаи пешбинишуда 12,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҷаласа аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз масъулони ниҳодҳои дахлдор ва раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳалталаб пурсишҳо сурат гирифта, ҳаллу фасли саривақтии онҳо талаб намуданд.

- Боварии комил дорем, ки мо фаъолон ва аҳли заҳмати вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон иброз намуданд, инчунин амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини сифатноки барномаҳои маҳаллию соҳавӣ, вусъати корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда, баҳри таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят тадбирҳои заруриро амалӣ менамоем, - афзуд раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.
Дар интиҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини нақшаҳои андоз, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, таълими ғайриқонунии динӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, вусъат додани корҳои ободониву созанддагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР» 13:25БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР 12:27Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 12:23ЁВОН. НАСБИ ГУЗАРГОҲИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР КӮДАКИСТОН 12:18Кӯлоб. Ба дӯконҳои нонпазии шаҳр ангишти ройгон тақдим карда шуд 15:03Хатлон. Маъракаи кишти пиёзу картошка оғоз шуд 15:26ЧАҲОР ШОҲҶОИЗА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" 14:43
Серхонандаҳо
2 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД.
БОХТАР. ДАР ДАҲ МОҲ 43 ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР
Хатлон. Маъракаи кишти пиёзу картошка оғоз шуд
Кӯлоб. Ба дӯконҳои нонпазии шаҳр ангишти ройгон тақдим карда шуд
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ТАҚДИМИ ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛЛАТ -"ШОҲНОМА"-И ҲАКИМ ФИРДАВСӢ БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
ЧАҲОР ШОҲҶОИЗА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"
ХУШХАБАР. ЧИЛ (КАБКИ ЗИРАК) ПАРАНДАИ СОЛИ 2026 ЭЪЛОН ШУД



