Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САНЪАТИ ТАЛМЕҲ ДАР ШЕЪРИ МУОСИР
Имрӯзҳо аз радиову телевизион садои ҳунармандони маъруфу номӣ шеъри “Модар фаришта буд” хеле зиёд ба гӯш мерасад. Ин шеъри ба васфи модар сурудашуда ду сол қабл аз ин дар Афғонистон сазовори Ҷоизаи “Килки заррин” гардида буд. Муаллифи шеър шоир Озар аст, ки банда се маҷмӯаи ашъорашро бо номҳои “Ирфони ҳино” (Душанбе, “Эҷод” с.2006), “Гуфтугӯи нахлу моҳ“ (Душанбе, “Истеъдод” с.2010) ва “Хурмои эътиқод” (Душанбе, “Адиб” с. 2014) дар даст дорам.
Озар ҳалқаи заррини пайвасткунандаи занҷири адабиёти классик ва имрӯз аст. Қариб дар ҳама мавзӯъот шеърҳои мондагор дорад. Чунончи, дар яке аз мавзӯъҳои асосии адабиёт- мавзӯи Ватан шеъре дорад, ки рӯйи қоғаз оварданашро кори хайр медонам:
Маро зи марг матарсон, ки ман наметарсам,
Зи марг соати ҳифзи Ватан наметарсам.
Қасам ба теғ, ба сатри китоби озодӣ,
Ҷилои теғ бувад офтоби озодӣ.
Ҳамеша найзавару теғзан бувад тоҷик,
Шабеҳи шер ба марзи Ватан бувад тоҷик.
Касе, ки теғзану найзавар намебошад,
Туфу кунед, зи пушти падар намебошад.
Озар донандаи хуби қиссаҳост ва тавонистааст аз онҳо дар шеър устодонаю шоирона истифода барад. Дар ашъори адибони адабиёти классикамон ин раванд хеле зиёд ба чашм мерасад, ки онро талмеҳ мегӯянд. Санъати талмеҳ барои собит сохтану тақвияти фикр аст. Масалан, шоири тавонои адабиётамон Сайидо дар байти зерин овардааст.
Дар ҷаҳон гум шуда меҳри падару фарзандӣ,
В-арна Рустам ба чӣ боис сари Сӯҳроб хӯрад?
Шоир дар ин байт гуфтанист, ки дар ин олами ҳастӣ дар байни одамон меҳр ниҳоят кам мондааст, ҳатто миёни падару писар низ.
Номгӯи шахсони таърихӣ, чи мусбат ва чи манфӣ, дар баъзе шеърҳои Озар баъзан 2-3 маротиба ва зиёда аз он талмеҳ шудаанд. Масалан, пайғомбар Исо дар се шеър, ҳазрати Одаму Ҳавво дар шаш шеър, Абӯлаҳаб дар се шеър, Рустами Дастон дар се шеър, Лайлӣ ва Маҷнун дар ду шеър, Фарҳод дар ду шеър, Мансури Ҳаллоҷ дар ду шеър, Шағод (бародар ва қотили Рустам) дар ду шеър, Имоми Аъзам, Сиёвуш, Шерӯя (писари Хусрав), Нӯҳи набӣ, Сӯҳроб ва Фирдавсии бузург як- маротибаги талмеҳ шудаанд.
Акнун чанде аз байтҳои талмеҳдори адибро чун фатир аз нӯги хамир пешкаши хонандаи азиз мекунем.
Аз “Гуфтугӯйи нахлу моҳ“:
Одам зи як табасуми моҳ фиреб хӯрд,
Оғоз дарси ишқ ҳамин иштибоҳ аст. (с. 18)
Бидеҳ ба кӯрии чашми Таҳамтанам бода,
Ки бӯйи хуни писар дур аз димоғ кунем. (с.35)
Аз “Хурмои этиқод”:
Бурида бод ду дасташ, ки чун нигаҳ кардем,
Ҳануз рӯйи ҷаҳон бе Абӯлаҳаб набувад. (с. 89)
Ба имтиҳони ман оташ шавад зи дард кабуд,
Ки бепаноҳтар, эй дӯст, аз Сиёвушам. (с. 96)
Аз “Ирфони ҳино”:
Сарам ба ҳалқаи оғӯши дор менозад,
Аналҳақиву чу Мансур дӯстат дорам (с.30)
Машҳур кард Нӯҳи набиро миёни халқ,
Рӯзе, ки ман ба ёди ту тӯфон гиристам. (с. 32)
Шерӯяро ба марги падар гашт раҳнамо,
Хуни шаҳиди ишқ, ки бе интиқом монд. (с. 10)
Умуман бояд гуфт, ки ва на ҳар адиб аз уҳдаи ин санъати сухан мебарояд. Он аз шоир дониш, истеъдод ва балоғату фасоҳат мехоҳад. Озар тавонистааст, ки ин корро ӣисёр ҳунармандона ба иҷро бирасонад.
Исмонов Шариф
Омӯзгори МТМУ-и №31-и ноҳияи Кӯшониён
Добавить комментарий
Ахбор
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30Мазҳакаи “Зангирӣ ё дамгирӣ” 13:27Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид 15:49Хатлон. Дар майдони беш аз 9 ҳазору 900 гектар пиёз кишт шудааст 16:05Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд 13:04Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад 11:53Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ 13:59Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд 16:08
Серхонандаҳо
ПЕШАИ ПУРИФТИХОР
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Хатлон. 113- солагии матбуоти тоҷик таҷлил шуд
ХОВАЛИНГ. МАТБАА СОҲИБИ ДАСТГОҲИ ЗАМОНАВӢ ШУД
Дар шаҳри Бохтар 350 ҳазор гул шинонида шудааст
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
Пешвои миллат эҳёгари Наврӯз
Хирад раҳнамою хирад раҳкушой
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
СУМАНАК