Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Гулпарварони номдор
Матлуба Машрабова, сокини шаҳри Бохтар аз 60 соли умри ба сар бурдааш, беш аз нисфи онро ба парваришу нигоҳубини гулу фароҳам овардани зебоӣ бахшидааст. Гулпарвариро замоне шуғли худ интихоб кард, ки ба хонадони Машрабовҳо наварӯс шуда буд. Ҳамин сон, гулпарвариро барои ояндаи худу фарзандонаш аз аҷдоди ҳамсараш мерос гирифтааст.
Тавре худ иқрор меояд дар солҳои аввали машғул шудан ба гулпарварӣ кам-кам ба шавҳараш кумак мерасонид, ки дар ин ҷода собиқаи зиёду дасти ҳунар дошт. Ин буд, ки ҳамсафари ҳаётӣ меҳри ӯро ба ҳунари гулпарварӣ зиёд кард, ки бо мурури замон он на танҳо ба шуғли дӯстдошта, балки ба манбаи даромади рӯзгори оилаи онҳо табдил ёфт.
-Замоне падари фарзандонамро аз даст додам, бори рӯзгор, тарбияи фарзандон, парвариши гулҳо, ҳама ба души ман афтода буд,- ёд меорад ӯ. “Маҳз пешаи гулпарварӣ, маро аз вартаи ночорию муҳтоҷӣ берун баровард. Бо парваришу ба фурӯш баровардани гулҳои парвардаамон фарзандонамро ба воя расонидам, ки шукронаи қисмат имрӯз ҳамаи онҳо соҳиби ҳаёти мустақилонаанд.
35 намуд гул дар 30 соли гулпарварӣ
Манзараи дилфиреби саҳни ҳавлии холаи Матлуба ба кас фараҳ ва рўҳу илҳоми тоза мебахшад. Зеро баробари ворид гаштан ба саҳни ҳавлии ӯ касро таровати гулҳои наврӯстаю шукуфон истиқбол мегирад. Махсусан дар фасли баҳор, ки аксар аз гулҳои мавсимии ин оила мешукуфанд, бо бӯйи хушу фараҳбахши хеш ба атроф таровати тоза мебахшад.
-Дар замини наздиҳавлигии мо, помидору бодиринг ё ягон намуди маҳсулоти кишоварзиро пайдо карда намешавад,- хандида иброз дошт Матлуба Машрабова. -Зеро дар замини наздиҳавлигиамон танҳо гулҳои рангоранг парвариш менамоем. Дар қитъаи наздиҳавлигиамон 3 гармхонаи мавсимӣ, 2 гармхонаи доимӣ ташкил карда, тамоми сол ба парваришу нигоҳубини гул машғул шуда, 15 намуд гули мавсимӣ, 20 намуд гули хонагиро парвариш мекунем.
Фарзанде, ки меросбари шуғли оилавист...

Олимҷон Машрабов, писари хурдии холаи Матлуба аз он фарзандонест, ки шуғли зодмандонро интихоб кардааст. Салиқаи хубу шавқу рағбаташро ба гулпарварї дида, модар масъулияти асосии ҳунари хонагиашон, аз ҷумла, нигоҳубини гулҳои мавсимӣ ва ба фурӯш баровардани онро бар зиммаи Олимҷон вогузор намудааст. Холаи Матлуба вақти худро бештар миёни гулҳои хонагиаш сарф менамояд.
-Модарам дар қуттиҳои махсус ба парвариши гулҳои ҳамешасабз, ки зебдиҳандаи хонаю утоқҳои корист, машғул аст,- иброз медорад, Олимҷон писари холаи Матлуба.
Дарвоқеъ, Олимҷон, ки муддати 11 соли сару кор гирифтан ба гулпарварӣ соҳибтаҷрибаву корозмуда шудааст, аз қалмачаву гулкорӣ то парваришу ба бозор баровардани онро ба зиммаи худ гирифтааст.
-Аз рӯзе, ки писарам ба гулпарварӣ машғул шуд, мо дар ин самт бештар муваффақ шуда истодаем,- иброз дошт дар идомаи суҳбат холаи Матлуба. – Ӯ гоҳе ба хориҷи кишвар сафар намуда, зимни бозгашт ба Ватан тухмии гулҳои гуногунро бо худ меоварад. Дар ростои рушди соҳаи гулпарварӣ ҳамчунин тибқи фармоиши мизоҷон дастагул омода менамояд, ки аз ин ҳисоб ҳам даромади хуб ба даст меорад.

-Барои муваффақ шудан дар самти гулпарварӣ пеш аз ҳама, нозукиҳои парвариши ҳар як навъи гулро бояд омӯхт, - ба суҳбати мо ҳамроҳ мешавад Олимҷон. Баъдан, барои дар бозори гулфурӯшӣ мавқеи худро нигоҳ доштан. Пайваста кӯшиш намуда, тамоми рӯзро даруни гармхонаҳои гулпарварӣ сипарӣ мекунам.
Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии монои хонаводаи Машрабовҳо аст, ки на танҳо кӯчаву хиёбон, назди идораву муассисаҳо сабзу хуррам гардонида мешавад, балки хонаҳои сокинон ва роҳравҳои муассисаҳои таълимиву тиббиро ҳам дастпарвардаҳои онҳо зебу зиннат медиҳанд.
Гулу гулдон ва гармхонаҳои пур аз гули ин оилаи гулпарвар, аз зебогию зебоипарастии эшон гувоҳӣ медиҳад. Дарвоқеъ, ҳар нафари зебопараст агар завқу хоҳиш дошта бошад, метавонад, ки гулпарвар бошад. Биноан, барои дар ҳама мавсимҳои сол сабзу хуррам мондани муҳит ва фароҳамии накҳату зебоиҳо, заҳмати шабонарӯзӣ ва меҳру муҳаббати беандоза ба гулу гулпарварӣ мебояд, ки ин зарфиятро дар аҳли оилаи Машрабовҳо баръало мушоҳида мешавад.
Низоми ИСО, “Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд