Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
34 НАФАР СОҲИБИ ДИПЛОМИ АЪЛО ШУД
Дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нуфузу эътибори олимону омӯзгорон дар ҷомеа аз 1 январи соли равон музди меҳнати ҳамаи кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба миқдори 10 фоиз зиёд карда шудааст.
Дар ин бора ректори донишгоҳи болозикр Маҳмадалӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 2 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, иттилоъ дод.
Қайд гардид, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз муассисаҳои бонуфузи илмию таълимии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос нақши муҳим мебозад.
Аз 3608 донишҷӯе, ки дар соли таҳсили 2022 – 2023 донишгоҳро хатм намуданд, 34 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд.
Феълан дар донишгоҳ 439 нафар ҷавонон тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил намуда, 60 фоизи донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона аз буҷети давлат идрорпулӣ мегиранд.
Ҷиҳати густариш додани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, соли таҳсили 2023 – 2024 дар донишгоҳ 23 гуруҳи таълимашон бо забони русӣ ва 2 ихтисос дар 4 гуруҳ пурра таълимашон бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар самти ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ корҳои зиёди илмӣ ба анҷом расонида шуда, дар нимсолаи дуюми соли гузашта 22 нафар омӯзгорон рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд.
Соли таҳсили 2023 донишгоҳро 31 нафар донишҷӯён аз хоҷири кишвар хатм намуда, айни замон 131 нафари дигар аз давлатҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва Федератсияи Россия дар ин муассисаи олӣ таҳсил намуда истодаанд.
Донишгоҳ бо 25 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дорад.
Соли 2023 аз ҷониби раёсати донишгоҳ 32 нафар омӯзгорону донишҷӯёне, ки дар сатҳи озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок кардаю ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, ба маблағи зиёда аз 140 ҳазор сомонӣ, инчунин омӯзгороне, ки давоми соли 2023 дараҷа ва унвони илмиро соҳиб гардиданд дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ ва роҳбарони илмии унвонҷӯён ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



