Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИСТИФОДАИ БАРНОМАИ «ПАРДОХТИ ҲУШМАНД»
Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Шарафҷон Чиллазода, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон
-Мақомоти адлияи вилоят баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чӣ тадбир андешида истодааст?
-Бо эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” масъулияти мо, роҳбарон ва кормандони мақомоти адлия дар тарғибу ташвиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҳарвақта дида бештар гардид.
Нахуст, бо мақсади фаҳмонидани ҳадаф ва моҳияти “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо иштироки нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатӣ ва мудирони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо семинар – машваратҳо гузаронида шуд. Дар ин омӯзишҳои касбӣ, ки 15 маротиба ташкил ва роҳандозӣ гардид, бо навбат кормандони аксарияти марказҳои адлияи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Пайваста аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии Раёсати адлия, нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатӣ, масъулини бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо қишрҳои мухталифи ҷомеа доир ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи ҳатмии бандҳои он суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешавад, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос кунад.
Ҳамчунин, баҳри иҷрои “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020-2030” тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Бо ҳамин мақсад Раёсати адлияи вилоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол гардида, дар фейсбук бо номи “Мақомоти адлияи Хатлон” саҳифаи худро кушодааст, ки дар он ҳамарӯза маводи иттилоотию маърифатӣ ва ҳуқуқӣ гузошта мешавад.
-Соли гузашта бинои нави Маркази адлия дар шаҳри Норак ба истифода дода шуд. Оё ин иқдом дар дигар навоҳии вилоят низ идома дорад?
-Ба ифтихори 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ Раёсати адлия ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тасмим гирифтааст, ки тадбирҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида, иншооти соҳаро таъмиру тармим ва азнавсозӣ намояд.
Ҳамин тавр бо навбат марказҳои адлияи якчанд ноҳия аз таъмири пурра бароварда шуда, сохтмони бинои Мақомоти адлия дар ноҳияи Фархор дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Ҳамчунин, бо дастгирии Вазорати адлияи кишвар Раёсат, марказҳои адлия, идораҳои нотариалии давлатӣ, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо таҷҳизоту лавозимоти муосири корӣ таъмин карда шуда, ба мутахассисони соҳа шароити муносиб фароҳам гарида истодааст.
-Раёсати адлия истифодабарии барномаи «Пардохти ҳушманд»-ро (Smart Pay) аз кай оғоз мекунад?
-Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 1-уми августи соли ҷорӣ дар Раёсати адлияи вилоят, Марказҳои он дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла бахшҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Идораҳои нотариалӣ пардохти хизматрасониҳои давлатӣ бо усули нав сурат мегирад.
Мақомоти адлия истифодабарии барномаи «Пардохти ҳушманд»-ро (Smart Pay) дар фаъолияти кории худ ба роҳ монда, шаффофияти амалиёти молиявӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсониро дар сохтори худ таъмин менамояд.
Дар ҷараёни татбиқ ва ҷорӣ намудани барномаи «Пардохти ҳушманд» дар фаъолияти мақомоти адлия амалиёти пардохти ғайринақдӣ бо ёрии системаҳои пардохтии бонкҳо (кортҳои бонкӣ, замимаҳои мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ, терминалҳои хизматрасонӣ, QR-рамзҳои пардохтӣ) ба анҷом расонда мешаванд.
Барномаи «Пардохти ҳушманд» на танҳо барои қабули пардохтҳо, балки платформаи автоматикунонии ҳуҷҷатгузории корхона барои қабули аризаҳои шаҳрвандон ба таври электронӣ, коркард, таҳлил ва сабти маълумот мебошад.
-Аз маълумотҳо бармеояд, ки Мақомоти адлия “Апостил”-гузории ҳуҷҷатҳоро низ ба роҳ мондааст. Лутфан ин мафҳумро шарҳ медодед ва мегуфтед, ки апостил барои чӣ лозим аст?
-Апостил шакли байналмилалии стандартизатсияшудаи пур кардани маълумот дар бораи қонунӣ будани ҳуҷҷат барои пешниҳоди он дар қаламрави кишварҳои иштирокчии Конвенсияи Гаага мебошад.
Апостил аслӣ будани имзо, муҳр ё штампи ҳуҷҷати расмиро тасдиқ намуда, дар шакли чопӣ, ки бо муҳр ва имзои шахси мансабдори мақомоти ваколатдор барои апостилгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дода мешавад.
Мақомоти адлия муроҷиати шаҳрвандонро вобаста ба гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳои расмии содиротии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, мақомоти истеҳсолоти иҷро ва мақомоти прокуратура баррасӣ менамояд.
Апостил ба ҳуҷҷатҳои расмии содиротии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, мақомоти истеҳсолоти иҷро ва мақомоти прокуратура гузошта мешавад.
Мақомоти адлия ба намудҳои зерини ҳуҷҷатҳои расмӣ апостил мегузорад:
Ҳуҷҷатҳо аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ – шаҳодатномаи таваллуд, шаҳодатномаи вафот, шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ, шаҳодатномаи фарзандхонӣ, шаҳодатнома дар бораи иваз намудани ном, номи падар ва насаб, шаҳодатномаи муқаррар намудани падарӣ, маълумотнома дар бораи дар ақди никоҳ набудан ва маълумотномаҳои дигар.
Ҳуҷҷатҳои аз тарафи нотариусҳо додашуда – шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос, шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар, розигӣ барои сафари кӯдак, розигии зан ё шавҳар барои бастани аҳде, ки тасдиқи нотариалиро талаб мекунад, шаҳодатномаи тасдиқкунандаи дар ҳаёт будани шахс, нусхаҳои ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташудаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда, тарҷумаи ҳуҷҷатҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшуда ва ғайра.
Ҳуҷҷатҳои мақомоти судӣ ва мақомоти истеҳсолоти иҷроия – варақаи иҷро бо қайд дар бораи иҷрои ҳукми суд, санадҳои судӣ: (ҳалномаи суд, ҳукмҳои суд оид ба парвандаи ҷиноятӣ, қарори суд, таъйиноти суд, фармони суд), варақаҳои иҷрои дар асоси санадҳои судӣ дода шуда, варақаҳои иҷро, ки судҳо дар асоси қарору ҳалномаҳои судҳои ҳакамӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд ва ғайра.
Ҳуҷҷатҳои мақомоти прокуратура - қарори прокурор, амри хаттии прокурор, эътирози прокурор, пешниҳоди прокурор ва ғайра.
Амонулло Бахтиёрзода
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД