Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Истиқлол ормон не, воқеият аст
Дар моҳи сентябр идҳо пайиҳаманд. Он аз дарси сулҳу Рӯзи дониш оғоз меёбад. Беҳтарин дастовард барои натанҳо ҷомеаи тоҷикон, балки ҳамаи мардуми дунё сулҳу осоиш аст. Аввалин зангӯлаи макотибу коллеҷу донишгоҳҳо ба шинохти таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон даъват мекунад. Арҷ гузоштан ба ҷоннисориҳои фарзандони ватанпарвару миллатдӯсти тоҷик барои насли наврас ва ҷавонон муҳим мебошад.
Таҷлили Рӯзи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ – асосгузори адабиёти классики тоҷик, ки мақоми забони модариамонро дар аҳди сомониён бо ашъораш шуҳрати ҷаҳонӣ дод, ба сентябр рост меояд.
Ёдбуди ориф ва шоири бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки ғояи ваҳдати одамонро тараннум кардаву бо «Маснавии маънавӣ»-яш ҳазорсолаҳо бо одобу эътиқоди пайравонаш таъсиргузор аст, дар ин моҳ гузаронида мешавад. Ҳамаи ин қадршиносӣ бо ҳувияти миллии тоҷикӣ иртибот дорад. Аммо аз ҳама иди асосӣ барои мо тоҷикон- ҷашни Истиқлол аст. Ин санаи таърихӣ – 9-уми сентябри соли 1991 дар тақдири миллат хотирмону муққадас маҳсуб мешавад. Соҳибихтиёр шудани тоҷикон аз талошу муборизаҳои фарзандони фарҳехтаи асил дар тӯли қарнҳо ба даст омад. Неруҳои озодихоҳу ҳақшинос бо қонунӣ кардани мақоми забони тоҷикӣ, исботи қадимию тамаддунофар будани миллати тоҷик, қувват додани демократияву гуногунандешӣ қадамҳои аввалини истиқлолро гузоштанд. Вале душманони миллат фирефтаи ғояҳои давлати исломӣ гардида, мардумро ба маҳалу мазҳабҳо, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷудо намуданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистони моро харобу валангор, халқро сарсону ғариб кард. Аз шодии истиқлол осоре намонд. Маҳз дар айёми тақдирсоз иҷлосияи16-уми Шурои Олӣ баргузор шуду Эмомалӣ Раҳмон – Сарвари давлати тоҷикон барои қатъи ҷанг, баргардодани гурезаҳо, обод кардани кишвари ҷангзада камари ҳимат баст. Наҷоти миллат ба майдон омад. Аз худгузаштанҳо, муросову мадоро баҳри сулҳу оромӣ ва аз байн нарафтани давлату миллат панҷ соли дигар идома ёфт. Аз санҷиши сангини таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол гузаштан, аз вартаи ноумедиву дилшикастагӣ ба умеду боварии зиндагии осоишта баромадани халқи азиятдида кори саҳл набуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чун роҳбалади боэътимод миллатро сарҷамъ намуд. Ин қаҳрамонӣ барои Ватан, миллати хеш, истиқлоли Тоҷикистони азиз намоди беҳтарини меҳанпарастии наҷиб буд. Имрӯз сулҳи тоҷикон боиси пайрави дигарон аст.
Мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу амонӣ бо корҳои ободонию бунёдкорӣ банд аст. Ба пешвози иди Истиқлол аз хонаву дари худ сар карда, то корхонаву муассиса, шаҳру вилоят омодагӣ эҳсос мешавад. Иншооти ҷашнӣ ба қабул омодаанд. Тозаву гулкорӣ шудани кӯчаву хиёбонҳо, алвонҷ задани Парчами Тоҷикистон дар ҳама ҷо руҳияи идонаро мефаҳмонад. Эҳсоси ифтихор аз Истиқлолу ваҳдат дар чеҳраи ҳар як пиру барно ҳувайдост. Эҳсоси шукургузорӣ ба ин даврони зиндагӣ ба амалӣ шудани ташаббусу ҳадафҳои нави рушди кишвар ҳидоят мекунад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил дар арсаи байнанмилалӣ мақоми хос дорад. Ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳи сартосарӣ, дипломатияи об шуҳрати тоҷиконро боз ҳам боло бурдааст. Тоҷикистон ҳоло макони баргузории ҳамоишҳо, мусобиқаҳои варзишии ҷаҳонист. Ба саёҳати Ватани биҳишосоямон ҳазорҳо сайёҳон ташриф меоранд.
Самараи Истиқлол буд, ки садҳо лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалӣ шуда, ҳамкориҳои байналмилалӣ тавсеа меёбанд. Дар деҳаву ноҳия, шаҳру вилоят ифтитоҳи мактаб, кӯдакистону бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои саноатӣ, коху майдончаҳои варзишӣ, биноҳои нави ташкилоту муассисаҳо, хати оби ошомиданӣ аз беҳтар шудани иҷтимоиёти мардум дарак медиҳад. Баланд гардидани сатҳи зиндагии шаҳрвандон аз қадамҳои устувори Тоҷикистон дар самти рушди ҷомеа нишон аст.
- Истиқлолу озодӣ барои ҳар яки мо неъмати бузургтарин, сарвати бебаҳотарин ва дастоварди арзандатарини зиндагӣ мебошад,- тасдиқ мекунанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. Воқеан, аз шарофати Истиқлол дар ҳаёти миллати тоҷик тағйироти куллӣ ба назар мерасад. Иди Истиқлол натанҳо таҷлили ба мустақилият расидани давлат, балки натиҷаву тасмимҳои нави пешравӣ мебошад. Дарки аҳамияти таърихии он, ҳифзи Истиқлол моро водор менамояд, ки ин Ватанро боз ҳам дӯст дорем, барои ободияш саҳм гузорем, то садсолаҳои дигар пойдору пешрав бимонад.
Д. Маҳкамзода
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо


