Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Соҳибэҳтиром аз хизмати шоиста
Дунболи орзуҳои ҷавонӣ бо шавқу шӯр ба мутолиаи китобҳо машғул мегардид ва ҳар дафъа бо итмом расонидани саҳифаҳои пурбори он як ҷаҳон маънӣ мебардошт.
Ҳамдарсону дӯстонаш ӯро бештари вақт сари мутолиаи китобе меёфтанду лақабашро “Мулло”-ву “Ҳофиз” ном мегирифтанд. Падараш, ки ронанда буд, аз сафар бо худ барои ӯ китоб меовард. Завқи китобхонӣ Раҳматулло Зокирзодаро чунон шефта карда буд, ки он ба одати муқаррарии ҳаррӯзааш табдил ёфта буд. Дар наврасӣ то мунтахаби Ҳофизу Бедилро аз бар карда, дар дил пешаи шарқшиносӣ ва рӯзноманигориро мепарварид. Баъд аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Вахш ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи шарқшиносии имрӯза Донишгоҳи миллӣ супорид, аммо аз як имтиҳон нагузашт.
Ба зодгоҳ- ноҳияи Вахш баргашт. Бо маслиҳати волидон ва дигар мутахассисони хоҷагӣ ҳуҷҷатҳояшро ба курси тайёрии донишкадаи аграрӣ супурд. Он замон, ки дар водии Вахш азхудкунии заминҳо идома дошт, хоҷагиҳо ба мутахассисони соҳибмаълумот эҳтиёҷ доштанд. Аз ин лиҳоз вай бо роҳхати ҳоҷагии собиқ «Москва» -и ноҳияи Вахш таҳсилро дар имрӯза Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон идома дод. Донишгоҳро бо ихтисоси муҳандис- гидротехник хатм намуд. Баъд аз он ба ҳайси саркори бинокорон дар хоҷагии «Москва» фаъолият намуд.
Бо дигар гаштани вазъу замона соли 1998 Раҳматулло Зокирзода ба Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон ба кор омад. Чанд муддат дар ин сохтор ҳамчун сармутахассис ва баъдан муовини сардори Раёсат фаъолияти пурсамар намуда, то ба вазифаи сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият намудааст.
Инак беш аз 25 сол аст, ки дар ин ҷода фаъолият мекунад ва дар ин давра таҷрибаи бой низ андухтааст. Ҳоло чун роҳбалади мутахассисони ҷавон дар ин самт онҳоро роҳнамоӣ мекунад. Давоми фаъолияти бисёрсолааш дар ин соҳа ӯ худро чун шахси ташаббускору масъулиятшинос муаррифӣ намуда, соҳибэҳтиром гардидааст.
Тавре ҳамкасбонаш изҳор мекунанд, саҳми босазои ӯ дар тарбияи мутахассисони ҷавон лоиқи таҳсин буда, дар хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории шахсони корҷӯ нақши босазо дорад. Хизматҳои шоёни Раҳматулло Зокирзода бо нишони «Аълочии соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» ва ифтихорномаҳо қадр гаштааст.
-Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғлро омода ва амалӣ намояд. Бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд»,- иброз медорад Р. Зокирзода. - Барои иҷрои саривақтии дастури Пешвои миллат оид ба соҳибкасб намудани шахсони аз 18 сола боло Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тадбирҳои судманд меандешад,- мегӯяд ӯ дар идомаи суҳбат.
Барои ин бекорон ба қайд гирифта шуда, ба марказҳои таълими калонсолон роҳхат дода мешаванд. Дар ин марказҳо аз рӯи 40 ихтисос, курсҳои касбомӯзӣ ташкил карда шудааст.
- Ҷавонон бояд ягон ҳунар дошта бошанд, чунки ба муҳоҷират рафта сарсону саргардон нашаванд. Ҷавононе, ҳастанд, ки ҳунар доранду ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда надоранд ва наметавонанд дар хориҷи кишвар аз рӯи он кор кунанд. Бинобар ин мо онҳоро ба Марказҳои таълими калонсолон роҳнамоӣ мекунем, ки дар ҳамкорӣ ба онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунанда медиҳанд,- зикр кард мавсуф.
Ин марди соҳибдил, ки ба қавле пасту баландиҳои рӯзгорро паси сар намудааст, соҳибмаълумот ва соҳибкасб будани бонувонро низ муҳим мешуморад. Зеро дар замони мураккабу пуртаҳаввулоти имрӯза доштани касбу ҳунар зарур аст. Худи ӯ ба ин масъалаи муҳиму ҳаётӣ диққати махсус дода, ҳамаи фарзандонро ба идомаи таҳсил ҳидоят намудааст.
Писаронаш дар макотиби олии кишвари Красноярски Федератсияи Россия, духтаронаш дар Коллеҷи тиббӣ таҳсили илм доранд. Инчунин хонаводаи онҳо ҳамчун дӯзандаҳои чирадаст дар маҳали зисташон шинохта шудаанд. Ҳамсараш ба духтарон, ки донишҷӯанд, боз ба дӯхти намудҳои гуногуни сарулибоси миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машғуланд.
Раҳматулло Зокирзода муваффақияту сомони зиндагиро аз меҳру муҳаббати самимии хонавода, дастгирии онҳо ва фарзандони солеҳаш медонад. Ӯ шахси ҳалиму хоксор ва кордону роҳнамои мутахассисони ҷавон аст.
Хизматҳои шоёни Раҳматулло Зокирзодаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр намуда, аз номи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонидааст.
Л. Мирзо
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



