Бойгонӣ
Май 2025 (24)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)

Тутихон Назарова : Хушбин бошед!

Одамро дар сафар мешиносӣ, мегӯянд воқеият дорад. Иттифоқе уфтоду ба ноҳияҳои дурдаст  бо Тутихон Назарова ҳамсафар гашта, аз суҳбати самимиаш баҳравар гадидам. Ҳарчанд ӯро солҳо боз мешиносам, аммо дар аснои ин сафар аз ҳаёту рӯзгор ва андешаҳои созандааш  бештар огоҳ шудам. 
Як зарфияти муҳими ҳамсуҳбати мо ин буд, ки аслан дар синну соли ӯ ва ҳатто чандин сол аз Тутихон Назарова ҷавонтарҳо ҳам аз саломатӣ, атрофиён, зиндагӣ ва гоҳҳо аз худашон шиква доранд.  Аммо дар симои ин бонуи неруманду тавоно инсони дар зиндагӣ мубориз, хушбину озодманишро дарёфтам. Тавре мусоҳибам аз забони шоир изҳор дошт:
Бечоравор нола макун пеши зиндагӣ,
К-он ҳеҷ вақт гӯш ба афғон намедиҳад.
Чун шаҳсавор хезу ба зӯраш савор шав,
К-ин аспи маст тан ба заифон намедиҳад.
- Бештари калонсолон, ки синнашон ба нафақа мерасад онро дарднок қабул мекунанд. Чунин мепиндоранд, ки гуё онҳо ба ҷомеа дигар лозим нестанд ва аз фикрҳои манфӣ  азият мекашанд. Дар асл чунин нест, зиндагӣ идома дорад, бояд ба зиндагӣ назари нек дошту хушбин боқӣ монд ва аз мушкилоти ҳаётӣ набояд ҳаросиду бечоранолӣ кард. Ҳамзамон инсон бояд барои худ ва наздикон зиндагонӣ карданро пеша намояд, бахусус, дар айёми нафақахӯрӣ, ки мо барои  фаъолияти эҷодӣ ва истироҳату сайёҳат вақти муносиб дорем, - мегӯяд Тутихон Назарова. 
- Марк Твен гуфта буд, ки синну сол он чизест, ки дар зеҳни мост. Агар дар бораи он фикр накунем, он нест. Пиршавӣ ин суоли ғолибияти руҳ бар материя аст. Синну сол тафаккурест, ки дар зеҳни мо ҷой гирифтааст. Агар шумо дар ин бора андеша накунед, пас он вуҷуд надорад, зеро мо бо афкору андешаҳо ҷаҳони худро сохтаему месозем. 
- Эҳсоси хушбинӣ ба манфиати солимии худи шахс аст. Ҳоло ин на танҳо барои одамони солманд, балки ба ҳама зарур аст. Бахусус,  ҷавонон, ки имрӯз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе хурофотпарастон мағзшӯӣ мешаванду ба роҳи нодуруст мераванд,- мегӯяд Тутихон Назарова.
Бону Тутихон Назароваро ҳамеша дар садри маҳфилу чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангии шаҳри Бохтар мебинем, ки бо иштироки фаъолаш ба маҳфилҳо нуру зиё мебахшад. Гоҳе мусобиқаҳои наврасону мактаббачагонро ҳакамӣ мекунаду гоҳе бо онҳо қувва меозмояд. Ба гоҳе ӯро машғули шоҳмотбозӣ мебинему  гоҳҳо ҷавононро доварӣ. Дар намоишҳои ҳунармандон ва муаррифии дастранҷи кадбонуҳо ҳамчун намояндаи шаҳри Бохтар дастовардҳои вилоятро то дар Бадахшону гоҳе дар Суғду Душанбе муаррифӣ мекунад. Ва замоне, ки ин матлаб омода мегашт, Тутихон Назарова бо тимаш – собиқадорони шаҳри Бохтар ба кумаки марди деҳқон, ба пахтачинӣ баромада буданд. 
Бо салиқаи хуби роҳбарӣ, малакаи баланди кордонӣ ва фарҳанги волои муошираташ миёни ҷомеа соҳибэҳтиром асту кӯлбори  донишу таҷибаи андухтааш барои рушди ҷомеа ва хизмат ба халқу меҳан нақши муҳим дорад. 
Ёд дорем, боре дар ҷамъбасти омӯзишу санҷиши гурӯҳи кории якдигарӣ, ки чанд сол байни шаҳру навоҳии вилоят роҳандозӣ гардида буд, масъулин натиҷаи омӯзиширо аз ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар баррасӣ намуда, ба кори Тутихон Назарова баҳои баланд дода буданд. Масъулин ба ҳозирин муроҷиат намуда гуфт, ки « барои омӯзиш ягон ҷой рафтани шумо шарт нест. Корро аз Тутихон Назарова омӯзед». 
Айни замон Тутихон Назарова ба ҳайси раиси Шурои меҳтарони шаҳри Бохтар фаъолият дорад. Тавре ҳамсолонаш иқрор меоянд аз замони ба ин симат интихоб шуданаш ҳуҷраи кориву қабулгоҳи меҳтарони шаҳри Бохтар ҳамеша озодаву сарсабз аз гулҳои парвардааш аст. Ҷевонҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва дару девори саршор аз овезаҳои пурмаонӣ аз салиқаи хуби раиси Шурои собиқадорон дарак медиҳад. 
Ӯ аз табори насли ду қаҳрамон - модараш Туйдӣ Назарова ва падараш Махсум Назаров, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 мебошанд. Модараш аз фаъолзанони замони худ буд, ки дар дафтари хотираҳои таърихӣ ба унвони иштирокчии анҷумани 11-уми занони Иттиҳоди шуравӣ ва ҳунарманди шинохта дарҷ гардидааст. Модари Тутихон дар рушди санъати рақси тоҷикӣ хидматҳои зиёд намуда, ҳамзамон фарзандони ғаюру шуҷоатмандро ба дунё овардааст, ки рисолати бузургонашонро дар арсаҳои гуногун идома дода истодаанд. Маҳз бо ҳамин бартариҳои аз зодмандон омӯхтаву  ҷасорату мушкилнописандӣ ва сабуриву дигар хислатҳои ҳамидааш  ӯ қадам ба қадам ба фатҳи қуллаи мақсуд расидааст.
Фаъолияти кории ин бонуи неруманд ба ду давра- асри қаблӣ- даврони шуравӣ ва имрӯза дар даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Тӯли фаъолияти пурсамари меҳнатӣ дар мансабҳои гуногуни роҳбариву фаъолияти сиёсии ҳизбӣ обутоб ёфтааст. Тавре худ қисса мекунад баъди хатми донишгоҳ як муддат дар МТМУ № 14-и ноҳияи Вахш ҳамчун омӯзгор фаъолият карда, аз соли 1979 то 1983 вазифаи муовини раиси ноҳияи имрӯза Ҷалолиддини Балхиро бар зимма дошт. Дар ин байн ду давра, солҳои 1985-1986 ва 1986-1991 шунавандаи мактаби олии ҳизбӣ дар шаҳрҳои Тошканд ва Маскав буд. 
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар низ фаъолияти пурсамар дошта, ба симати  сардори Департаменти «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон, муовини раиси Раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Хатлон, раиси Ҷамъияти матлуботи ноҳияи имрӯза Кӯшониён кору фаъолият бинмудааст.  Аз соли 2018 то имрӯз раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар мебошад. 
Дарвоқеъ, шахсиятҳои мисли Тутихон Назарова ва дигар ҳамсафонаш бо корномаҳои ибратомӯзи хеш ҳамеша дар сафи пешоҳангони ҷомеа қарор доранд. Фаъолияти пурсамари бисёрсолаи ин гуна шахсиятҳои маъруфи ҷомеа, ки бо иқдомҳои созандаву ватандӯстонаашон дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми мондагор гузоштаанд, намунаи ибрат барои ҷавонон ва наслҳои ояндаи Тоҷикистони азиз мебошад. 

  Латофат Чориева


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019