Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
17 ОМӮЗГОР СОҲИБИ ПАТЕНТИ ИХТИРООТ ШУД
Дар соли 2023 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон аз рӯи 22 ихтисос дар шуъбаи рӯзона, 6 ихтисос дар зинаи магистратура ва 4 ихтисос дар факултети таҳсилоти фосилавӣ донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Вобаста ба сохтори идоравӣ дар Донишкада чор факултет, яъне факултетҳои “Электроэнергетикӣ”, “Электромеханика ва технологияи инноватсионӣ”, “Муҳандисӣ ва иқтисодиёти соҳавӣ” ва факултети “Таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона” фаъолият менамоянд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО Исозода Диловаршоҳ, ректори донишкадаи болозикр иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мавсуф дар Донишкада 96 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки аз онҳо 85 нафарашон омӯзгорони доимӣ буда, ҳамзамон 24 нафари онҳо ба ҳайси ҳамкорони дохила фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, 11 нафар мутахассисон ба ҳайси ҳамкори беруна ба раванди таълим ҷалб гардида буданд.
Дар ин давра теъдоди умумии донишҷӯён ва магистрантон дар Донишкада 1512 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 922 нафарашон ба шуъбаи рӯзона, 26 нафарашон магистрантҳо ва 564 нафарашонро донишҷӯёни шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 38 нафар духтарон 84 нафар донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсил доранд. Мавриди зикр аст, ки дар мувофиқа ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соли таҳсили 2023-2024 дар назди Донишкада Литсей ташкил карда шуд.
Тибқи иттилои Диловаршоҳ Исозода таҷрибаомӯзии донишҷӯёни донишкада дар асоси шартномаҳои тарафайн мувофиқи ихтисосҳо дар ташкилоту корхонаҳои саноатӣ ва неругоҳҳои барқии вилояту ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Инчунин, донишҷӯён дар раванди таҷрибаомӯзии худ аз имконоти филиалҳои кафедраи “Нерӯгоҳҳои барқӣ” (дар НБО Сарбанд) ва кафедраи “Таъмини барқ ва бехатарии электрикӣ” дар Шабакаҳои барқи Ҷанубии шаҳри Бохтар васеъ истифода мебаранд. Дар соли 2023-юм 394 нафар хатмкунандагони дараҷаҳои бакалавр ва магистр донишкадаро хатм намуданд, ки аз ин шумора 25 нафар донишҷӯёни тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкарда мебошанд. Инчунин, 15 нафар хатмкунандагони дараҷаҳои бакалавр ва магистр Донишкадаро бо дипломи аъло хатм карданд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади тадбиқи “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” (дар доираи эълон гардидани 20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040) бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкада ду озмоишгоҳи физика ва химия бо маводҳои озмоишии зарурӣ аз нав таъмин карда шуданд.
Зимни нишасти матбуотӣ роҳбарияти донишкадаи изҳор доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ се нафар омӯзгорони донишкада, аз ҷумла, 1-нафар рисолаи докторӣ ва 2 нафар рисолаҳои номзадии худро муваффақона дар Шуроҳои диссертатсионии назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дифоъ намуданд. Дар ин давра устодони Донишкада барандаи 17 адад патент барои ихтироъкорӣ, 44 -дастури методӣ ва воситаҳои таълимӣ, 3 монография, 6 санади татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар раванди истеҳсолот ё таълим гардида, 7 лавҳаҳои озмоишии худсохт омода намуданд, ки имрӯз дар истифода қарор доранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД



