Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
Вақте сухан аз амну осоиш ва оромию ваҳдат, сулҳу субот, ободию шукуфоӣ, рушду пешрафти кишвар аст, вақте шодию нишоти пиру барно, хандаи беғаши кӯдакон, ободии ҳар кӯчаву хиёбон, иморати сар ба фалаккашида, боғҳои пурмеваю чаманистони гулафшону сарсабз ва лолазори ин диёрро мебинем, бешак пеши назар симои нуронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷилвагар мешавад.
Дарвоқеъ, дар симои нуронии ин абармарди миллат, фарзанди фарзонаву ҷоннисори халқи тоҷик, раҳнамои мардум ва билохира эҳёгари таърихи навини миллати тоҷик таҷассум ёфтааст. Зеро сарчашмаи ҳамаи корномаҳои сокинони ватандӯст, музаффариятҳои мо, дастовардҳои беназири таърихии миллати тоҷик ва Тоҷикистон бо номи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич марбут аст.
Насли калонсол ҳодисаҳои даҳшатбори солҳои 1990-уми асри гузаштаро хуб дар ёд доранд. Бахусус, вилояти Хатлон, ки дар он замон ба маркази даргириҳо табдил ёфта буд. Вазъи хатарноку қатлу куштор, вайрону валангор гаштани инфрасохтор, ба коми оташ рафтани деҳу хонаҳо, бесарпаноҳу ятим гаштани ҳазорон кӯдаки бегуноҳ ва садҳо мушкилу ҳодисаҳои нангину талхи дигар руҳия ва иродаи мардумро шикаста, ноумеду дилсард гардонида буд, ки ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотираҳо зудуда нахоҳад гардид. Он айём касе умед надошт, ки ин рӯзҳои пурфараҳу босаодат насиби мо мегардад ва дар ин кишвари ҷангзадаву хонадони тоҷику тоҷикистонӣ боз оҳанги шодию нишот танин меандозад.
Дар ҳамон вазъи ногувори сиёсиву даргириҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд гардиши тозаеро дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон боз кард. Дар ин Иҷлосияи таърихию сарнавиштсоз ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон монои нӯшдоруи қавие ба ҷисми афгору ноумеди миллат буд.
Маҳз хизматҳои беназиру хислатҳои наҷибу ҷасорати хоси Пешвои миллат, ҷоннисорӣ, заҳматҳои шабонарӯзӣ, аз худ гузаштанҳо, бахшишу авфи гуноҳҳо буд, ки дар кишвар сулҳи сартосарӣ таъмин ва дар дили мардум умед ба ояндаи дурахшон фурӯзон гашт. Аз ин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат байни мардум маҳбубият дошта, меҳраш дар қалби пиру барно маъво дорад ва ҳамагон дӯсташ медоранд. Ҳар сухани пурҳикмату Паёмҳои солонаашон роҳнамову ҳидоятгари мардум дар масири худсозиву ватансозист.
Мояи хуррамиву ҳам ифтихори мо, мардуми сарбаланди Хатлонзамин аст, ки дар шабу рӯзи ҷашнвораҳои бузургу таърихии миллату давлатамон сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба вуқуъ пайваст. Симои идонаи шаҳру навоҳии вилоят аз саъю талошҳои ватандӯстонаи мардум ба хотири истиқболи арзанда аз меҳмони олиқадр ва муҳаббати бепоёни сокинон ба Пешвои муаззами миллат аст. Чун ҳамеша, ин бор ҳам қудуми мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон пайки ободию сафо оварда, муждаи сарсабзию хуррамӣ, навои шодию сурур мерасонд.
Ба инобати хизматҳои бузурги Президенти мардумӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 16-уми ноябр дар кишварамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, дар ин рӯзи фархунда, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд, ба бунёди давлати соҳибистиқлоламон заминаи ҳуқуқиву воқеӣ гузошт. Дар ин Иҷлосия вакилон фарзанди фарзонаи миллатро ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуда буданд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари ҷавони мамлакат мардуми Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул карданд. Дар таърихи 16-уми ноябри ҳамон сол баъди ғолибият дар интихоботи президентӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд. Яъне, тамоми дастоварду комёбиҳо ва рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз хизматҳои ҷавонмардонаву фидокориҳои ватандӯстонаи фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Бинобар ин, шоиставу арзанда аст, ки 16-уми ноябрро ҳамчун рӯзи эҳёи Тоҷикистони навин, рӯзи саодати миллат ва оғози ҳаёти осоиштаву дурахшони мардуми Тоҷикистон таҷлил намоем.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Мирзосаидиён Латофат
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД



