Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Иқдомҳои наҷиби ватандӯстона
Ҳувияти миллӣ, меҳри зиёди Ватан оилаи нобиноеро дар шаҳри Левакант водор намуд, ки ягона писари хонаводаашро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равон намояд.
Падар тасмим гирифт, писар қабул кард...
Бино ба нақли Сулаймон Тураев, раиси Ҷамоати деҳоти “Гулистон” – и шаҳри Левакант акои Нодир қабл аз он, ки писарашро ба аскарӣ сафарбар намояд, ба фарзандаш мақсадашро фаҳмонидааст. Писар низ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонпайвастанро барои худ шараф дониста, бо азми дил ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд.
-Мо борҳо дар чорабиниҳои сатҳи баланд, аз амали мардонаю меҳанпарастонаи акои Нодирро ҳарф задаем, – мегӯяд Сулаймон Тураев, раиси Ҷамоати деҳоти “Гулистон”. – Ӯ воқеан барои аксарият намунаи ибрат аст, зеро нобиное, ки яккаписари худро ба хизмати Ватан- Модар ҳидоят кардааст. Мутаассифона, баъзан мушоҳида мешавад, ки дар баъзе хонаводаҳои соҳибисе- чор ва аз ин ҳам зиёд писар чунин тасмими ватандӯстона гирифта намешавад. Агар ин Ватанро фарзандони мо дифоъ накунанд, кӣ ҳимоя мекунад?
Писари Нодир Шарифов сарбоз шуд
– Вақтеки ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Левакант барои гусел кардани писарам ба хизмати Модар – Ватан рафтам, комиссар розӣ набуд, чун аз як тараф фарзанди ман яккаписар буд, аз сӯйи дигар ману ҳамсарам нобиноем, – мегӯяд Нодир Шарифов. – Комиссар гуфт, китибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати ҳарбӣ” яккаписарҳо ба хизмат ҷалб карда намешаванд ва онҳо наметавонанд писари ӯро ба сафи Артиш сафарбар намоянд. Аммо ман исрор кардагуфтам, ки писари ман ҳам чун садҳо ҷавонони бонангу номуси меҳан, ҳаққи адои хизмати Модар – Ватанро дорад. Ҷавонписарон бояд дарси меҳанпарастию мардонагиро азбар намоянд ва барои ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистоншомил гардидани писарам розигӣ медиҳам.
Ба нақли акои Нодир пас аз исрору якравии вай комиссари шаҳри Левакант дигар илоҷ надошт, ба ҷуз ба хизмати ҳарбӣ равон кардани писари ӯ. Ҳаминак, пас аз чанд моҳ писари сарбози ӯ - Файзиддин Шарифов хизмати ҳарбиро ба итмом расонида, назди падару модар бармегардад.
-Ман ҳайрони падару модароне мешавам, ки имрӯз дар фазои тинҷу осуда умр ба сар бурда, ҳар куҷое ки хоҳанд сайр мекунанд, ҳар таврехоҳанд иморат бунёд карда, зиндагии хубу рӯзгори хуше доранд, аммо аз ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастани писаронашон худдорӣ мекунанд ё ҳарос доранд, – мегӯяд Нодир Шарифов. – Боварӣ дорам ин гуна падару модар ҳатто тасаввур карда наметавонанд, ки агар марзи давлатро ҷавонпаҳлавонони мо посбонӣ накунанд, шабҳо бедорхобӣ кашида, хоки ин Ватанро аз бадхоҳони миллат ҳимоят накунанд, оқибат чӣ мешавад?! Шояд онҳо боре ба худ суол намекунанд, ки агар ин давлат, ин сарзаминро фарзандони мо ҳимоят накунанд, пас кӣ мекунад?
Аз рӯзгори Нодир Шарифов
Нодир Шарифов нобинои модарзодист. Вай зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Боҳтурободи Ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Левакант буда, беш аз 50 сол аст, ки аз дидани манзараҳои зебои диёру ин ҳама гулгашту хиёбонҳо ваободии Меҳан маҳрум аст. Аммо чуноне ки худ изҳор медорад, муҳим бо чашми сар дидан нест, балки бо қалб ҳис кардан аст, ки то кадом сатҳ диёри мо биҳиштосо асту зебою диданӣ, ки ин ҳамаро ӯ эҳсос мекардааст.
Нодир ва ҳамсари ӯ ҳарду ҳам нобиноянд. Дар оила ду фарзанд, як писар ва як духтар доранд. Таъминкунандаи асосии оила низ худи ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ вай одатан дар кӯчаҳои бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар дунболи ризқу рӯзӣ мегардад. Вай ба савдои кӯчагӣ машғул гашта, аз ин ҳисоб рӯз мегузаронад.
Аммо ин ҳама ӯро аз сарбоз гаштани писари ягонаи худ маҳрум насохт. Зеро ӯ дар дил ҳавас дошт ва муҳаббат ба Меҳану дарки баланди ҳувияти миллӣбоис гардид, то писари ягонаашро дар қатори садҳо ҷавонони шуҷову далери дигар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бубинад.
Ба ҷойи хулоса
Ба гунаи Нодир Шарифовдар ҷомеаи мо сокинони меҳандӯсту баору номус, ки дар фикри ҳимояи марзу буми кишвар ва амнияти сар то сарии ин диёри нозанинанд, зиёданд. Биноан, ба хотири ибратомӯзии дигарон ӯ розӣ шудааст, ки дар хусуси ин ташаббуси ватандӯстонааш бо рӯзноманигорон ҳамсуҳбат шавад, вагарна ба андешаи ӯ ҳимояи Ватан барои ҳар фарди худогоҳу солимақл вазифаи муқаддас аст.
Низоми ИСО, шаҳри Левакант
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



