Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Почтаи тоҷик 100 - сола шуд
Соли 2024 аз таъсисёбии “Почтаи тоҷик” 100 сол пур шуд. Инчунин 30 сол мешавад, ки КВД “Почтаи тоҷик” узви комилҳуқуқи Иттифоқи умумиҷаҳонии почта мебошад.
Вобаста ба фаъолияти КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон ходими адабии маҷалла бо директори он Сайдалӣ Мирзоев мусоҳиба оростааст.
-Хуб мешуд, ки нахуст аз таърихи почтаи тоҷик ба хонандагон каме маълумот медодед.
-Одамон ҳамеша ба иттилоот ниёз доштанду доранд. Онҳо дар ибтидо ба воситаи садою оҳанг, баъдтар тавассути кабӯтарон, аспу ароба ва инак баробар бо рушди техника, ба воситаи нақлиёту қатора ва ҳавопаймо ба ҳамдигар пайғом мефиристанд. Нахустин ташкилоти ҳаммонанд ба почтаи имрӯза дар замони салтанати Сомониён таъсис ёфтааст, ки “Девон – ул – баред” ном дошт. Ба ҳайати ин девон соҳибони аспҳои тездаву бодпо шомил буданду барои расонидани пайғом ҳамеша омода буданд. Соли 1924, бо таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон нахустин шуъбаҳои алоқа ва марказҳои алоқаи почта ба фаъолият оғоз намуданд.
-Лутфан аз фаъолияти маркази алоқаи почта ҳарф мезадед.
-Корхонаи фаръии КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон дар тобеияти худ 23 марказҳои алоқаи почтаи шаҳру ноҳияҳо ва 148 шуъбаҳои алоқаи почтаҳоро дар бар мегирад, ки аксари онҳо дар маҳалҷойҳо ҷойгир буда, фаъолияти ҳамарӯзаашон барои расонидани хизмати почтавӣ ба мардум равона карда шудааст. Расонидани сиёсати имрӯзаи давлат, навгониҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, ки ҳамарӯза ба амал меояд, корхона тавассути рӯзнома ва маҷаллаҳо ба аҳолӣ мерасонад.
Фаъолияти асосие, ки аз тарафи корхона гузаронида мешавад, ин қабулу фиристодани мактубҳо, қабул ва пардохти ирсолпулиҳо, қабул ва фиристодани равонаку пакетҳои хурд ва гузаронидани маъракаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятию маҳаллӣ ва сари вақту босифат дастрас намудани он мебошад.
Дар давоми соли гузашта, 9 миллиону 895 ҳазору 922 дона рӯзномаву маҷаллаҳо, мактубҳои хизматӣ, одиюсупоришӣ, равонаку бастаҳо, пакетҳои хурду ирсолпулиҳо ба миқдори 273 тоннаю 62 килограмм ворид гардида, ба муштариён дастрас карда шудааст. Аз ин шумора беш аз 34 ҳазор мактубҳои одию супоришӣ, бастаҳо ва мактубҳои арзишнок буда, 377 адади он равонаку пакетҳои хурд, 1862 адад ирсолпулиҳо ва боқимонда рӯзномаву маҷаллаҳо мебошанд.
Дар ин муддат аз ҳудуди вилоят 1492 килограмм муросилоти почтаи байналхалқӣ, ба монанди мактубҳои одию супоришӣ, равонакҳо, пакетҳои хурд ва бастаҳо қабул гардида, ба соҳибонашон фиристода шудааст.
Ба корхона аз давлатҳои гуногун, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Латвия, Литва, Эстония, Чехия, Олмон, ИМА ва Канада равонакҳои нақдӣ ва ғайринақдии гумрукӣ ворид гардида, сари вақт ба ҷойҳои лозимӣ бурда расонида мешаванд.
-Шумо соле қабл эълон карда будед, ки дар ҳудуди вилоят 50 дукони рӯзномафурӯшии замонавӣ бунёд менамоед. Иқдоми пешгирифта то куҷо амалӣ шуд?
-Бале, бунёди дуконҳо дар ҳудуди вилоят ҷараён дорад ва феълан 6 дукони махсус дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Шамсиддин Шоҳин ва Муъминобод гузошта шудааст. Ҳамзамон дар дохили биноҳои алоқаҳои почтаи ноҳияҳои Темурмалик, Данғара, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Шаҳритус дукони фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо ва молҳои дафтардорӣ ташкил карда шудааст, ки фаъолияти хуб доранд.
-Барои сари вақт бурда расонидани рӯзномаву маҷаллаҳо ба обуначиён, хусусан, ба деҳоти дурдаст чӣ тадбирҳо андешидаед?
-Мо бо аҳли кормандон ҳамеша талош менамоем, ки рӯзномаву маҷаллаҳо сари вақт ба обуначиён расонида шаванд. Ҳатто дар шаҳру деҳоти дурдаст. Масалан, ба минтақаи Кӯлоб аз маркази вилоят-шаҳри Бохтар, то шаҳри Кӯлоб рӯзномаву маҷаллаҳо бурда мешаванд ва аз Кӯлоб ба дигар шаҳру ноҳияҳо фиристода мешаванд. Мошинҳои махсус дар ин самт вобаста шудаанд, ки ба маркази ҳар шаҳру ноҳия, аз ҷумла ноҳияҳои дурдаст мераванд. Аз онҷо ба воситаи хаткашон то дасти обуначиён бурда расонида мешаванд. Барои хаткашон низ рӯз то рӯз шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуда истодааст. Дар ноҳияҳои дурдаст хаткашонҳо бо матаролеру дучарха таъмин карда шудаанд. Аз ҷониби мо дар ин самт мунтазам назорат бурда мешавад, то тамоми обуначиён сари вақт бо рӯзномаву маҷаллаҳои обунашудаашон дастрасӣ пайдо намоянд.
-Дар сартосари мамлакат ба ифтихори ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Ниҳоди шумо дар доираи ин ҷашн чӣ иқдомеро роҳандозӣ кардааст?
-Дар доираи ин ҷашни таърихии миллат бинои маъмурии “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон пурра таъмир гардида, барои кормандон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Илова бар ин бо дастгирии роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои маҳаллӣ биноҳои маъмурии марказҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳои Левакант, Ҷайҳун, Шаҳритус, Ховалинг, Кӯшониён ва Дӯстӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, бо тамоми таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд ва ин иқдом минбаъд низ идома ёфта, марҳила ба марҳила тамоми марказҳои алоқаи почтаи ҳудуди вилоят таъмиру азнавсозӣ карда мешаванд. Инчунин барои кашонидан ва хизматрасони саривақтӣ, барои корхона чор нақлиёти сабукраву борбар харидорӣ карда шудааст, ки дар як ҳафта панҷ маротиба аз шаҳри Душанбе ба вилояти Хатлон рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар лавозимотро дастрас мекунанд.
Роҳбарият ва аҳли кормандони “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон дар оянда низ саъю талош менамоянд, ки сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи почтаро ба аҳолӣ беҳтар намоянд ва дар баланд бардоштани нуфузи “Почтаи тоҷик” саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Мусоҳиб Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС



