Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАВРӮЗ - РАВШАНГАРИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ
Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихии миллати соҳибтамаддуни тоҷик буда, ҳамчун мероси пурғановат ва бузурги фарҳангӣ бо тобишу ҷалоли хос аз аҳди қадим то ба насли имрӯз ба ёдгор мондааст.
Наврӯз таърихи қадима дошта, оғози пайдоиши онро донишмандону ҳакимони асрҳои миёнаи форсу тоҷик зиёда аз шаш ҳазор сол дониста ба замони шоҳ Ҷамшед нисбат додаанд. Аз ҷумла, дар китоби “Таърихи Наршахӣ”-и Муҳаммад Наршахӣ гуфта мешавад:
«Наврӯз рӯзи аввали соли шамсӣ ва иди соли нав аст. Он ба рӯзи аввали солшумории офтобӣ1-уми Фарвардин (Ҳамал) ё 21- 22 марти солшумории мелодӣ рост меояд».
Бо далелҳои муътамад ва аҳамияти иҷтимоиву ахлоқӣ доштани Наврӯз таҷлили бошукӯҳи он дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон густариш ёфта, ҳамчун ҷашни байналмилалӣ аз ҷониби Маҷмааи Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шуд. Яъне боифтихор метавон гуфт, ки эътирофи Наврӯз эътирофи миллати тоҷик ба ҳайси миллати фарҳангсолору тамаддунофар аст, ки бо ба даст овардани истиқлолият имконияти бо номи аслӣ ҷашн гирифтани Наврӯзро ба даст овард ва ба он ҳазорон тобишу ҷилваи нав бахшид.
Ин гуфтаҳо дар суханрониҳои идонаи Пешвои муаззами кишвар ба истиқболи ҷашни Наврӯз низ инъикос гардидаанд:
“Навоҳои Наврӯзи ҳуҷастаи диёри мо таронаи истиқлолро месароянд, истиқлоле, ки ба Тоҷикистон пару боли тозаву тавоно ва парвози баланд бахшидааст”.
Яъне Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ эътироф гардидааст, ҷаҳониён ба ин оини моҳиятан фарҳангӣ эҳтиром гузошта, онро ҳамчун воситаи покиву садоқат ва зебогиву бедорӣ эътироф менамоянд.
Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат мебошадва бо ин ҳама таровати хос гардише ба руҳу равони одамон падид меорад. Ин ҷашни ҷаҳонӣ аз қадимтарин ва азизтарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, мардуми тоҷик беҳтарин орзуву умеди худро ба Наврӯз, яъне Соли Нави анъанавии аҷдоди хеш пайванд медиҳанд. Ин маънӣ дар абёти бузургони илму ирфон низ дарҷ гардидааст ки: Ҳар кӣ Наврӯзро ҷашн кунад ва бо хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодию хуррамӣ гузорад.
Омодагӣ ба Наврўз ҳанўз аз охири фасли зимистон оғоз мегардад. Одамон дар боғу гулгаштҳо ниҳол мешинонанд, боғ бунёд мекунанд ва бо тозаву пероста намудани кӯчаву хиёбонҳо ба майдону гулгаштҳо намуди идона мебахшанд. Ин сабзкорӣ идомаи суннатҳои қадима ва анъанаҳои насли калонсоли мо мебошад, ки бо фарорасии баҳор ва эҳсоси шодмонӣва умедворӣ ба шудгори замин оғоз мекарданд, донаҳои аввалинро кишт менамуданд ва ба ин васила мардумро ба меҳру муҳаббат ва ягонагиву сарҷамъӣ даъват менамуданд.
Имрӯз, ки фасли баҳор ва шукуҳу нусрати Наврӯзи некпай дар саросари кишвар, аз ҷумла ноҳияи Шаҳритус танинандоз аст, бо нияту орзуҳои нек бори дигар фасли зебову назаррабои баҳори дилафрӯзро ба шумо сокинони кишвари маҳбубамон табрику муборакбод гуфта, дар амалӣ намудани ташаббусҳои неку арзандаатон комёбиҳо таманно дорам.
Рӯзгоратон шод, хонаатон обод ва Наврӯзатон хуҷаста бод, ҳамдиёрони азиз!

Баҳманёри Саид,
узви Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон,
мудири бахши фарҳанги ноҳияи Шаҳритус
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!