Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВАРЗИШГАРОНИ ХАТЛОНӢ ПАРЧАМБАРДОРИ МИЛЛАТАНД
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи варзишгарон
Ҳамасола дар саросари Тоҷикистони азиз 10 август Рӯзи варзишгарон ҳамчун нишони дастгирӣ ва қадршиносии варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати онҳо таҷлил карда мешавад.
Шумо - варзишгарони номвари вилоят, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзишро бо ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори хуш, муваффақият ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно менамоям.
Варзиш барои инсоният ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстӣ, бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди тарафайн хидмат мекунад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи варзиш талошҳои ҳамарӯза карда истодааст.
Ҳадафи мо, пеш аз ҳама баланд бардоштани самаранокии истифодаи муассисаҳои варзишӣ, рушд додани намудҳои гуногуни варзиш ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонону наврасон ба он мебошад.
Варзиш дар ҳаёти инсоният ҳамчун омили тавонои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории на танҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд ба ҳисоб меравад.
Ҳаракатҳои оммавии варзишии ҷаҳонӣ, бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои умумиҷаҳонӣ борҳо собит намудаанд, ки варзиш дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки мо ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар ҳарчи бештар шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли ҷавонро аз зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои ғайриқонунӣ, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро наҷот мебахшем. Мардум ҳарчӣ бештар ба варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар саломатии аҳолӣ хубтару беҳтар гардида, имкониятҳои зиёд барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ пайдо мешаванд ва амнияти давлату ҷомеа таҳким меёбад.
Боиси хушнудист, ки дар ҳудуди вилоят сохтмони маҷмаа ва толору майдончаҳои варзишӣ ба ҳукми анъана даромада, соҳибкорони обруманди диёр дар ин кори хайр ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд. Дар нимсолаи аввали соли равон як қатор майдончаҳои варзишӣ ва толорҳо, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Левакант, Ҳамадонӣ, Восеъ, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин ва Қубодиён бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон сохта ба истифода дода шуданд, ки боиси таҳсину офарин аст.
Имрӯз дар муассисаҳои варзишии вилоят аз рӯи 34 намуди варзиш 16690 нафар варзишгарон, аз он ҷумла 2525 нафар бонувон дар 1022 гурӯҳҳои машқӣ ҳамарӯза ба машғулиятҳои варзишӣ фаро гирифта шудаанд.
Варзишгарони вилоят дар давоми соли ҷорӣ тавонистанд дар 84 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 372 медали тилло, 344 медали нуқра, 398 медали биринҷӣ ва дар маҷмӯъ соҳиби 1114 медал гардиданд.
Ҳамзамон, боиси ифтихори аст, ки варзишгарони мо дар 13 мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, 19 медали тилло, 16 медали нуқра ва 34 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 69 медал ба даст оварданд, ки дар умум варзишгарони вилоят 391 медали тилло, 360 медали нуқра, 432 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 1183 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115 медал зиёд мебошад.
Имрӯз натанҳо сокинони вилоят, балки тамоми тоҷикистониён бо номи Сорбон Латипов, Искандари Рустам, Толиб Давлатов, Баҳром Рустамов, Сомон Сангов, Набимуҳаммад Хоркашов, Абубакр Муродов, Раҷабалӣ Аминов, Фирдавс Муродов, Фирдавс Насимов, Сулаймони Ҷамшед ва дигарон ифтихор менамоянд, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шарафи варзишии вилоят ва ҷумҳуриро бо барафрохтани Парчам ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намудаанд.
Бори дигар ҳамаи Шуморо бо ин рӯзи идатон табрик гуфта, бароятон омади кор, дасту бозуи қавӣ ва ғолибияти мутлақро дар мусобиқаҳои минбаъда таманно мекунам.
Рӯзи варзишгарон муборак!
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



