Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
30-СОЛИ ПЕШГИРӢ, ҲИФЗ ВА НАҶОТ
Таъмини зиндагии осудаи аҳолӣ, ҳифзи сарватҳои миллӣ ва ҳудуди кишвар аз офатҳои табиӣ яке аз самтҳои асосии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар як миллат, давлат ва мақомот таърихи ташаккулёбии худро дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, дар шароити мураккаби иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ 17 августи соли 1994 таъсис дода шуд. Эъмор ва ташкилкунандаи мақомоти мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар як муддати кӯтоҳ онро ба як мақомоти пешрафтаи мамлакат табдил дод, ки имрӯз мустақилона ҳифзи аҳолии кишварро аз ҳолатҳои фавқулода таъмин намуда, мақому мартабаи ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
Дар давоми даҳ соли охир ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо заминаи муосири моддию техникӣ таъмин гардидаанд. Афсарону хизматчиёни он дорои таҷрибаи баланди соҳавӣ ва касбӣ буда, вазифаҳои муҳими самти пешгирӣ, эътино ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногениро иҷро намуда истодаанд.
Солҳои охир таъсири манфии тағйирёбии иқлими сайёра ба Тоҷикистони азизи мо низ бараъло мушоҳида мегардад. Офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои техногенӣ афзоиш ёфта, зарари моддию маънавии онҳо ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар даҳҳо маротиба зиёд гардида истодааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳама тадбирҳоро баҳри ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ дар самти эътинои фаврӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода амалан иҷро намуда, лоиқи боварии аҳолии кишвар гардидааст.
Яке аз самтҳои баланд бардоштани фаъолияти Кумита дар кишвар, ин ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди он бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва давлатҳои шарикони рушд мебошанд. Имрӯз Кумита бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, созмонҳои ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва уқёнуси Ором, зиёда аз 30 кишварҳои хориҷӣ ва беш аз 20 ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Ҳадафи асосии ҳамкориҳо мусоидат ба рушди соҳа бо мақсади пешгирӣ ва паст кардани таъсири офатҳои табиӣ, инчунин расонидани кумакҳои ҳамаҷониба ба шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дидаанд, иборат мебошад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари расонидани кумак ба зарардидагони офатҳои табиии кишвар, ҳамчунин саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо расонидани кумакҳои башардӯстона ба давлатҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи ҷаҳон низ гузошта истодааст. Дар асоси супоришҳои Сарвари давлат, кумакҳои башардӯстонаро аз ҷумла, ба Ҷумҳурии Афғонистон ва Қазоқистон интиқол дода, бори аввал дар бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбии фалокатбори Ҷумҳурии Туркия дар соли 2023 дастаҳои наҷотдиҳии худро сафарбар намуда, ба аҳолии зарардида амалан дасти ёрӣ дароз намуда, обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дастгириҳои худ дар назди Кумита вазифаҳои мушаххас гузоштаанд, ки баҳри таъмини бехатарии аҳолӣ, ҳудуди кишвар ва иншооти муҳими стратегии мамлакат чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намояд. Бо иҷрои супоришҳои Cарвари давлат Кумита имконият пайдо кард, ки ҳифзи аҳолии кишварро таъмин намуда, дар кумаку дастгирии шаҳрвандони мамлакат мавқеи худро дар баробари дигар сохторҳои кишвар устувор намояд.
Чуноне Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд:
“Дар аксари ҳолатҳо пешгирии ҳолати фавқулода аз бартараф намудани он осонтар аст. Аз ин рӯ, ҳар як масъули соҳа ва махсусан аҳолии дар минтақаҳои хавфнок истиқоматкунанда бояд масъулиятшинос бошанд.
Таъкид месозам, ки чунин ҳодисаҳо барои ҳар як фарди бо нангу номус озмоиш ва имтиҳони ҷиддӣ буда, борҳо исбот гардидааст, ки мо якҷоя аз уҳдаи бартарафсозии онҳо бо сарбаландӣ мебароем”.
Кумита имрӯзҳо бо ҳама вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҳамкориҳои судманд дорад, то ин ки хатари офатҳои табиӣ коҳиш дода шуда, бехатарии аҳолӣ таъмин бошад. Ҳамасола тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, тамоми табақаҳои аҳолӣ ба омӯзиш ҷалб гардида, чорабиниҳои омодагӣ ва пешгирикунанда баҳри коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ гузаронида истодаанд.
Ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди кишвар аз ҳолатҳои фавқулода вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси Ватан ва хусусан ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мо ваъда медиҳем, ки вазифаи ба зимма гузоштаи худро сарбаландона иҷро намуда, дар ҳама ҳолат дар бари мардум бошем, зеро шиори мо пешгирӣ, ҳифз ва наҷот аст.
Абдусалом Ҷалолзода, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд