Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Таҳдиди хатарзои замон
Дар бораи терроризм ва экстремизм он қадар маводи журналистӣ, китобҳои илмӣ навиштаву таҳқиқот гузаронида шудааст, ки гумон мекунед, ки барои иттилоотонии мардум басанда аст. Аммо ин падидаи нохушу маргзо ба ҳаёти инсонҳо ҳар дам таҳдид мекунад. Дар ҳар гӯшаи олам таркишу куштор, вайрону валангор шудани манзил, қасру биноҳо, деҳу шаҳрҳо аз будани террористон ва амали ноҷавонмардонаи онҳо дарак медиҳад.
Аз шунидани ин хабар аз як тараф ба одамони бегуноҳи ҳалокшуда дилсӯзиву тасллият кунем, аз тарафи дигар, аз дил мегузаронем, ки мабодо ин ҳолат бо мо рух надиҳад. Зеро ҳаёт ширин аст ва зистан мароми асосии инсонист. Пайомади амалҳои террористӣ ва эктремистӣ марг, маъюбӣ, тарсу даҳшатафканӣ ва нобоварӣ ба амнияту зиндагии минбаъдаи орому хушбахтӣ мебошад. Ин ҳолатро ҳеҷ як инсони солимфикр на ба худ ва на ба дигарон равона мебинад. Ба ғайри террорист, ки барояш ҳаёт қадре надорад. Хавф дар он нест, ки вай худашро аз ҳаёт маҳрум месозад, балки дар он аст, ки ба атрофиён хисороте меорад, ки ҷубронаш номумкин аст.
Одамон баъди ҷангҳову офатҳои табиӣ манзилҳои вайронаву ноободро аз нав месозанд, ба зиндагӣ дилгарм шуда, боз аз пайи такопӯйи зиндагӣ мешаванд. Аммо амалҳои террористӣ чӣ? Ҳазорҳо одамон ҷойҳои худро тарк намуда, аз тарси такрори ин вазъият ба дигар минтақаву кишварҳо фирор мекунанд. Дар зеҳни онҳо манзараи мудҳиши таркиш, доду ғиреву маъюбону ҳалокшудагон, гиряи кӯдакону нолаи занон якумр нақш мебандад. Аммо намедонанд, ки аз террорист ҷойи гурез нест, вай метавонад дар ҳама ҷо бошад. Вай мисли душмани қаттоли аз пасат нохост оянда, аз камин ҷаста, ҳамаро дар як лаҳза моту маҳбут мекунад. Ҳатто интихоби ба канори бехавф гузаштан ва ҳифз кардани худ даст намедиҳад. Ба чунин ҷоҳилияту ваҳшонияти инсон таассуф мехӯрӣ.
Воқеаҳои дар Эрону Афғонистон ва Россия, ки террористон амалӣ карданд, ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳад, ки бо таҳдиди замони муосир мубориза барад, чунки ҳеҷ як давлати ҷаҳон аз он эмин буда наметавонад. Қабул гардидани стратегияҳо, барномаҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни наврасону ҷавонон, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву тундгаро, маҳкум шудани ин падидаи номатлуб тариқи матбуот, радио ва телевизион чораҳоеанд, ки ба кам ва нест кардани хатари терроризм нигаронида шудаанд. Дар Тоҷикистон низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад.Таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи терроризм ва экстремистоне, ки дини исломро ҳамчун пардаи рӯпӯшкунандаи ҳадафи асосиашон истифода мебаранд, даъвати ҷавонон ба зиракии сиёсиву дӯст доштани Ватан, роҳ надодан ба хиёнати халқу кишвари худ, фирефтаи бегонагону душманони миллат нашудан барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дастури ватандориву садоқат ба сулҳгароиву бунёдкорӣ, созандагиву рушд, пешравии ҳаёт мебошад.
Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ба волидон, хосса модарон чунин дастур доданд:
“Мову шумо фарзандро барои он ба дунё оварда, ба камол мерасонем, ки дар аёми пирӣ дастгирамон бошанд.
Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расонидани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо нону об надодаанд.
Аз ҳамин хотир, фарзандони мову шумо барои онҳо ҳеҷ арзише надоранд, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд.
Баъди аз даст додани онҳо танҳо ҷони падару модар месӯзаду халос.
Мо набояд гузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун террорист ва ифротгаро сабт шавад.
Ин дар шаъни падару модари тоҷик ва миллати соҳибфарҳангу бостонии тоҷик айб аст”.
Сад афсӯс, ки бархе аз ҷавонони тоҷик ба доми бозингарони сиёсии хориҷии террористӣ афтода, қурбони дасисаҳо мешаванд. Ин ҳақиқати талхест, ки ҳар яки моро ба андеша водор мекунад. Чаро фарзандони ин сарзамини мардони бонангу ватандор, тамаддунсоз, тимсоли сулҳу дӯстӣ, қаҳрамониву муҳофизони Ватан дар мулкҳои дигар эҳсоси масъулият барои худ, оила ва халқашонро фаромӯш месозанд? Чаро дар бораи оқибати рафтори беинсофонаву бераҳмонаашон андеша намекунанд? Интизории падару модар, фарзандонашонро ба ёд намеоранд, ки ҳолашон чӣ мешавад? Оё намедонанд, ки на аз марги чунин фарзанди хиёнаткор, балки беобрӯ шудан дар байни мардум, радди маърака шудан ва аз таънаву муҳокимаҳои атрофиён бемору руҳафтода ва аз зиндагӣ безор мешаванд.
Чаро тамоюли ҷалби ҷавонон ба сафи ин гуна ташкилотҳо аз ҷониби ифротгароён ҳоло ҳам идома дорад? Имрӯз масъалаи камсаводӣ, камбизоатӣ наметавонанд сабаби террорист шудани ҷавонон бошад. Масъалаи ноустувории равонӣ барои мағзшӯйии онҳо таъсири калон мерасонад. Моҳирона истифода бурдани шабакаи интернет ва дигар воситаҳои иртиботӣ яке аз омилҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Амалҳои террористию экстремистӣ, ки бевосита ё бавосита рух медиҳанд, бо мақсади халалдор кардани амнияти сиёсӣ ва суботи сиёсии давлат тарҳрезӣ мешаванд. Зеро аз ин татбиқи ҳадафҳои миллӣ, устувории системаи давлатдорӣ вобастагии калон дорад. Сиёсатшиносон бар он ақидаанд, ки қувваҳои манфиатдори терроризм ва экстремизми динию сиёсӣ имрӯз барои корношоям гардонидани механизмҳои фаъолияти зидди террористӣ пайваста роҳу усулҳои навро пайдо намуда, истифода мебаранд. Аз ҷумла, терроризми замони муосир бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши яроқ, омода ва паҳн намудани пулҳои қалбакӣ, интиқол додани сармоя ва ҳатто ташкил намудани тиҷорати расмӣ зич алоқаманд мебошад.
Мубориза бо терроризм тавассути сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шавад ҳам, танҳо дар ҳолате самаровар мешавад, ки тамоми давлатҳо муттаҳид шуда, онро дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ намоянд. Тоҷикистон чун давлати ташаббускор доимо барои муборизаи беамон бо терроризм ва экстремизми динии сиёсӣ чораҳои мушаххасро пешниҳод мекунад. Чунки давлати мо дар марҳалаи нав истиқлолии худ талхиву пайомади гарони моддиву маънавии амали террористону экстремистони диниро чашида, сабақи таърихи ҷанги таҳмилиро бардоштааст.
Дар даврае, ки ҷомеаи инсонӣ ба рушди босуръати илму техника, кашфу ихтирооот, сатҳи зиндагии муосир саъй дорад, гоҳ-гоҳе арзи вуҷуд кардани терроризм чун захми пурдард ҳамаро ба ташвиш меорад. Бошад, ки ин неруи марговар пурра нест гардида, танҳо осоиштагиву зиндагии шоистаи одамон ва амалӣ шудани ниятҳои созанда поянда бошад. Баъди марги инсон ҳам дар байни мардум номи ӯ бояд бо корнамоиҳои нек зикр гардад. Чунки ҳаёти худро ба манфиати мардум бахшидан хушбахтист.
Д.Маҳкамзода
(Акс аз интернет)
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД