Бойгонӣ

Моҳияти гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ

  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 22 июни соли 2023 ба имзо расид, ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар кишварамон такони ҷиддӣ бахшида, ба ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва  таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ мусоидат мекунад. Дар асоси Фармони мазкур шуруъ аз 1-уми августи соли ҷорӣ пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ ғайринақдӣ амалӣ шуда истодааст.
  Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони мазкур имрӯзҳо дар доираи ҳамоишу чорабиниҳои омӯзишиву фаҳмондадиҳӣ, ки бо ташаббуси сохторҳои гуногуни давлатӣ  роҳандозӣ гардида истодааст, мутахассисону коршиносони бахшҳои мухталифи ҷомеа фикру андешаҳои худро ҷиҳати осон гардонидани мушкилот дар ин самт иброз медоранд. Дар чунин як семинар-машварат дар мавзуи “Гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ”, ки бо иқдоми Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар доир гардид, масъулони сохторҳои бонкии дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолиятдошта изҳор доштанд, ки бонкҳои кишвар ва дигар ниҳоди қарздиҳӣ аз лиҳози хизматрасониҳо дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ пурра омода мебошанд.
  Ба андешаи Самадзода Фирдавси Ҷабор, мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишварамон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи низоми бонкӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ба ҳисоб меравад. Бо мақсади рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти кишвар ва истифодаи фаъоли воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо, ҳанӯз моҳи ноябри соли 2018 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ба тасвиб расида буд. Дар асоси ин қарор вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатии амаликунандаи хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, вазифадор шудаанд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳоро аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ, таъмин намоянд.
  Ба гуфтаи мавсуф имрӯзҳо дар аксарияти давлатҳои тарақќикардаи дунё муомилоти байни харидор ва фурўшанда ё хизматрасон ва истеъмолкунанда дар аксари ҳолатҳо тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад. Аз ин рӯ дар Тоҷикистон ҳам зиёд намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба рушди босуботи кишварамон таъсири мусбат мерасонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрўз аксарияти сокинон оид ба ин навъи хизматрасонии бонкӣ, сабукиҳо ва имтиёзҳои он ба пуррагӣ огаҳӣ надоранд ва дар аксарияти ҳолатҳо ҳангоми харидории молу маҳсулот амалиётро тариқи нақдӣ анҷом медиҳанд. Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзии ватанӣ тадбирҳои саривақтиро андешида, баҳри зиёд шудани ҳиссаи он дар иқтисодиёт мусоидат менамояд. 
  Аз суҳбат бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа чунин бармеояд, ки ҷиҳати дар сатҳи лозим иҷро гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» қишри қобили меҳнат бештар аз ҳама, кормандони соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба бозомӯзӣ ва такмили донишу малакаи истифода аз технологияи муосир ниёз доранд. Дар мисоли сокинони деҳот, ки аксарият аз алоқаи интернет ва воситаҳои мобилӣ зиёд истифода намебаранд, дар раванди гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла пардохти андози замину амвол, ҳаққи истифодаи неруи барқ ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Биноан, дар баробари фароҳам овардани шароиту имкониятҳо ҷиҳати рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бояд чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ бештар ба роҳ монд. 
  Мусаллам аст, ки минбаъд пардохти ҳаққи хизматрасониҳои тиббии музднок ҳам тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад. Пас суоле ба миён меояд, ки шаҳрвандоне кортҳои бонкӣ надоранд ва ё аз ҳисоби  пасандозҳои нақдии дар хона нигоҳ доштаи худ табобат гирифтанӣ мешаванд, чӣ бояд кунанд? Вобаста ба ин мавзуъ Қурбоналӣ Неъматов, сармуҳосиби Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, иброз медорад, ки равандҳои замони муосир, аз ҷумла, гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ тақозои замон буда, ба беҳбудии сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст. Дар мавриди ҳалли мушкилоти пешомади шаҳрвандоне, ки то кунун корти бонкӣ надоранд, Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як ќатор иқдомҳои муҳимро рӯи даст дорад. Аз ҷумла, ба хотири таъмини эҳтиёҷоти сокинони вилояти Хатлон аз ҷониби КВД “Амонатбонк” 70 ҳазор корти бонкӣ ройгон дастраст карда шудааст, ки аз ин 20 ҳазор адади он барои сокинони шаҳри Бохтар пешбинӣ гардидааст. 
  -Ҳамчунин, тибқи муқаррарот барои табобати муздноки фарзандони ноболиғ ва дигар аъзои хонавода, ки айни замон корти бонкӣ надоранд, метавон аз корти ягон нафар аз аҳли оила пардохти ғайринақдиро анҷом дод,- мегӯяд Қурбоналӣ Неъматов.  – Гарчанде дар марҳилаи аввали гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ каме мушкилот пеш меояд, вале бо мурури замон ғайринақдӣ пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои тиббӣ омили пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ хоҳад гардид. Зеро аз ин ба баъд зимни расонидани кумакҳои муздноки тиббӣ, дигар табибону хизматчиёни тиббӣ аз сокинон маблағи зиёдатӣ ситонида наметавонанд. 
  Дар ҷараёни омодагии аҳолӣ ҷиҳати гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳо ба андозсупорандагон ва истифодабарандагони хизматарсониҳои коммуналиву  дигар боҷу пардохтпулиҳои гуногун имрӯзҳо бо иқдоми филиалҳои бонкҳои гуногуни кишвар ва соҳаҳои иқтисодиёт суҳбату семинар-машваратҳои омӯзишӣ баргузор гардида истодааст. Тавре зимни нишасти матбуотӣ масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант изҳор доштанд, дар баробари таъмини муроҷиаткунандагон бо кортҳои бонкӣ ва таъмини қишри ниёзманди ҷомеа бо кортҳои бонкии ройгон аз ҷониби шуъбаи КВД “Амонатбонк” дар шаҳри Левакант, ҳамзамон, миёни сокинони шаҳр як силсила суҳбату вохуриҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин чорабиниҳо масъулону мутахассисони соҳаҳои бонку дигар ниҳоди қарздиҳӣ оид ба шароиту имкониятҳои мавҷуда дар самти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба иштирокчиён маълумот медиҳанд. 
  Дастоварду натиҷаҳои дар самти рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ноилгардида имкон медиҳад, ки соҳаҳои марбута бо истифода аз технологияҳои муосири пардохтӣ, ба монанди бонкдории мобилӣ, интернет- бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ба муштариён имконияти пардохт намудани хизматрасониҳои гуногунро ба таври ғайринақдӣ фароҳам намоянд. Мавриди зикр аст, ки бонкҳо ва ниҳоди қарздиҳӣ бо мақсади ҳавасманд намудани муштариён дар раванди гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҳаққи хизматрасониҳоро коҳиш дода, барномаҳои бонусӣ, кэшбэк, пардохти фоиз аз амалиётҳои гузаронидашуда ва дигар роҳу имкониятҳои ҳавасмандгардониро пешниҳод намуда истодаанд.
  Дар ин росто Ҳукумати Тоҷикистон Бонки миллиро якҷоя бо Хадамоти алоқа ва дигар ниҳодҳои масъул муваззаф намудааст, ки амнияти пардохтҳои ғайринақдиро таъмин намоянд. Тавре масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе иброз доштан, амнияти пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои алоқаи мобилӣ, тибқи қолабу меъёрҳои байналмилалӣ фароҳам оварда мешавад. Ҷиҳати рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ ва сохторҳои марбута дар ин самт кор бурда истодаанд. 
  Дарвоқеъ,  рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҳамчун омили инкишофи низоми молиявӣ дар ғанӣ гардонидани буҷети кишвар нақши муҳим дорад. Ба андешаи мутахассисони соҳаи бонкдории вилоят истифодаи оммавии воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо (хариди молу хизматрасониҳо) ба шаффоф гаштани ҷараёнҳои молиявӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ, инчунин ба зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо мусоидат менамояд. Қобили қайд аст, ки дар шароити кунунӣ истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо ҳам барои иқтисодиёт ва ҳам барои аҳолӣ афзалияту бартариятҳои зиёд дорад.
  Аз суҳбат бо сокинони соҳибмаълумоти шаҳри Бохтар бармеояд, ки имрӯз аксарият аз соҳибкорону ҷавонони ҷаҳондида хариди маводи ғизоӣ, пардохти маблағҳои коммуналӣ ва сӯзишвориро тариқи пардохтҳои ғайринақдӣ анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, истифодаи ҳамёни электронӣ имкон медиҳад, ки муштариён бо худмаблағи калон ва корти бонкӣ нагардонанд ва барои гирифтани маблағҳои худ соатҳо дар назди банкоматҳо навбат намеистанд. 
  Дар умум, бо шарофати рушду пешрафти технология ва тақозои замон раванди ҳисоббаробаркуниҳо осон гарида, хавфи аз даст додани маблағҳои пулӣ бартараф мешаванд ва аз амалҳои номатлуби ғайримақсаднок истифода шудани маблағҳои буҷетӣ пешгирӣ карда мешавад.

Юсуфи Собир


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019