Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Булбуле аз гулшани адаб
Ба ҷои сарсухан
Якчанд сол қабл дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай назди майдони Исмоили Сомонии шаҳри Душабе бо 3- 4 нафар шоирону рӯзноманигорон саргарми суҳбат будем. Аз ҷониби Хонаи радио бонуи зебову кушодачеҳрае назди мо омада, бо табассуми малеҳ салом дод. Баъди суҳбати кутоҳ бо ҳамроҳони ман ӯ шитобон бозпас раҳсипор гардид. Он замон Шоҳона муҳаррири варзидаи шабакаи радиои “Садои Душанбе” буду бо садои дилнишину нотакрор ва барномаҳои пурмуҳтаво ва рангорангу хотирмони таҳиянамудаи хеш миёни шунавандагони радио маҳбубияти зиёд дошт. Мурури солҳо ин садои ошноро тавассути барномаҳои иттилоотӣ- таҳлилӣ ва фарҳангиву фароғатии радиои “Тоҷикистон” ва “Садои Душанбе” мешунидам. Зимни суҳбат бо ӯ шеъри шоири машҳури рус Сергей Есенин “Ту эй Шоҳона, эй Шоҳонаи ман” пеши назар меомад. Чун Шоҳонаи даврони мо, рӯзноманигор, шоираи маҳбуби мардумӣ ва инсони хоксору суҳбатороест, ки бо донишу санъати волои суханронӣ ва саъю талошҳои пайвастааш дар ҷодаҳои касбӣ миёни хонандагону шунавандагони ВАО, дӯстону ҳам доираҳои илмиву адабӣ ва толибони шеъру ғазалҳояш машҳуру соҳибэҳтиром аст.
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зиндагиро орзу ширин намуд.
Шоҳона аз овони таҳсил дар мактаби миёна дар дил орзуҳои зиёде мепарварид. Гоҳе орзу мекард, ки табиб мешаваду гоҳе омӯзгору рӯзноманигор ва панду насиҳатҳои падари бузургвораш ҳамеша ҳидоятгари ӯ дар зиндагӣ буд: “Духтарам дар мактаб хубу аъло таҳсил намо. Пайваста барои аз худ намудани илму дониш ғайрат кун. Оянда ба ҳама чиз комёб мегардӣ. Одами таҳсилдида ҳеҷ вақт хор намешавад”.
Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм карда, ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуд ва дар замони донишҷӯӣ узви фаъоли маҳфили эҷодии “Хайрандеш” буду бо таронаву лавҳа ва шеъру ғазалҳои намакин, миёни толибони каломи бадеъ муаррифӣ мешуд. Замоне ки ба Телевизиони шаҳри Кӯлоб ба кор даъват шуд, чанде дар бахши иттилоотии ин шабакаи мардумписанд фаъолият намуда, бо симои нурониву овози маҳину пешниҳоди хабару гузоришҳои навҷӯёна аз чеҳраҳои дӯстдоштаи мардуми шаҳри Кӯлоби бостонӣ буд.
Оғози фаъолияти шоистаи касбӣ намои истеъдоду қобилияти баланд ва масъулиятшиносии ӯ аз назари роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои кишвар дур намонд, ки ӯро барои идомаи фаъолияти касбӣ ба шаҳри Душанбе даъват намуданд. Нахуст ба ҳайси хабарнигори Маркази миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” фаъолият бинмуда, баъдан, ӯро барои кор ба Радиои Тоҷикистон даъват намуданд. Ҳамин сон, солиёни зиёд дар Радиои Тоҷикистон вазифаҳои муҳаррир, сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ ва баъдан, дар радиои “Садои Душанбе” ба симати сармуҳаррири идораи “Ахбор” кору фаъолият бинмудааст.
-Солҳои фаъолияти эҷодӣ дар Радиои Тоҷикистон баробари барномаҳои иттилоотӣ – таҳлилӣ, инчунин, барномаҳои пурмазмуни фарҳангиву фароғатӣ ҳам омода намуда, пешкаши шунавандагон мекардем. Илова ба пешбурди рисолати касбӣ, ташвишҳои зиндагӣ ва тарбияи фарзандон, пайваста ба худомӯзиву такмили маҳорати касбӣ машғул гардида, ҳамзамон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, соҳиби маълумоти дуюми олӣ гардидам,- лаҳзае ба андешу фурӯ рафта, идома медиҳад мусоҳибам. - Баъзеҳо чунин мепиндоранд, ки кор дар радио нисбат ба телевизион осонтар менамояд, валекин дар асл чунин нест. Барномаҳои радиоӣ вижагиҳои худро дорад, ки барандаву таҳиягарони барномаҳо бояд бо мазмуни баланду садои самимӣ таваҷҷуҳи шунавандагонро ҷалб карда тавонад. Аҳли эҷоди радио зимни таҳияи барномаҳои худ ва дар пахшҳои мустақим набзи ҷомеа ва нафасу эҳсосоти мухлисони хешро бояд эҳсос карда тавонанд. Аз сӯи дигар, бо ҳама эҳсосоти саршор аз меҳру муҳаббат ба халқу Ватан, ки зимни пахши мустақими радиоӣ вуҷуди пешбарандаи барномаро фаро мегирад, боз ҳам гӯяндаи ҳирфаӣ дар эфир масъулияти ниҳоят муҳим дорад, ки ба хатогиҳои ҷузъӣ роҳ надиҳад, - иброз медорад Шоҳона Одиназода. – Биноан, як шарти муҳиму ҳатмӣ барои наттоқону муаллифони барномаҳои радио ин аст, ки лаҳзаи вуруд ба студияи сабти овоз бояд дигар фикру андешаҳои ҳаётии худро фаромӯш карда, ҳама ҳастии худро ба суҳбати шунаванда бахшида бошад,- изҳор медорад Шоҳона.
Шоҳона Одиназода дар тули солҳои 2012- 2015 вазифаи боз ҳам пурмасъулият, муовини директори Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина”-ро бар уҳда дошта, дар тарбияи кадрҳои ҷавони ин телевизиони фарҳангӣ саҳми босазое гузоштааст.
Ба инобати донишу истеъдоди баланди эҷодӣ ва заҳматдӯстиву талошҳои пайвастааш дар рушди ВАО Роҳбарияти олии кишвар Шоҳона Одиназодаро ба вазифаи сармуҳаррири яке аз маҷаллаҳои бонуфузи кишвар- “ Бонувони Тоҷикистон” таъйин намуданд. Роҳбарӣ ба ин маҷаллаи давлатӣ аз масъули идораи мазкур донишу қобилияти баланд, ҷасорат, серталабӣ, таҷрибаи бой ва аз ҳама муҳим масъулиятшиносии хосро тақозо дорад. “Вақт довари ҳақ аст” мегӯянд, ки дар ҳақиқат ҳам давоми фаъолияти роҳбарии ин бонуи матинирода, ҷасур ва масъулиятшинос ҳамчун минбари бонуфузи мардумӣ неруҳои зеҳнии кишварро ба ҳаллу баррасии масоили умдаи ҷомеа ҷамъ овард, ки дар ҳар шумора хонандагон аз фикру андешаҳои ҷолибу созандаи шахсиятҳои донишманду муътабари кишварамон баҳраманд мегарданд.
Бо заҳмату талошҳои бонуи соҳибқаламу роҳбари кордон имрӯз теъдоди нашри маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” ба 15 ҳазор нусха ва шумораи саҳифаҳояш ба 60- то расидааст. Дар маҷалла беҳтарин рӯзноманигорон ҷамъ оварда шуда, мавзуъҳои интихобгардида фарогири ҳама соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.
Рӯзноманигори варзида Шоҳона Одиназода бо аҳли эҷоди маҷалла ҳамеша дар саъю талошанд, то ин ки сазовори боварии муассиси маҷалла - Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд, ки Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳояшон бахшида ба таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик чунин иброз доштанд: ”Бонувони Тоҷикистон” чун ҳар як нашрия минбар аст, минбари баланде, ки аз он бояд садои шумо бо тақозои зиндагӣ гоҳ шоду, гоҳ ношод, гоҳ мутантану гоҳ тироболуд пайваставу бурро садо бидиҳад”.
Шоҳона чун чеҳраи шинохтаи адабиёти муосири тоҷик бо сабки ба худ хос, лаҳни ширин ва хаёлҳои афсонавӣ шеър мегӯяд, ки кайҳо боз боиси пазироии ҳаводорони ашъори рангинаш гардидааст.
Чуноне, ки шоира дар шеъри бахшида ба Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Мавлуди Ватан” нигоштааст:
Бо анҷумане пеши роҳи ҷангу низоъ баст,
Бархост хирад фитнаву сад макру риё баст.
Марде, ки назар карда буду доди Худо буд,
Дасту даҳани марг ба як амри Худо баст.
Мавлуди Ватан буд,
Бахти туву ман буд!
То имрӯз ашъори ӯ тавассути маҷмуаҳои “Хаёли ситорачин”, “Сад тарона”, “Сояи нигоҳ”, “Оини ноз” ва “Зодрӯзи Тоҷикистон”, нашр гардида, ба дасти хонанда расидааст.
Ашъори дилангезу андешасози шоира хонандаро ба хайрхоҳиву инсондӯстӣ, ҳисси масъулияти баланд бар ҳимояи Ватан ва арзишҳои миллату давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу муқаддасоти миллӣ, ҷовидонии хайру накукорӣ ва дари умеду боварӣ кушодан ба ниёзмандон даъват менамояд.
Вижагиҳои ашъори назмии Шоҳона Одиназода аз он иборат аст, ки чакидаҳои ашъори ӯ зеҳнҳоро такон, қалбҳоро мунаввар ва руҳияи инсонро ҷиҳати саъю талош барои ҳифзу ҳимояи меҳан ва саҳмгузорӣ дар рушду ободонии он баланд мебардорад. Чуноне, ки дар шеъри “Роғун” шоира аз даъвати Пешвои миллат ба хотири иттиҳоду сарҷамъии мардум ва саҳмгузории дастаҷамъона дар бунёди ин неругоҳи бузурги аср, раванди ташаббусҳои бунёдгузории НБО Роғунро чунин ба қалам овардааст:
Бо амри Ватан миллати бонанг ба по хест,
Бо хоҳиши дил, аз раҳи паймону вафо хест.
Аз хонаву ҳар погаҳу ҳар дасти дуо хест,
Бар кумаки ин халқи худода Худо хест.
Бо дасти дуо хест,
Аз халқ нидо хест:
Роғун ҳама моем,
Мо доди Худоем!
Ба ҷойи хулоса.
Хонандаи закӣ ва нуқтасанҷ ба хубӣ эсос менамояд, ки шеърҳои Шоҳона воқеан шоирона буда, нигоҳи ӯ ба зиндагӣ паёми тоза дорад. Шоираи хушкалому маҳбуби мо соҳиби оилаи хушбахт ва 3 фарзанд мебошанд, ки аз ин неъмати ҳаётӣ ҳамеша шукргузор аст.
Аъзам Бобоев, Бохтар- Душанбе- Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД