Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ – АРЗИШМАНДТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ
Истиқлолияти давлатӣ, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст, дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб рафта, барои халқи тоҷик ва мардуми кишвар асри наву эҳёи давлатдории миллӣ ва ислоҳотҳои бузурги сиёсиро фароҳам овард.
Яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлолият аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Дар оғози соҳибистиқлолӣ, мутаассифона, аз сабаби мудохилаи қувваҳои беруна, гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида. Хушбахтона, баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ва ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ, сарвари давлати тоҷикон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор дар роҳи истиқлоли комили миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузошта шуд.
Тоҷикистони азизи мо баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар самти сиёсати хориҷӣ роҳи сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифта, аъзои ташкилоту созмонҳои бонуфузу байналхалқӣ, аз қабили СММ, САҲА, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки исломии рушд ва дигар субъектҳои фаъоли байналхалқӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Бо шарофати сулҳ ва истиқлолият кишвари азизи мо- Тоҷикистони биҳиштосо рӯз то рӯз ободу зебо гашта истодааст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад.
Воқеан, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 33 – сола дорад, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир бахшид. Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгарди ба мисли “Роҳи мошингарди Бадахшон”, “Нақби Истиқлол”, “Роҳи оҳани Душанбе- Кӯлоб”, бунёди неругоҳҳои бузурги аср – НБО-и Роғун, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки “Ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пурмасъулият аст”. Аз ин рӯ, вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Имсол мо 33-солагии Истиқлолияти давлатиамонро ҷашн мегирем. 33 – сол дар назди таърих як лаҳза аст, вале барои мо тоҷикон 33 – сол қимати чандин асраро дорост.
Бинобар ин, бо дарки моҳияти соҳибистиқлолӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангиву миллӣ ва дар арсаи ҷаҳон ҳамчун миллату давлати соҳибихтиёр эътироф шудану муаррифӣ гардидан, иқболи баланду саодати бузургест, ки ҳар як фарди ватандӯстӣ миллатро водор менамояд, то Истиқлолияти давлатиамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои Тоҷикистони биҳиштосоямон содиқона хизмат намояд.
Бахтовар Шарипов – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР
ШАРАФ БА ПЕШВО



