Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Сатторзода Амирхон: Дарахт дар як ҷой месабзад
Ҳолнома
Сатторзода Амирхон мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик. 15 марти соли 1966 дар деҳаи Бузвалӣ, Ҷамоати деҳоти Чилча, ноҳияи Темурмалик дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Хатмкардаи МТМУ №18-и деҳаи Шибанай, ҷамоати Чилчаи ноҳия ва факултаи роҳсозии Техникуми политехникии шаҳри Душанбе ба номи Ю. А. Гагарин) мебошад. Солҳои 1984-1986 дар вилояти Амури Шарқи Дури Федератсияи Россия хизмати модар Ватанро адо кардааст. Хатмкардаи факултаи муҳандисӣ сохтмони истеҳсоли саноатии шаҳрвандии шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон. Солҳои 1988-1990 ба ҳайси устои сохтмонии ПМК 42-и ноҳияи Темурмалик баъдан то соли 1994 муҳандиси сохтмони ПМК 42 ва сипас то соли 2000-ум муҳандиси банақшагирии ин коргоҳ фаъолият бинмудааст. Як соли дигар вазифаи сардори ин идораро бар зимма дошт. Солҳои 2005-2019 муассис ва директори ҶСК «Совет» фаъолият бинмуда, аз соли 2019 то имрўз мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик мебошад.
- Тарҳи хонаҳо дар деҳот ва ё шаҳракҳои имрўзаро дар муқоиса ба солҳои пешин чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Дар қиёс ба солҳои то истиқлоли давлатӣ тарҳҳои лоиҳакашӣ тамоман тағйир ёфта, сокинон аз мушоҳидаву бардоштҳояшон аз сафар ба дигар кишварҳо хонаву дигар иншоотро мутобиқ ба меъёрҳои замон месозанд. Чӣ дар бунёди макотиб, хона ва бустонсаройҳо мардум дар сохтмони хонаву биноҳои гуногун ба навоварӣ рағбат доранд. Баъзан нафароне ба мо муроҷиат карда маслиҳат мепурсанд. Инчунин иддае аз мутахассисони ҷавон бо омезиши тарҳҳои миллӣ ва аврупоӣ ва қисме аз шаҳрвандон лоиҳаҳои сохтмониро аз хориҷи кишвар оварда, дар ватанамон амалӣ месозанд. Тавре ки Сарвари давлат гуфта буданд «Мо ободиро аз дару девор ва ҳавлии худамон сар кунем». Яъне, ҳар як сокини кишвар хонаи худашро зебо кунад, тозаву озода нигоҳ дорад ва хонаҳои зебо ба кўча ва кўчаҳо ба маҳаллаҳо табдил меёбанд ва ҳамин тавр, ҳар як гўшаи кишварамон ободу зебо мегардад.
- Биноҳои замони шуравӣ, ки он вақт дар ноҳия муҳандиси сохтмонӣ будед то имрўз мавриди истифода ҳастанд, дар кадом вазъ қарор доранд?
- Бинои таълимии гимназияи ҳозираи ноҳия, ки он вақт лоиҳаи бинои таълимии МТМУ буд ва баъдан дар даврони соҳибистиқлолӣ бинои гимназияи давлатӣ шуд, кўдакистони деҳаи Танобчӣ, бинои мактаби 41 дар ҷамоати Кангуртро, ки дар ҳамон давра сохта ба истифода додаем. Имрўз ин иншоот дар истифодаи сокинони ноҳия қарор дорад. Ҳамчунин, бинои як муассисаи таълимӣ дар ҷамоати деҳоти Рўдакии ноҳияи Восеъ, ки то анҷоми корҳои сохтмонии он ман дар хоначаи сайёр зисту зиндагонӣ карда будам.
- Дар мавриди сифати маҳсулоти сохтмонӣ ва биноҳое, ки солҳои охир бунёд мегарданд, чӣ андеша доред?
- Дар масъалаи сифати маҳсулоти сохтмонӣ ва сифати биноҳои сохтмонӣ, ки солҳои охир бунёд меёбанд, ҳаминро ёдрас бояд кард, ки дар аҳди собиқ шуравӣ ҳама иншоотро корхонаҳои сохтмонии давлатӣ месохтанд. Ҳоло шукронаи соҳибистиқлолӣ ҳар касе имкон дорад сохтмончиёнро ҷалб намуда, иншооти мақбули худро месозад. Баъзан дар сохтмонҳои хонаҳои истиқоматӣ мушоҳида мекунем, ки имрўз таҳкурсии хонаро рехта тамом кардаанд, фардо ё пас фардояш дар болои ҳамон таҳкурсӣ хишт мечинанд, девор мекунанд ва ҳамин тавр то охир деворро мебардоранд ва ҳатто болояшро ҳам мепўшонанд. Ҳол он, ки мувофиқи қоидаи сохтмон баъди таҳкурсии хонаро пурра рехтан, баъди як моҳ бояд болои он таҳкурсӣ девор бардошт. Баъзан вақт моро барои омўзиши иншооти навбунёде даъват менамоянд, ки девор ё таҳкурсиаш кафида иншоот корношоям шуда истодааст. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки баъзе сокинон замини ҷойи бунёди иншоотро наомўхта кори сохтмониро оғоз менамоянд. Баъди таҳқиқ маълум мешавад, ки аз зери он бино хати об гузаштааст ё дар бунёди таҳкурсиву девори он одитарин қоидаҳои сохтмонӣ риоя нашудааст.
- Дар ин ҷода устоди шумо кист?
- Устоди аввалинам Иноятов Зангҷирров аст, ки дар овони ҷавонии ман сармуҳандиси ПМК ва баъдан ба ҳайси сардори идораи мазкур фаъолият менамуд. Ў айни замон нафақахўр аст. Ҳамчунин, Холназаров Баҳриддин, ки он давра муҳандиси муассиса буданд, нозукиҳои касбамро омўхтаанд ва дар бисёр масъалаҳои кор аз вай маслиҳат мегирифтам.
- Оё нафаре аз фарзандонатон пешаи шуморо интихоб кардаанд?
- Оре, писари калониам Бахтиёр касби маро интихоб карда, соҳиби маълумоти олии сохтмонӣ аст. Айни замон ҶСК «Совет»-ро ба уҳда дорад. Писари дигарам донишҷўи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мебошад.
Дар баробари фарзанди худ ба даҳҳо бинокорони ҷавон нозукиҳои ин касбу корро омўхтаам. Ҷавононе, ки бо ихтисоси меъмор донишгоҳро хатм кардаанд, ба кор даъват менамоем. Аммо баъзеашон бо сабаби камдаромад будани ин касб аз рўи ихтисоси худ фаъолият кардан намехоҳанд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони имрўз бесабру саросемакоранд ва ҳарчӣ зудтар дорову машҳур шудан мехоҳанд. Аммо барои соҳибкасбу мутахассиси хуб шудан инсон бояд солҳо содиқона дар як ҷода фаъолият намояд. Тавре гузаштагонамон мегуфтанд: «Дарахт дар як ҷо месабзад».
- Аз мақоми муассис ва директори ҶСК «Совет» ба вазифаи мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик таъйин шуданатон чӣ ҳикмат дорад?
- Соли 2019, ки он шабу рўз барои истиқболи арзанда аз ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёди даҳҳо иншооти ҷашнӣ идома дошт, маро ба кор даъват карданд. Ҳамин сон, бо дарназардошти собиқаи касбӣ ва талаботи ноҳия ба мутахассиси собиқадор ин таклифро пазируфтам ва то имрўз дар ин вазифа кору фаъолият намуда истодам.
Билоли Шамс, ноҳияи Темурмалик
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД