Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БЕҲТАРИН МАКТАБИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ
Ватандӯстӣ эҳсоси волоест, ки дар қалби инсон аз кӯдакӣ маъво гирифта, дар муҳити хонаводагӣ, мактаб ва ҷомеа ташаккул меёбад. Яке аз ин васила ва ё ҷойгоҳи тарбияи ватандӯстӣ барои ҷавонон ин хизмати ҳарбӣ мебошад, ки онҳо масъулияти муҳофизи марзу буми Ватан буданро бар дӯши хеш мегиранд.
Хизмати Модар - Ватан барои ҳар ҷавонмард шараф ва қарзи фарзандӣ аст ва эшон бояд ба хотири ҳимояи марзу буми меҳани худ ҳамеша омода бошанд. Адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар вазифа ва масъулияти шаҳрвандӣ буда, дар ин баробар мактаби муҳими ҳаёт аст, шахсро обутоб медиҳад. Ин нуктаро бори дигар аз суҳбат бо Қурбонбек Сайдалиев – ҷавоне, ки хизмати ҳарбиро ба тозагӣ адо намудааст, бардошт кардем.
Қурбонбек зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Абдулло, Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Соли 2019 тариқи Маркази миллии тестӣ ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯи ихтисоси рӯзноманигор дохил шудааст. Замони донишҷӯӣ дар Идораи телевизион ва радиои Хатлон ба ҳайси мухбир ва дар Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин ҳамчун китобдор фаъолият намудааст. Донишгоҳро соли 2023 хатм намуда, бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегардад.
– Аз давраи хизмати аскарӣ хотираҳои зиёд дорам, ки ҳар лаҳзаи онҳо бароям азизу хушоянданд. Хизмат дар Артиши миллӣ ғурури ватандории ҷавононро боло мебарад. Бо ҳомии Ватан будан дар баробари оне, ки қарзи шаҳрвандии худро адо менамоем, ҳамчунин, ба ин васила сифатҳои нек, мисли ростқавлӣ, раҳмдилӣ, адолат ва имтиҳони тавонмандиро дар хеш ташаккул медиҳем. Банда қабл аз ба хизмати ҳарбӣ рафтан, дар хусуси муҳиту шароит дар қисмҳои низомӣ маълумоти носаҳеҳ доштам ва замоне ба қисми ҳарбӣ ҳозир шудам, боварӣ ҳосил кардам, ки хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон мактаби муҳимми ҷавонмардист. Зеро аснои хизмат дар қисми низомӣ ҳар рӯз ба машғулиятҳои таълимӣ ҷалб шуда, аз қабили машқу тамринҳои ҳарбӣ-варзишӣ, истифодаи дурусти яроқ, усулҳои ҷангӣ, амали сарбоз дар ҷанг ва мустақилона қарорҳои дуруст қабул карданро меомӯхтем. Яъне, хизмати Модар-Ватан андешаи маро ба муҳити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ комилан тағйир дод. Ҳоло бо ифтихор мегӯям, ки хизмати ҳарбӣ маро ҳамчун шахси мустаҳкам ва мустақил омода намуд, – бо ифтихор иброз медорад Қурбонбек.
Ба андешаи мусоҳибам Ватан танҳо сарзамин нест, балки мардум, хонавода, ҷомеа ва дигар арзишҳои бузург бо он тавъаманд, ки барои онҳо мо зиндагӣ мекунем ва қимати онҳоро аз ҳар чизе болотар мешуморем. Ҳар як лаҳзаи хизмати ҳарбӣ хоҳ осону хоҳ мушкил бошад, моро водор месозад, ки ба ҳадафи ягонаамон - ҳифзи Ватан ва дастгирии якдигар устувор бимонем. Аз ин лиҳоз хизмати ҳарбӣ беҳтарин мактаби тарбияи ватандӯстии ҷавонон мебошад.
Давоми хизмати ҳарбӣ Қурбонбек аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон дӯстони зиёд пайдо карда, ҳамакнун бо онҳо дар робита аст ва гоҳи суҳбат бо ҳамхизматҳояш ӯ ба дунёи хотираҳои сарбозӣ бармегардад.
Баъд аз адои хизмат ба зодгоҳаш баргашта, ҳоло дар Идораи телевизион ва радиои Хатлон ба ҳайси мухбир фаъолият дорад. Дар барномаҳои худ бо нафарони хизматдида суҳбатҳо ороста, андешаву таассуроти онҳоро ба ҷавонон мерасонад ва саъй дорад, ки дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ саҳме гузошта бошад. Мароми мисли ӯ рӯзноманигорони ҷавон низ тарғибу ташвиқи сиёсати давлат ва дар руҳияи шуҷоату ҷавонмардӣ ба воя расидани насли ояндасози ҷомеа аст. Аз ин хотир насли наврасу ҷавонро мебояд, ки бештар аз барномаҳои радиоӣ ва телевизионии кишварамон баҳравар бошанд.
Ба андешаи мусоҳиби мо, бо мақсади афзоиши ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мепайванданд, муҳим аст тарбияи ватандӯстиро дар хонаву муассисаҳои таълимӣ тақвият бахшида, меҳру муҳаббатро ба Ватан аз овони наврасиву кӯдакӣ дар қалби наслҳои ояндаи ҷомеа ҷой намуд. Албатта, бештари ҷавонони мо танҳо баъди ба хизмати ҳарбӣ рафтан моҳияти онро дарк мекунанд, аммо тарғибу ташвиқи маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз вазифаҳои ҳамешагии мо бояд бошад, ки натанҳо дар мавсими даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ, балки тамоми сол оид ба ин мавзуъ барномаву гузоришҳои таъсирбахшро таҳия ва пешкаши тамошобинон гардонем.
Ба хотири тақвияти андешаҳояш мусоҳиби мо суҳбатро бо як шеъри ватандӯстӣ ҳусни анҷом бахшид:
Мо насли Ориёӣ, аз дудаи Каёнем,
Чун Шераки далерем, чун Кова посбонем.
Аз мост Сому Рустам, Суҳробу ҳам Сиёвуш,
Дар роҳи ҳифзи меҳан, боло зи ину онем.
Ҳаррӯз дӯшмани мо, дар фикри қатл аммо,
Мо ин хабисҳоро, боло шудан намонем.
Душман агар биёяд, бо тиру ҳам туфангаш,
Мо дар баробари ӯ, ҳам тиру ҳам камонем.
Авлоди Сарбадорон, аз насли тоҷдорон,
Покиза аз хиёнат, мо халқи қаҳрамонем.
Маҳмадалӣ Саидхонзода
Добавить комментарий
Ахбор
3 ҷоиза дар “Парасту-2025” 16:37«Фарҳанги мутолиа омили рушди устувори ҷомеа ва инкишофи тафаккури эҷодӣ» 16:31Беш аз 9 миллион гулу гулбуттаҳо шинонида мешавад 16:01Зиёда аз 717 ҳазор дарахт шинонида шудааст 11:50Фестивали вилоятии гулҳо-"Сайри гули лола" 16:21ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Хатлон. Дар майдони беш аз 9 ҳазору 900 гектар пиёз кишт шудааст
Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид