Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“Тоҷикон”- шоҳасари безавол
Ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров
Нақши китоби безаволи «Тоҷикон» аллома Бобоҷон Ғафуров дар худогоҳиву хештаншиносии миллати тоҷик, шинохти миллат дар арсаи дунё, тарбияи насли ояндасоз муассир арзёбӣ мегардад, зеро барои таҳияву нашри ин шоҳасар муаллифи он заҳмати сангинро пушти сар намудааст.
Дар рӯзгоре, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миллатгароӣ дар ҳоли авҷ қарор дошт, тангназарону нотавонбинон миллати тоҷикро инкор карданӣ мешуданд, шахсияти маҳбубу маъруфи таърихӣ аллома Бобоҷон Ғафуров ба арсаи сиёсат ворид шуду бо эҷоди асари безаволи худ, «Тоҷикон» исбот намуд, ки миллати тоҷик дорои таъриху тамаддун ва фарҳанги худ буда, миёни дигар миллатҳо ҷой ва мақоми арзандаро дорост. Тавре Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров иброз доштанд: “Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ дар шоҳасари худ исбот намуд, ки миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик бо доштани чунин таърихи пурифтихор, мероси ғании илмиву адабӣ ва анъанаву арзишҳои асилу пурбор ҳаргиз ба таърихсозӣ, яъне таҳрифи огоҳонаи таърих ва афзалиятхоҳиву бузургтарошии бебунёд эҳтиёҷ надорад”.
Фарзандони барӯманди ин миллат дар дунё маълуму машҳуранд ва осори бебаҳою гаронарзиши онҳо дар хизмати аҳли башар қарор дорад. Ба истиқболи 30– солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди зиёд бознашр кардани ин асари безавол ва ройгон дастраси ҳар як оилаи тоҷикистонӣ намудани он беҳтарин туҳфа ба мардум арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо амри Президенти мамлакат аз моҳи июли соли 2022 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» эълон гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиум ба ифтихори 115- солагии Бобоҷон Ғафуров саҳми аллома Бобоҷон Ғафуровро дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ муассир арзёбӣ намуданд. Зикр гашт, ки барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба Бобоҷон Ғафуров бо Фармони Президенти мамлакат аз 8-уми сентябри соли 1997 унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Аллома Бобоҷон Ғафуров ҳангоми дар Маскав зиндагӣ кардану ба сифати сарвари Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Шуравӣ, ки яке аз марказҳои бузурги ховаршиносии ҷаҳон маҳсуб меёфт, ифои вазифа кардан китоби гаронарзиш барои миллати тоҷик - «Тоҷикон» - ро таълиф намуд, ки он дар шинохти ин миллат нақши муассир гузошта, насли ояндасозро дар рӯҳияи худшиносӣ, рӯ овардан ба таъриху тамаддуни миллати худ ба камол мерасонад.
Масъулияти ватандорию ватансозӣ бар души насли ояндасоз аст. Аз ин нигоҳ ин наслро зарур аст, ки ба осори гаронарзиши бузургони миллат, ҳамчун китобҳои безаволи «Шоҳнома» - и Абулқосим Фирдавсӣ, «Тоҷикон» - и аллома Бобоҷон Ғафуров, «Намунаи адабиёти тоҷик»- и устод Садриддин Айнӣ ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» - и Эмомалӣ Раҳмон бештар рӯ биорад. Зеро ин асарҳо дар шинохти гузаштаи пурғановати миллати тоҷик нақши муассир доранд.
Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносии миллӣ буда, ҳар як фарди худогоҳу ватандӯстро лозим аст, ки саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯхта, онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоянд. Тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ низ тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд.
Воқеан ҳам, ба таърихи гузаштаамон рӯ овардан ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кардан талаби замон аст. Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмию адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин маҳсуб меёбад, ки ин ба шинохти миллат мусоидат мекунад. Мавриди зикр аст, ки «Тоҷикон» ҳар фарди ватанхоҳу ватандӯстро водор менамояд, ки аз таърихи гузаштагони хеш бештар воқиф бошанд. Зеро, бе донистани таърихи гузаштаи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Китоби «Тоҷикон» - и Бобоҷон Ғафуров бошад намунаи беҳтарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст.
Дар ин шоҳасар на танҳо таърихи халқи тоҷик, балки тамоми инсоният, бахусус халқҳои Осиёи Миёна дарҷ гардидааст. Китоби «Тоҷикон» аз муқаддима ва шаш фасл иборат аст, ки дар он таърихи ин миллати куҳанбунёд, рӯйдодҳои муҳими таърихӣ инъикос ёфтааст. Дастрас гардидани ин китоби муқаддас дар бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, якпорчагии кишвар, эҳтироми арзишҳои миллӣ дар қалби ҳар хонанда нақши арзанда дорад.
Наргис РАСУЛОВА, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ 13:48БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД 15:05Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:02РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ МАРҲУМ ФАЙЗАЛӢ РАҲИМОВ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ НАМУДАНД 16:55РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД 14:49РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД 12:43
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ



