Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хурофот. Чаро ба сеҳру ҷоду бовар мекунанд?
“Хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад”
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯзҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди илму техника инсоният ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст, ки илми муосир тамоми ниёзмандиҳои инсонро ҳам аз лиҳози моддӣ ва ҳам аз лиҳози маънавӣ бароварда истодааст.
Вале мутаасифона, дар ҷомеаи мо боз ҳастанд нафароне, ки дар миёни мардум заминаҳои асосии пайдоиши хурофотгароӣ, таассуб, тафриқаандозӣ, тақлид ва тундгароиро ба вуҷуд меоваранд.
Танҳо дар давоми як моҳи охир дар раванди муборизаи беамон бар зидди ин гуна амалҳои хурофотӣ ва мардумфиребона аз ҷониби кормандони милитсияи вилояти Хатлон беш аз 50 ҳолати машғул шудани шаҳрвандон ба сеҳру ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкору муайян шудааст.
Новобаста аз таъсиррасониҳои ҳуқуқӣ ва андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ, ин нафарон дидаву дониста даст ба фолбиниву ҷодугарӣ зада, ин амали мардумфиребона ба як манбаи даромади онҳо табдил ёфтааст.
Мусаллам аст, ки шахсони ба худ нобовар, сустирода ва тарсу бештар ба назди фолбинҳо мераванд. Инсоне, ки ба ақлу заковат, донишу таҷриба ва иродаи худ эътимод дорад, ҳеҷ гоҳ ба фолбин – ин нафарони қаллобу ҷоҳил ва дуруғпардозу бетақво муроҷиат нахоҳад кард.
Хурофот аз нигоҳи дини Ислом
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори Раёсати фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дини мубини Ислом зидди сеҳру ҷоду буда, ба эътиқодмандони он назари манфӣ дорад ва ин аъмоли нопок аз ҷониби афроди эътиқоди заифдошта иҷро мегардад.
-Шахси дорои эътиқоди комил ҳеҷ гоҳ ба назди соҳир ё ҷодугар намеравад. Зеро китоби муқаддаси Қуръон ин падидаи номатлубро маҳкум намудааст. Ҳар мушкиле, ки пеш меояд, имтиҳони Худованд ба бандааш аст. Аз ин рӯ, такя ба Худованд намуда, танҳо аз Ӯ ҳалли мушкилотро талаб кардан лозим. Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки пайғамбар (с) фармудаанд: “Ҳар касе пеши фолбине биравад ва гуфтаҳои ӯро тасдиқ намояд, бар он чи ба Муҳаммад (с) нозил шудааст, куфр варзидааст”, - мегӯяд Ҷ. Хомӯшӣ.
“Хурофотпарастӣ хавфи бузурге дар пай дорад”
-Хурофотпарастӣ барои насли имрӯз ва фардо таъсири манфӣ дошта, хавфи бузурге дар пай дорад, - мегӯяд Офоқ Қодириён, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дихилӣ дар вилояти Хатлон.
-Инсони хурофотпараст ба амалҳои беақлона ва бедалел такя карда, онро мавриди боварӣ ва эътимод қарор медиҳад. Чунончӣ, як тоифа шаҳрвандон ҳамчун ашхоси гумроҳ, ба истилоҳ "корафтода" ва "муштарӣ", ки бозори коҳинонро гарм нигоҳ медоранд, ба ваъдаҳои беасоси шахсони ҷодугару сеҳргар, фолбину ҷодубарор ва ингуна ашхоси мардумфиреб, ки гӯё, метавонанд бо иҷрои амалҳои хеш ояндаи дурахшонро таъмин кардаву тақдирро тағйир диҳанд, бовар мекунанд.
Дар амалиёти охире, ки аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дихилӣ дар вилояти Хатлон гузаронида шуд, зимни азназаргузаронии манзилҳои истиқоматии дастгиршудагон миқдори зиёди ашёҳои барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ истифодашаванда, шамъу испанд, доира, тозиёна (қамчин) ҳамчунин расму суратҳои бо сӯзан сӯрохшудаи шаҳрвандон, варақпораҳо бо навиштаҷоти арабӣ (дар аксар ҳолат худи соҳиру фолбин маънии навиштаҷоташро намедонад) далелҳои хурофотӣ ба монанди "чилбанд", "чашмбанд", "кӯрхат", "тӯмор", "таштоб", "оби қайтарма" ва ғайра ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд. Дар натиҷа нисбати ҳамаи дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд, - гуфт Офоқ Қодириён.
Ӯ дар идома афзуд, ки имрӯзҳо мардуми солимфикри ҷомеаро мебояд дар якҷоягӣ тамоми унсурҳои хурофотии дар зеҳни баъзе аз ашхоси ноогоҳ рушдёфтаро решакан карда, ба амалҳои қаллобону мардумфиребон нуқта гузошт. Зеро бо бесаводӣ, хаёлпарастӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар арсаҳои мухталифи ҳаёт ғайриимкон аст.
Қонунгузорӣ чӣ мегӯяд?
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала тадбирҳои ҳуқуқӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла дар моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ омадааст, ки барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад. Мувофиуи банди 1-и ин модда барои машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ҷарима ба андозаи аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст. Дар сурати такроран дар давоми сол даст задан ба ин кор ҷарима ба андозаи 60 – 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ мешавад.
Инчунин барои пурзур кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ барои чунин қонуншиканиҳо ба қонунгузории мамлакат тағйиру иловаҳо пешниҳод шудааст. Тибқи ин тағйирот барои шахсоне, ки ба сеҳру ҷоду, фолбинӣ, тумору таштобдиҳӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул мешаванд, ҷазо дар намуди кор ба муҳлати 6 моҳ таъин карда мешавад.
Хулоса
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат зикр кардаанд, ки “Худованд бандаро ҳаст кардааст, ақл додааст, чашм додааст, обу хоку заминро дар ихтиёраш гузоштааст, ки зиндагӣ кун, аз ин дунё баҳра бар, ақлатро кор фармо, ба замона мутобиқ шав, пойбанди хурофот нашав, илм омӯз, касб омӯз, ҳунар омӯз ва зиндагиатро пеш бар.”
Пас ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори хеш намуда, ба чунин афроди мардумфиреб бовар накунад, балки ба ақли солими хеш такя созад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ