Бойгонӣ

НБО-НОРАК ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ТАҶДИД ГАРДИД

Неругоҳи барқии обии Норак  яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Миёна ва берун аз он ба шумор меравад. Он барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар аҳамияти муҳими стратегӣ дошта, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат таҷдиду азнавсозӣ гардида, иқтидори истеҳсолиаш афзоиш дода шуд, - гуфт зимни мусоҳибаи ихтисосӣ сармуҳандиси неругоҳ Маҳмадамин Маҳмадсаидзода ба ходими маҷаллаи “Сафо”.

Нахуст, мехостем аз таърихи бунёди неругоҳ ёдовар мешудед, ки сохтмони он кай ва чӣ тавр шуруъ гардид?

-Агар ба ибтидои бунёди неругоҳҳои барқии обӣ дар Тоҷикистон назар афканем он ба солҳои 30-40-уми асри гузашта рост меояд. Дар ҳамон айём аввалин гурӯҳи кашшофӣ-ҷустуҷӯи ба Норак омаданд ва дар ин мавзеъ  даҳсолаҳо корҳои илмию тадқиқотӣ ва банақшагирӣ анҷом додаанд. Баъд аз хулосаи мутахассисон соли 1961 бунёди НБО-и Норак оғоз гардида, аввалин агрегати он бо иқтидори 300 МВт, охири соли 1972 ва бо иқтидори пуррааш соли 1979 ба истифода дода шуд. Иқтидори нерӯгоҳ сараввал 2700 мВт буд, соли 1988 ҳамаи агрегатҳои он таҷдид гардида, тавоноияш ба 3000 МВт баробар гардид. 
-Чаро маҳз дар ҳаминҷо ин неругоҳи бузург ва дигар иншооти гидроэнергетикии кишвар сохта шуд?
НБО-и Норак ба силсилаи неругоҳҳои Вахш, ки ба он инчунин нерӯгоҳҳои Бойғозӣ, Сангтӯда 1, Сангтуда 2, Сарбанд, Шаршара, Марказӣ, НБО-и Роғун ва нерӯгоҳи дар лоиҳа будаи Шӯроб шомиланд, дохил мешавад. 
Иқтидори солонаи силсила 900 Мвт ва истеҳсоли солонаи неруи барқ қариб 36 миллиард кВт.соатро ташкил медиҳад. Танҳо неругоҳи барқии обии Норак соле то 10-11 миллиард кВт.соат нерӯи барқ истеҳсол менамояд, ки он дар таъмини аҳолӣ ва соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бо энергияи сабз нақши муассир дорад.
Дарёи Вахш аз он рӯдхонаҳое ба шумор меравад, ки аз ҷиҳати мутобиқати гидроэнергетикӣ дар олам камназир аст. Фарқи байни сатҳи болоӣ ва поёноби дарё 1834 метрро ташкил медиҳад, ки ин барои сохтмони нерӯгоҳҳо ва истеҳсоли барқ хеле мувофиқ аст. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон захираи гидроэнергетиикии дарёи Вахш дар як сол 45 миллиард кВт соатро ташкил медиҳад. Вахш аз омезиши дарёҳои Сурхоб ва Хингоб тартиб ёфта, 372 км дарозӣ дошта, ба дарёи Ому мерезад. 
Иншооти асосии НБО аз дарғоти сангу гилӣ, маҷмааи иншооти обпарто, ки дар соҳили чапи дарё ҷой гирифтаанд ва маҷмааи фишорӣ-истгоҳӣ иборат мебошад.
Обанбор, ки дар натиҷаи пеши дарёро бастан пайдо шудааст, обанбори танзими солона ба шумор рафта, аз саргаҳи дарғот дар масофаи 70 километр тӯл кашидааст. Майдони умумии обанбор аз боло 98 километри мураббаъ буда, ҳаҷми оби коркарди солона 53 метрро ташкил медиҳад. 
Дар толори мошинҳо ду кран мавҷуд аст, ки иқтидори борбардории ҳар кадоми онҳо 360 тонна мебошад. Берун аз толори мошинҳо майдончаи васлгарӣ мавҷуд аст. Трансформаторҳои қуввагӣ дар қисмати поёнии бино васл шудаанд. Худи бинои маъмурӣ ва идоракунии нерӯгоҳ дар болои маҷрои об қомат афрохтааст.

-НБО-Норак бо дарғоти (платина) ниҳоят баланди худ ном баровардааст ва ҳатто барои дидани он сайёҳон аз хориҷи кишвар низ меоранд. Лутфан дар ин бора маълумот медодед.

-Воқеан, дарғоти маҷмааи гидроэнергетикии Норак дар олам камназир буда, аз сангу гилӣ сохта шудааст ва асоси (ядрои) марказӣ дорад. Баландии максималии он 300 метрро ташкил дода, барои бунёдаш 54,2 миллион метри мукааб сангу шағал сарф гардидааст. 
Такягоҳҳои призмашакли дарғот аз шағал пур карда шуда, мағзи (ядрои) он амудӣ шакл гирифта, аз сурххок ва шағалу маводи сангии диаметри максималиашон то 200 мм асос гирифтааст. Масоҳати аз мағз то такягоҳҳо ба филтрҳои ғафсиашон тағйирёбанда, ки аз маводи махсус тайёр шудаанд, бастабандӣ шудааст. Ба хотири ба заминҷунбӣ ва фишори мавҷӣ тобовар будан, канорҳои дарғот аз ду тараф бо харсангҳои гарони аз тарафи обанбор ғафсии қабаташон 20-40 метра ва тарафи резишгоҳи поён ғафсии қабаташон 5-10 метра мустаҳкам карда шудаанд. 
Дар қисмати поёнии нишемангоҳ садди бузурги бетонӣ бунёд ёфтааст, ки он ҳамчун асоси ядрои дарғот хизмат менамояд. Ҳаҷми ин садди бузурги бетонӣ 149 ҳазор метри мукааб буда, дарозиаш лаб-лаби маҷро 157 метр ва байни канорҳои дара аз 30 то 60 метрро ташкил медиҳад. Болои садди бетонӣ бо плёнкаи полимерӣ, ки бо қабат маводи шишапахта мустаҳкам карда шудааст. 
Асоси дарғот, ба хотири пешгирии қабат замин дар чуқурии аз 40 то 130 метр пардаи муқобили филтршавии об бунёд ёфтааст. Ба ғайр аз ин, дар чуқурии 8 метр асоси ядро бо семент мустаҳкам карда шудааст. 
Бояд махсус қайд кард, ки бунёди ин дарғот, ки ҳоло ҳам бузургтарин дар олам ба шумор меравад намунаи барҷастаи андешаи муҳандисӣ ва ақли инсонист. Масолеҳе, ки аз он ин дарғот бунёд ёфтааст, айнан он хоку шағали кўҳу теппаҳои атроф мебошанд. Дар инҷо бунёди дарғоти сесадметраи сементӣ ба талаботи маҳал мувофиқат намекард. 
Беҳуда нест, ки дарғоти НБО-и Норак дар Женева медали “Ситораи тилллоӣ”-и сифат ва соли 2010 дар Ҷумҳурии Халқии Хитой сертификати сифатро соҳиб шудааст. 

-Шаҳри Норакро нақби обпартои неругоҳ боз ҳам тароват бахшида, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Аслан ин обпарто, ки монанд ба шаршараи бузурги табиӣ аст, чӣ вазифаро иҷро мекунад?

-Таҷҳизоти обпартои НБО-и Норак, ки бо мақсади партофтани обҳои зиёдатӣ ва садамавӣ бунёд ёфтаанд, дар шакли ду нақби ҳаҷми қутрашон 103 метри мукааб сохта шуда, дарозии яке 1,4 киллометр буда, 100 метр поёнтар аз сатҳи номиналии обанбор (НПУ) ҷой гирифтааст, дигараш 1,2 киллометр дарозӣ дошта, аз сатҳи болояш обқабулкунаки дорои ду вусъати обрезии бо дарбандҳои сенгментӣ пӯшида ва кушодашаванда дорад. 
Таҷҳизоти фишорӣ- истеҳсолӣ аз иншооти обқабулкунанда, ки обгузарҳои фишорӣ доранд, бинои НБО ва дастгоҳи кушодаи тақсимкунии неруи барқ иборат мебошад. 
Қабули об ба воситаи таҷҳизоти обқабулкунии манорадори дар соҳили рости обанбор буда, сурат мегирад. Остонаи иншооти обқабулкунанда 73 метр поёнтар аз сатҳи муътадили НПУ мавқеъ дорад. Дар манора, дар баландии 80 метр дарбандҳои садамавӣ ва таъмирӣ ҷой гирифтаанд. 
Обгузаронҳо тунелҳои буришашон куррашакл мебошанд, ки қутри ҳар кадомашон 10 метр ва вусъаташон 1260 метр аст. Тақрибан дар мобайни масофа ҳар кадом тунелҳои обгузарон қубурии диаметрашон 6 метрӣ ҷудо мешаванд. Ҷойи тақсимшавӣ ва обгузарҳои қубурӣ ҷилди металии диаметрашон 25-50 мм доранд. 

-Барои таҷдиди НБО-и Норак дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар чӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд?

-Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус  Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷдид ва модернизатсияи неругоҳ диққати калон додаанд.
Соли 2009 чархи кории агрегати №3ба чархи нави иқтидораш баланд иваз карда шуд. Соли 2012 тамоми таҷҳизоти Дастгоҳи тақсимоти кушода 220 кВ ба таҷҳизоти нави замонавии элегазии ДТПЭ -220 кВ иваз гардид. Давоми солҳои 2010-2014 дар агрегати №8 чархи кории нав васл карда шуда, бори аввал дар таърихи неругоҳ таъмири асосии дарбанди кӯравӣ гузаронида шуд ва соли 2016 дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии -500кВ ба кор дароварда шуд. 
Ҳамин тариқ, барои корҳои таҷддиду барқарорсозии неругоҳи Норак давоми солҳои 2006-2016 беш аз 627 миллион сомонӣ хароҷот шудааст.
Вобаста ба маблағгузории марҳилаи якуми лоиҳа байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Бонки Умумиҷаҳонӣ) соли 2017 Созишномаҳои қарзию грантӣ ба маблағи умумии 226 миллион доллари ИМА, бо Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ созишномаи қарзӣ ба маблағи 60 миллион доллар, инчунин соли 2019 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёгии Рушд созишномаи қарзӣ ба маблағи 40 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд. 
Дар маҷмуъ то имрӯз барои маблағгузории марҳилаи якуми лоиҳа зиёда аз 328 миллион доллари ИМА ҷалб гардидааст. Дар доираи ин лоиҳа 3 гидроагрегати неругоҳ ва таҷҳизотҳои асосии неругоҳ таҷдид карда шуда, бехатарии дарғот таъмин гардида истодааст. 

Амонулло Бахтиёрзода
ш.Норак


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019