Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Самари 70 - солаи Коллеҷи тиббии Кӯлоб
Ин қомате, ки равшан бо хилъати сафед аст,
Ин чеҳраи дурахшон ояндаи умед аст.
Аз рӯяшон бирезад бар мо сафои шафқат,
Саршори меҳру лутфанд ҳамшираҳои шафқат.
МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” яке аз калонтарин муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки тӯли 70 соли фаъолият дар омодасозӣ ва таъмини соҳаи тандурустии кишвар бо кормандони миёнаи тиббӣ нақши босазо дорад. Ҳоло дастпарварони коллеҷ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз он кору фаъолият намуда истодаанд.
Ин даргоҳи илму дониш аз соли 1953 ҳамчун Мактаби тиббии шаҳри Кӯлоб бо фармони шуъбаи тандурустии вилояти Кӯлоб соли 1953 таъсис дода шуда, ҳамон сол ба фаъолият оғоз намудааст. Ин нахустин муассисаи таълимии касбӣ дар вилоят буд. Аввалин директори мактаби тиббӣ Г. Чеботарёва буд, ки дар оғози фаъолияти муассиса ва рушди он саҳми муҳим гузоштааст. Бо мурури замон бо фармони Вазорати тандурустии ҶШС Тоҷикистон аз 8 июли соли 1954 Мактаби тиббӣ ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб табдил дода шуд. Таҳсил дар омӯзишгоҳ се солро дар бар гирифта, дар он аз рӯи ихтисоси ҳамшираи тиббӣ мутахассис омода карда мешуд. Соли аввали таҳсил (1953–1954) аввалин маротиба 60 нафар довталабон аз рӯи ихтисоси ҳамшираи тиббӣ ба омӯзишгоҳи тиббӣ қабул карда шуданд. Соли 1956 омӯзишгоҳро аввалин шуда 48 нафар бо ихтисоси ҳамшираи тиббӣ хатм намуданд.
Тадриҷан, вобаста ба талаботи соҳаи тандурустӣ теъдоди муҳассилин ва хатмкунандагони муассиса меафзуд. Шуруъ аз солҳои аввали фаъолият сохтори таълимӣ-тарбиявии омӯзишгоҳ таҳким ёфт ва заминаи моддию техникии он пурзӯр гардида, дар омӯзишгоҳ омӯзгорони соҳибтаҷриба ба муҳассилин дарс мегуфтанд. Ҳамин тариқ, ҳамасола омӯзишгоҳро шумораи муайяни мутахассисон хатм мекарданд.
Аввалин омӯзгорони муассиса Денисов А.Д., Кадюшкин Ю.А., Карачевский Е.М., Лопатина Р.И., Бобоҷонов Т., Шулятев В., Пулатов Т.П., Қурбонов Ш. ва дигарон буданд, ки маҳорати баланди касбӣ доштанд. Тӯли 70-соли фаъолияти муассиса онро мутахассисони варзида Пулатов Т.П., Шмегевский С.А., Постников М.В., Доррадж М.М., Валиев Д.С., Чеботарёва Г., Пулатов Т.П., Расулов Н.Р., Пулатов Т.П., Ҳасанова И., Содиқова Ҳ.С., Алиева Д.Н., Гадоев Б.Ш., Холназаров С. ва Назарзода Ҷ.Ш. роҳбарӣ намудаанд. Роҳбарии имрӯзаи коллеҷро доктори илмҳои тиб Азиззода Зубайдулло Абдулло ба ӯҳда дорад.
Ёрмад Суфиеви 75 сола баъди хатми синфи 8 МТМУ рақами 23-и ноҳияи имрӯза Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи кори бародари шафқат супорида, донишҷўи ин муассиса гардид. Дар гурўҳҳои 20 нафараи онҳо ҳамагӣ чанд нафар аз ВМКБ ва дигар ҳама аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб буданд. Муассиса барои зисти донишҷӯён хобгоҳи ҷавобгӯи талаботи замон дошт.
Ба гуфтаи Ёрмад Суфиев дар соли 1964 дар муассисаи таълимии тиббӣ се факулта кори ҳамшираи шафқат, бародари шафқат, бародари санитарӣ, ва факултаи момоӣ фаъолият дошт. Шумораи донишҷўён дар он давра аз 1000 нафар ҳам зиёд буд. Ба ғайри фанни забони тоҷикӣ дигар ҳама фанҳои таълимӣ бо забони русӣ мегузашт. Зиёда аз 50 дарсади омўзгоронамон русу тотору дигар миллатҳо буданд. Дар он солҳо талабот ба азхудкунии дарсҳо дар омўзишгоҳи тиббӣ аз ҳад зиёд буд.
Баъди хатми омўзишгоҳи тиббӣ ман ба зодгоҳам баргашта ва дар Ҷамоати Чубеки совхози Чубеки ноҳия ба ҳайси бародари шафқат ба кор даромадам. Баъди 9 моҳи фаъолият ба хизмати аскарӣ даъват шудам. Дар хизмати ҳарбӣ ҳам вазифаи бародари шафқатро иҷро мекардам. Баъди адои хизмат ба Тоҷикистон баргашта, боз фаъолияти касбиамро идома бахшидам. Дар деҳаи Сайёди Ҷамоати деҳоти С.Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муддати 15 сол мудири бунгоҳи тиббӣ шуда, кор мекардам – ба ёд меорад Ёрмад Суфиев.
- Дар давраи таҷрибаомўзии мо сўзандору ва системаи доручаконӣ умумӣ буд. Баъди ҳар як сўзандору гузаронидан ва ё доручаконӣ ба бемор мо сўзандоруҳои шишагӣ ва системаро муддати 45 дақиқа меҷўшонидем ва баъдан онҳоро боз истифода мебурдем. Ҳоло кор дар ин самт осон буда, асбоби доручаконӣ ва ҳам сўзандору барои истифодаи якдафъина аст. – мегўяд Ёрмад Суфиев.
Солҳои минбаъда баробари рушди иқтисоди ҷумҳурӣ низоми шароити таълим низ дар Омӯзишгоҳи тиббӣ такмил ёфта, дар он аз рӯи ихтисосҳои фелдшерӣ, момодоягӣ ва дандонсозӣ мутахассисони миёнаи тиб омода карда мешуданд. Бо мақсади таъмини муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб бо мутахассисон дар назди беморхонаҳои ноҳияивии ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ, Темурмалик, Ховалинг ва Муъминобод гурӯҳҳои мақсаднок ташкил карда шуда буданд. Соли 1996 дар фаъолияти муассиса таҳаввулоти нав ба миён омад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 1996, Омӯзишгоҳ ба Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб табдил дода шуд. Ҳамзамон, дар он ихтисосҳои нави кори табобатӣ ва кори момодоягӣ бо муҳлати таҳсили чорсола ба роҳ монда шуд.
Ҳоло дар коллеҷ зиёда аз 3500 нафар донишҷӯён таҳсил доранд, ки ба онҳо 200 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Аз миёни онҳо як нафар доктори илмҳои тиб, ду нафар номзади илмҳои тиб, як нафар номзади илмҳои филологӣ ва як нафар номзади илмҳои педагогӣ мебошанд.
Тавар Гиёеви 79 сола, яке аз аввалин дастпарварони коллеҷ, алҳол омўзгори ин даргоҳи маърифат зиёда аз 55 сол боз дар ин муасиса ба ҳайси омузгор фаъолият дорад. Тавре худ иқрор меояд шукргузор аз он аст, ки ҳамчун омӯзгори собиқадор ҳамроҳи шогирдон ва омӯзгорони ҷавони даврони Истиқлол кору фаъолият бинмуда, дар омода кардани мутахассисони маълумоти миённаи тиббӣ саҳми худро мегузорад. Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо як зумра аз дастпарварони Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб таҳсили худро дар муассисаҳои олии таълимии дохил ва хориҷи кишвар идома дода, то дараҷаҳои мутахассисони дорои унвон ва дараҷаҳои баланди тахассусӣ ва илмӣ расида, ба ҳайси роҳбарони вазорату муассисаҳои илмӣ кору фаъолият намудаанд.
Ҳоло дар коллеҷи мазкур аз рӯи 7 ихтисос: кори момодоягӣ, кори табобатӣ, кори ҳамширагӣ, кори тиббию-профилактикӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ, кори тиббию-ташхисӣ мутахассисони миёнаи тиб омода карда мешавад. Дар коллеҷ 16 кафедраи таълимӣ таъсис дода шудааст, ки роҳбарии онҳоро омӯзгорони дорои унвони илмӣ ва ё дараҷаи баланди тахассусӣ роҳбарӣ менамоянд. Соли 2023 аз фаъолияти пурсамари ин даргоҳи дониш 70 сол пур мешавад. Ҳайати омӯзгорони коллеҷ сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, минбаъд низ баҳри шукуфоии ватани азизамон ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саъю кӯшиш менамоянд. – мегўяд, Азиззода Зубуйдулло Абдулло, доктори илмҳои тиб, директори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”
Билоли Шамс, шаҳри Кўлоб
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ”
Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ