Бойгонӣ

Дафтараш шуд сипари Фирдавсӣ

(Хотироте аз донишманди нотакрор, шодравон Зафар Мирзоён)
  
   …Ҷигараш хун зи ғаму доғи Ватан,
   Ҷигараш буд ҷигари Фирдавсӣ.
   Қаламаш бо аламаш бо ҳам буд, 
   Дафтараш шуд сипари Фирдавсӣ…
  Бо марги ҳар дӯст ҷузъе аз вуҷуди ман низ дафн мешавад, аммо саҳми онон дар хушиҳо ва лаззатҳоям маро вомедорад, то дар ин дунёи фонӣ боқӣ бимонам.                             
 (Аз китоби “Ҷаҳоне ганҷ» )  
 - Билолиддин,  баъзан мушоҳида мегардад, ки нафаре солҳо дар як соҳа кор карда,  устод гашта ва таҷриба андухтааст, аз кор озод менамоянду нафареро ба ҷои ӯ  ба кор қабул мекунанд, ки таҷрибаи кофӣ ва дониши арзандаи ҳамон соҳаро надорад. Ин ба мисли оне, ки нафаре бинои хонаашро чаппа мекунад,  ҳарчанд хиштҳои он бино пухтаанд ва аз солҳои пеш, онҳоро  мепартояду ба ҷои он хишти напа нав, вале хишти нопухта, хом чида девори хонаро бардошта, бунёд мекунанд. Мақсад одами ботаҷрибаву пухта як тараф карда шуда, ба ҷояш мисли хишти хом одами камтаҷриба ва хом ба кор гирифта мешавад…
 Ин як лаҳзаи вохӯ рӣ ва суҳбати устод буд, ки намунае рӯ и сафҳа овардам. Чунин мисолҳои ҳаётӣ, ки аз мушкилоти ҳаррӯ заи мо устод мисол меоварданд зиёд буданд ва дарҳол роҳи ҳаллашро пешниҳод мекарданд.  
  Барои банда шодравон Зафар Мирзоён як шахсияти нотакрор, ба ҳайси як олим, инсони бузург дорои ҳамаи хислатҳои беҳтарини одамӣ, дар хотирам мемонад. Бо устод солҳои тулонӣ ҳамкорӣ доштам ва андешаҳои ӯ ро ба ҳайси як нафар ховаршиноси шинохта ва коршинос дар мақолаҳоям истифода мебурдам. Устод ҳеҷ гоҳ аз омӯ хтан, чизе навиштан ва пешниҳоду таҳлил кардан канораҷӯӣ намекарданд. Зафар Мирзоён бо матбуоти даврӣ ҳамкорӣ дошта, мудом барои баланд бардоштани худшиносии миллии ҷавонон ва бедории миллӣ мақолаҳои таҳлилӣ менавиштанд. Дидгоҳи хоси худро дошт ва ҳама вақт холисона дастгир ва роҳбалади ҷавонони донишманд буд. Чанд соле, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад ӯ ба симати доварони асосии сатҳи минтақавӣ буданду ҳам дар тайёр кардани довталабони ин озмун  саҳми худро мегузоштанд. Як нафар ватандӯ сти асил, ки ҳамеша дар андешаи ободии Ватану рушди он ва тарбияи ҷавонони донишманду ватандӯ ст шинохта шуда буд. Афсӯ с, ки сутуни бузурги маърифат, олими муосир ва як донишманди соҳибмактаби хушсалиқа моро тарк кард.  
        Раҳмон Дилшод Сафарбек, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯ лоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯ дакӣ иброз медорад, ки Зафар Мирзоён солҳои дароз дар донишгоҳи мазкур ба ҳайси мушовири ректор фаъолият намуда, дар тарбияи олимони ҷавон нақши мондагоре гузоштааст. Ин донишманди асил  ҳеҷ гоҳ даъвои ҷоҳу ҷалол ва шуҳрат надошт ва давоми умри худ пайи дараҷаву унвон нагаштааст. Унвон надошт, лекин ба маънои пурааш донишманди воқеиву суханвари барҷаста буд. Расидан ба мақоми номзаду доктор барояш муддате кор буд, аммо аз чӣ буд, ки дар ин самт кӯшише ба харҷ надодаанд. Зафар Мирзоён марди донишпажӯ ҳе буд, ки суханаш таъсиргузору ҳаводоронаш вофир ва дар ҳар маҳфиле сухани чидаю баргузида дошт. 
   Чанд рӯ з пеш аз фавташон мисли он ки аз охири умр хабар доштанд, як китобашонро бо номи «Се шикасти ориёиҳо» оҷилан ба дасти чоп доданд. Ин китоб бо маблағгузории донишгоҳ аз нашр баромад ва ба дасти хонанда расид. Баъди нашри китоб як хастагие аз равони устод камтар шуд. Эҳсос мешуд, ки масъулияти азимеро паси сар намуда бошанд. «Се шикасти ориёиҳо» охирин умеди устод гардиду оғози омӯ зишу таҳқиқ ва шинохти таърихи миллат. Донишманди тоҷик Абуллоҳи Раҳнамо даргузашти Зафар Мирзоёнро дар ҳошияи нашри китоби «Се шикасти ориёиҳо» шикасти чоруми ориёиҳо ном бурда, устодро рӯ шангари роҳи миллат, постдори фарҳанг ва муҳофизи тамаддуну арзишҳои миллӣ эътироф намуданд. 
  Устод Зафар Мирзоён бо хидматҳои шоёну мондагорашон дар сафҳаи таърихи миллат номи худро бо хатҳои заррин навишта кард. Ӯ  хидматеро барои миллат адо кард, ки даркаш дар тасаввур намеғунҷад. Мо маводи ҷамъовардаи устодро, ки ба хонандаи азиз нарасидаанд, як ҷо ҷамъ оварда, барои ҳаводоронаш дар шакли китоб ба табъ мерасонем. 
Дарвоқеъ месазад, ки ба хотири гиромидошти ин донишманди инсондӯсту ватанпарвари содиқ стипендияи донишҷӯӣ ва ё ҷоизаеро таъсис дод. 
Ба гуфтаи Хуршеди Атоулло, директори  ТҶ Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон  устод   Зафар Мирзоён натанҳо барои журналистика, балки барои адабиёт ҳам як муъҷиза буд. Шояд, ки мо ба пуррагӣ ӯ ро нашинохтем, қадрашро надонистем, эҳтиёт накардем. Ман бовар дорам, ки оянда мо барои ин гуна нобиғаҳои миллат ангушти пушаймонӣ мегазем. Воқеан, дар рушди журналистикаи маҳаллӣ дар тарбияи шогирдон, нақшу нумуи соҳаи  рӯ зноманигорӣ ва ҳам дар тақризу адабиёту таҳқиқ Зафар Мирзоён ҳамто надошту дидгоҳи худашро ба кор мебахшид. Ҳар чизе ки ӯ  менавишт ба хушиву ба хубӣ қобили қабул буд. Бадбахтона баъди ӯ  мо нафаре, ки ба таҳқиқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ машғул бошад, надорем. Мутаассифона ҷои ӯ  дар ин ҷода солҳои сол холӣ мемонад.  
    -Устоди равоншод Зафар Мирзоён дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯ лоб нахустин нафари ташкилкунандаи маркази матбуотии раиси шаҳри Кӯ лоб буданд, то ин ки робитаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо кормандони ВАО густариш ёбад,- мегӯяд Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯ лоб. - Ӯ шахсияте буд, ки нахустин маротиба бахшида ба 2700- солагии шаҳри Кӯ лоб дар ҷамоатҳои ноҳияи Кӯ лоб Корвони китоб ташкил додааст. Бахшида ба ин ҷашн дар шаҳри Кӯ лоб Фестивали китоб ташкил карда буданд, ки растаҳои намоишу фурӯши китоб аз гардиши бинои Амонатбонк то майдони назди Донишгоҳи давлатии Кӯ лоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ идома ёфта буд. Мардуми шаҳр он намоиши бузургу беназири китобро дар хотираҳо нақш намудаанд.  
Ба гуфтаи Орзу Ҳамидиён иқдоми дигари устоди равоншод ин бо мақсади тарбияи худшиносӣ ва ватандӯ стии ҷавонону дигар сокинони шаҳр ташкилу ба роҳ мондани чорабинии фарҳангии «Шоҳномахонӣ» буд. Ҷолибияти маҳфил дар он буд, ки аъзоёни маҳфил дар синну сол, ихтисос ва табақа ягон нақш бозӣ намекард. Дар он олим ҳам буд, донишҷӯ  ҳам буд, талабаи мактабхон ҳам аъзо буд, мулло ҳам, корманди ҳукумат низ. Ҳатто аъзоён ҳамсолони устод ва аз он ҳам куҳансолтарин буданд. Дар маҳфил танҳо як шоҳномахонӣ набуд, балки тамоми масъалаҳо-  фарҳанг, адаб, зебоипарастӣ,  оини шаҳрнишинӣ, шаҳрдорӣ, дар маҷмуъ асолати ватандорӣ ва ватандӯ стӣ бисёр баҳс мешуд. 
Мо дар маҳфили устод чизҳоеро шунида будем, ки дар мактаб онро намеомӯ хтанд. Масалан, тасвири симурғ ва образи ин парандаи нодир, ки ба кайҳон барвақт алоқамандӣ доштани мардуми моро мефаҳмонд. Ё ин ки бо тафсиру таҳлил ва шарҳи ғазалҳои Хоҷа Ҳофиз, Мавлоно Ҷомӣ, Саидои Насафӣ ва дигар бузургони форсу тоҷик ба мо андешаву ангезаи ватандӯстиву ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва меросбари фарҳангу адабиёти оламгир буданро мебахшиданд, - иброз дошт муовини раиси шаҳри Кӯ лоб. 
Бинобар ин нақши мондагору саҳми бузурги устод Зафар Мирзоён дар рушди илму фарҳанг ва тарбияи насли имрӯзу ояндаи шаҳри Кӯлоб бузургу беназир арзёбӣ мегардад ва устоди шодравон бо хизматҳои шоёнаш дар ин ҷода дар зеҳну замири ҳамагон маъво дорад.

   Билоли Шамс,  шаҳри Кӯлоб   


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019