Бойгонӣ

Амну осоиш – саодати модарон

Насли калонсол сари ҳар суҳбат аз рӯзгори гузаштаи даврони шуравӣ, дӯстию бародарӣ байни қавму мииллатҳои гуноргун, ки паҳлуи якдигар аҳлонаву тифоқ зиндагонӣ мекардад, ёд мекунанд. Мардуми тоҷик аз азал инсондӯсту меҳмоннавоз аст ва ба дигар қавму миллатҳо эҳтироми хоса мегузорад, дӯстиро қадр мекунад ва дӯстонро тоҷи сар. Ҳоло ҳам  намояндагони дигар миллатҳоро, ки дар кишварамон сукунат доранд, ба худию бегона ҷудо намекунад, бо онҳо пайванди хешу таборӣ доранду эҳтиромашонро ба ҷо меоранд..
Холаи Рустай (Рыстай) Бойтураева аз куҳансолтарин омӯзгор, намояндаи қазоқтабори Ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён аст, ки дар муҳити тифоқу дӯстонаи дигар қавму миллатҳо ба воя расидааст. Рустай (Рыстай) исми қазоқӣ буда, маънои “ муҳаббат ба инсон”-ро дорад. Сабаби чунин ном гирифтанаш  бо як дандон таваллуд шуданаш будааст. Яъне, вақе ки ӯ ба дунё омад, аллакай дандоне ба миқдори як донаи биринҷ дошт.  Ақидае мавҷуд буд, ки чунин кӯдакон   хосу болаёқат мешаванд. 
Холаи Рустай даврони вазнину сангинеро аз сар гузаронидааст. Ҳанӯз хурд буд, волидонаш аз Қазоқистон ба Тоҷикистон куч бастанд. Соли 1941 падараш ба ҷанг сафарбар гашт. Дере нагузашта, соли 1942 хабари дар фронт ҳалок гаштани падар расид. Рӯзгори бе ин ҳам вазнин мушкилтар гашт. Бо вуҷуди он, ки падараш ҳалок гашта буд, ба онҳо кумакпулӣ дода намешуд, чунки аз фронт хати сиёҳ наомада буд. Масъулини ҳамонвақтаи хоҷагӣ ба роҳбари вақти Иттиҳоди шуравӣ И. Сталин нома навиштанд ва баъди дахолати онҳо соли 1943 аз ҷанг хати сиёҳ омад. Сипас ба оилаи онҳо кумакпулӣ доданд...
- Ҳамагӣ 5 сол доштам, аммо ашкҳои сӯзони модар ва азобу машаққати  ӯ барои ба по хезонидани мо, фарзандон  ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирам зудуда намегарданд. Модарам барои нигоҳубини чор кӯдак шабу рӯз заҳмат мекашид, дар саҳро меҳнат мекард,- он замони мудҳиши ҷанги дуюми ҷаҳонро ба хотир оварда мегӯяд Рустай хола. 
 Даврони мактабхонии ӯву ҳамсолонаш ба айёми вазнину қаҳтӣ рост омад, аммо ин ҳама сахтиҳо онҳоро ноумед накард. Балки чун пулод дар кураи  зиндагонӣ обутоб доду сабуру матинирода кард. -Барои расидан ба орзуҳои ширини ҷавонӣ ҷаҳду талоши беандоза мекардем,- қисса мекунад холаи Рустай. 
Шебу фарози зиндагӣ, рӯзгори вазнин,  қаҳтию хунукӣ, нарасидани китобу дигар ҷиҳози хониш  орзуву омоли ӯву ҳамсолонашро барбод надод, онҳо ҳамоно бо баҳои хубу аъло таҳсил менамуданд, то дар оянда соҳибкасб бошанд. 
Рустай хола дар муҳите ба воя расид, ки собиқ миллатҳои Иттиҳоди шуравӣ, аз ҷумла русҳо, арманиҳо, немисҳо, чечену озариҳо ва дигар қавму миллатҳо дар маҳаллашон дӯстона ба сар мебурданд. Ҳоло ҳам дар деҳоти Бохтариён кӯчае бо номи “Немиспосёлка” маъмул аст. Вай, ки даҳшати ҷангро дидааст, бо ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад, ки он рӯзгори вазнину талх такрор ёбад. Бинобар ин ягонагию дӯстиро  неруи бузург,-кинаву адоватро бадтарин хислат мешуморад.
Соли 1955 бо маслиҳати бибиаш Рустай хола ба донишкадаи омӯзгории Сталинобод хуҷҷат дода, имтиҳони дохилшавиро бо баҳои аъло супорида, донишҷӯ гардид. Рустай хола, ки худ аз имтиҳони вазнини зиндагӣ гузашта, обутоб ёфта буд, фанни мураккабу мушкил, вале дӯстдоштааш- математикаро интихоб намуд. Баъди хатми бомуваффақияти донишкада ба маскани орзуҳои ширини кӯдакӣ- хоҷагии он замон шуҳратёри ба номи Куйбишеви Ҷамоати деҳоти имрӯза Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён баргашт. 
Рустаи ҷавон бо шуру шавқу ба кори омӯзгорӣ шуруъ намуд. Хеле заҳмат мекашид, то фанни дақиқ ба шогирдонаш фаҳмо бошад. Аз дастовардҳояш  қаноатманд намешуд, талош мекард, то  ба фарози қуллаҳо бирасад. – Аз муаллим бисёр чизҳо вобастагӣ дорад. Муаллим бояд рӯҳияи инсонсоз, дарси ӯ  як ҷозибае дошта бошад. Диққати шогирдонро ҷалб карда тавонистан ҳам санъат аст, - мегӯяд муаллими собиқадор. 
Рустай Айтмахановна дар ҳамин ҷо бахти хешро дарёфта, бо Гулбой Ғоибов оила барпо намуд. Ҳамсараш то охири умр ронандагӣ мекард. Муҳаббати самимӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҳамсарон буд, ки онҳо 40 сол аҳлона зиндагӣ намуданд. Аз самари муҳаббаташон соҳиби 5 нафар фарзанд гардиданд ва онҳоро тарбияи хуб доданд. Ӯву ҳамсараш барои бекаму кос будани рузгорашон меҳнат мекарданд, зеро рӯзгори талху сахти ҷангу баъди ҷангӣ, аҳён-аҳён дидани пораи қанди сафед дар он давра аз хотироташон намерафт. 
Холаи Рустай ва дигар ҳамсолонаш тасаввур ҳам намекарданд, ки рӯзгори талху тира ва дуди ҷанг боз осмони кишварамонро фаро мегирад. Аммо қисматро пешгӯӣ карда намешудааст. Дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари моро абрҳои сиёҳу тира фаро гирфта, аз оғ оз гаштани ҷанги шаҳрвандӣ  дарак дод. Аз ҳар тараф садои тиру туфанг мерасид.  Махсусан, ноҳияҳои атрофи имрӯза шаҳри Бохтар нотинҷу хатарнок гардиданд. Дар он айёми вазнин барои тоҷику тоҷикистонӣ- ҳодисаҳои солҳои 1990-уми қарни гузашта, ки ҳама ба ватани бобои худ фирор мекарданд, Рустай хола бо шавҳарашу фарзандон дар Тоҷикистон монданд. Аммо аз он рӯзгори тираву талх у низ мисли ҳазорон модарон дар дил алам дорад.  Зеро соли 1993 духтари калонияш Гулнора, ки аз ҷангҳои дохилӣ фирор карда, ба  Ҷумҳурии Қазоқистон рафта буд, ҳангоми таваллуди фарзанди нахустин фавтид. Аз ин ҷост, чун ҳамаи модарони рӯи олам бо ҷанг “меҷангад” ва ҳамгуна ҷангҷӯиро маҳкум менамояд. 
– Баъди гузашти солиёни зиёд шогирдон аз хориҷи кишвар - Россиву Ӯзбекистон ҳолу аҳволам мепурсанд, ба аёдатам меоянд. Ба гузашта дида медузаму мегӯям, ки беҳуда назистаам, умри хешро сарфи кори беҳуда накардаам, - мегӯяд ӯ. 
Имрӯз  синнаш  ба 86 расидаву даврони пирӣ меронад, аммо ҳоло ҳам ба китобу китобхонӣ дилбастагӣ дорад. Китобро беҳтарин дороӣ, китобхониро беҳтарин машғ улият медонад. Китобҳояшро, ки барояш аз ҳама чиз афзалтаранд, чун ганҷинаи бебаҳо ҳифз мекунад.
Дар иҳотаи пайвандон бо шукргузорӣ  ба сар мебарад ва тинҷию амонӣ ва ваҳдатро саодати модарони тамоми дунё медонад. Ҳамаи фарзандон забони модарияшон- забони қазоқиро хуб медонанд ва бо забонҳои тоҷикию русӣ ва ӯзбекӣ озодона ҳарф мезананд. Вақте аҳли оила якҷо ҷамъ мешаванд, ҳатман бешбармоқ- хӯроки қазоқӣ омода мекунанд.
Л. Чориева


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019