Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
То остонаи ситораҳо
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақ оми кормандони соҳаи фарҳанг, рушду такомули санъати касбӣ ва театрӣ чаҳор номгӯ Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи фарҳанг таъсис гардид. Аз ҷумла, ҷоизаи раиси вилояти Хатлон ба номи Одина Ҳошим аз рӯи риштаи «Мусиқии суннатии Фалак», Ҷоизаи ба номи Муқаддас Набиева дар риштаи «Санъати эстрадаи миллӣ», Ҷоизаи ба номи Абдуллозода Аловуддин дар самти «Санъати театр ва ҳаҷв» ва Ҷоиза ба номи Туйдӣ Бобиева дар риштаи «Санъати рақси миллӣ». Тибқи иттилоъ дар соли аввал маблағи ин ҷоизаҳо аз рӯи ҳар як номинатсия 5000 сомониро ташкил медиҳад.
Кӯлоби бостонӣ сарзамини одамони озода, нексиришту мардхез, мардони далеру шуҷоъ ва занонои боиффату ғаюр аст. Ин хитаи қадимӣ дар домонаш садҳо одамони номварро парвардааст, ки дар сатҳи вилояту ҷумҳурӣ ва фаротар аз онҳо маъруфу машҳуранд.
Тӯйдӣ Бобиева, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамонмодар, иштирокчиии ҶБВ аз зумраи фаъолзанони меҳнатқарине буд, ки дар гузаштаи начандон дур бо кору пайкораш намунаи олии зани тоҷикро дар соҳоти гуногун, бахусус фарҳанг таҷассум намудааст.
Тӯйдӣ Бобева дар фасли гулафшони табиат, рӯи 9 майи соли 1924 дар деҳоти Қалъаи Малики имрӯза ноҳияи Ваҳдат, дар оилаи деҳқони камбағал чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Овони кӯдакии ӯву апааш Давлатмо ба солҳои вазнину сахтию қаҳтӣ ва дигар хуруҷи бемориҳои сироятӣ рост омад. Ҳанӯз 7 сол дошт, ки қисмати талх домангирашон шуда, падару модарашонро аз даст медиҳанд. Аз ин имтиҳони сангини қисмат вай ва хоҳарбузургаш Давлатмоҳ ҳайрону ночор дар нимароҳи зиндагӣ мемонанд.
Раиси деҳаи Янгибозори ноҳияи имрӯза Ваҳдат Набисаркор духтарони ятиммондаро ба уҳдаи худ гирифт, аммо рӯзгори нобасомони он давр имкон надод, ки духтарон дар тарбияаш бошанд ва онҳоро баъди чанде ба ятимхонаи Янгибозор супорид. Ин беҳтарин амале буд, ки дар он замон раиси маҳалла метавонист анҷом диҳад. Баъди ду сол хоҳарони бесаробонро ба ятимхонаи Сталинобод имрӯза шаҳри Душанбе меоранд. Бо гузори ду соли дигар кӯдакони сағиру бепарасторро ба хонаи бачагони дигар манотиқ - Хуҷанд, Кӯлоб, Норак ва Танобчӣ мефиристанд ва ҳамин тавр Туйдинисо ба сағерахонаи шаҳри Кӯлоб ва хоҳарбузургаш Давлатмоҳро ба дигар шаҳр равон мекунанд. Бад-ин минвол ду хоҳари ташнаи дидори якдигар аз ҳам ҷудо гашта, дигар якдигарро надиданд…
Дар хонаи бачагон
Сарпарасти (директори) сағерахонаи Тебалай русзани мушфиқ у меҳрубон Зеленская Т. М аз шахсиятҳои таъсиргузор дар тарбияву ташаккули ҷаҳонбинии Туйдӣ Бобиева ба ҳисоб мерафт. Тавре баъди солиёни парвариш дар ятимхонаи Тебалай бонуи Тӯйди дар хотираҳояш нигоштааст, Зеленская Т. М. шабҳои дарози зимистони қ аҳратун бачаҳо дар атрофи худ ҷамъ карда, ба онҳо аз асарҳои Чехов, Гогол, Некрасов ва дигар адибони забардасти рус қ иссаҳо хонда, меҳру муҳаббати кӯдаконро ба китобу китобхонӣ бедор мекард. Ӯ ба меҳрубонӣ ҳар яки онҳоро дилбардорӣ намуда, насиҳат мекард, то рӯҳафтода нашаванд, Ҳукумати шуравӣ шуморо ҳеҷ гоҳ намепартояд, гуфта бачаҳоро дар рӯҳияи худшиносиву хушбинӣ дар зиндагӣ тарбия мекард.
Аз дафтари хотироти Туйдӣ Бобиева
-Мехостам санъаткор шавам. Дар маҳфили ҳаваскорӣ иштирок мекардам. Суруд мехондаму рақ с ҳам мекардам. Шабҳо дар рӯшании лампаи керосинӣ мерақ сидам. Устодам муаллими суруд Саъдии Суғдӣ дар ин ҷода кумак мерасонд,- нигоштааст дар дафтари хотираҳои худ ин бонуи ҳунарманд.
Шуҳрати Туйдӣ апа
Як рӯзи баҳорӣ санъаткорони театри шаҳри Кӯлоб ба Хонаи бачагон омада озмун гузарониданд. Туйдӣ Бобева бо лаёқ ати хоси хуб ҷойи аввалро ишғол намуд, ки ин нахустин қ адамҳои устувори вай дар ҷодаи санъат буд. Баъдан Тӯйдӣ ва чанд нафари наврасону ҷавононро барои кор ба Театри шаҳри Кӯлоб даъват намуданд. Ҳамин тавр, баъди машқ у тамринҳо санъаткорони ҷавонон ба сафари ҳунарӣ ба ноҳияҳои кӯҳистон сафарбар гардиданд. Тӯйдиниссо бо сурудҳои халқ ии «Духтари балҷувонӣ», «Духтари ҳамсоя» ва «Секинак» муваффақ она баромад намуд, ки барои ин ба ҷоиза пешбарӣ гардид. Ҳамчун ғолиби озмун дар даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар шаҳри Москав иштирок намуда, бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Иттиҳоди шуравӣ сарфароз мегардад.
Ҷанг ва муҳаббати ҷовидона
Солҳои 1941 Ҷанги Бузургу Ватанӣ оғоз гардид. Соли 1942 бо тасмими Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ як гурӯҳ санъаткорон ба фронт сафарбар гаштанд, то дар госпиталҳои ҳарбӣ бо барномаи консертӣ баромад намуда, хотири аскарони маҷруҳро болида гардонанд. Дар ин гурӯҳи санъаткорон Туйдии ҷавону серғайрат низ шомил буд. Санъаткорони тоҷик дар шаҳрҳои Свердловкс, Урал, Нижний Тагил ҳунарнамоӣ намуданд. Соли 1943 ҳангоми баромад, ба назди Туйдӣ тоҷикписари маҷрӯҳ, ки бо асо роҳ мерафт, омад. Аз ғояти шодию дидор бо ҳамдиёрон чашмони ҷавон медурахшиданд. Ӯ бо меҳру муҳаббат ба Тӯйдӣ нигариста, аз куҷо будани ӯро пурсон мешавад ва аз нигоҳи аввал эҳсос намуд, ки ба аскари ҷавон- Махсум Назаров писанд омадааст. Вақ ти хайрухуш аксарбача ба Туйдӣ нигариста, гуфт, ки аз ҷанг саломат баргардад, ҳатман ба ӯ хонадор мешавад!
Соли 1943 Махсум Назаров дар ҷанг бори сеюм захмин гардида, ба зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб баргашт. Дар сохтори ҳизбӣ фаъолият намуда, баъди як сол бо Туйдиниссо Бобиева хонадор шуд. Аз ин издивоҷи дар пояи ишқ у муҳаббати бузург соҳиби 14 фарзанди солеҳ гардиданд.
Мусаллам аст, ки барои модари 14 фарзанд кору фаъолият дар сохторҳои давлатӣ кори саҳлу осон набуд ва ҷуфти хушбахт саъю кӯшиш менамуданд, ки бо заҳмати содиқ она фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарварӣ тарбия ва ба воя бирасонанд. Сахтгириҳои зодмандон буд, ки фарзандон ҳама меҳнатдӯсту нексиришт ва соҳибмаълумот ба воя расиданд Риштаи пайванди ӯву ҳамсараш, ки бо торҳои меҳру муҳаббат бофта шуда буд, дар ҳама ҳолату ҳамеша ёвару мададгораш буд.
Шуҳрати санъаткори беназир
Чӣ қ адар неру, завқ у шавқ ва қ обилият бояд дошт, ки дар ҳама ҷода бояд пешсаф бошӣ. Наҳаросидан аз мушкилот қ оидаи нахусти Туйдӣ Бобиева дар зиндагӣ буд, вагарна он ҳама мушкилу монеаҳои дар пайроҳаи ҳаётиро чӣ гуна паси сар менамуд. Бар хилофи ақ идаҳои носолиму хурофоти он замона ӯ қ олабҳои куҳнаро шикаста, собит намуд, ки зани точик худро дар ҳамаи арсаҳо шоиста муаррифӣ карда метавонад. Дар он замон ба майдони ҷанг рафтаву ҳунарнамоӣ кардан чӣ қ адар хатар дошт! Аммо ин духтараки дидадаро ҷасорату матонати хос ва иродаи қ авӣ дошту тарсу ҳарос аз чизе надошт...
Тӯйдӣ Бобиева дар ҳамоишҳои бонуфузи собиқ Умумииттифоқ ширкат намуда, бо чеҳраҳои намоёни Иттиҳоди шуравӣ дидору суҳбат намудааст. То соли 1970-уми асри гузашта дар театри шаҳри Кӯлоб фаъолияти пурсамар намуда, барои хизматҳои мондагораш дар соҳаи фарҳанг бо унвони Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон ва чандин медалу дигар нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардидааст. Бо ин ҳама иктифо накарда, ҳамзамон дар арсаи варзиш ҳам байни бонувон дастовардҳои қ обили таваҷҷуҳ дошт. Ин буд, ки соли 1978 дар мусобиқ аи шоҳмот дар байни занони кишвар ширкат намуда, Қ аҳрамони Тоҷикистон оид ба шоҳмот гардид.
Оид ба ҳаёту фаъолияти пешоҳангонаи Тӯйдӣ Бобиева дар ҳамон солу замонҳо бисёр аз расонаҳои маъруф, аз ҷумла, “Крестянка”, “Тоҷикистони сурх”, “Занони Тоҷкистон”, “Коммунисти Тоҷикистон”лавҳаву очеркҳои ҷолиб интишор намудаанд, ки аз мақ ому шуҳрати ин бонуи ҷасуру қ аввиирода дарак медиҳад. Маҳз баъди мутолиаи он рӯзномаву маҷаллаҳо хоҳарбузургаш Давлатмо хоҳари худро шинохту ба шаҳри Кӯлоб ба суроғаш омад...
Мавриди зикр аст, ки ҳунармандони маъруфи кишвар Бобоҷон Азизов, Сураё Қ осимова, Садбарг Қ осимова, Зулайхо Назарова, Фотима Тӯраева ва даҳҳо ҳунармандон аз шогирдони Тӯйдӣ Бобиева маҳсуб меёбанд. Ин буд, ки соли 2014 бо ташаббуси Мақ омоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 90-солагии ҳунарманди маҳбуб Туйдӣ Бобиева ҳамоиш баргузор гардида буд, ки дар ин маросими фарҳангӣ пайвандону дӯстон ва шогирдони ӯ аз ҳаёту фаъолияти пурсамари ин ҳунарманди нотакрор ба некӣ ёд карданд.
Албатта, дар доираи як матлаб инъикоси ҳамаи он корномаву ҷасорати бонуи тоҷик имконнопазир аст ва ба андешаи дӯстону шогирдонаш месазад, ки оид ба ҳаёту фаъолияти ин бонуи ҳунарпарвар филми ҷолибу омӯзандае таҳия намуд. Зеро корномаи маҳз ҳамин гуна шахсиятҳо дар тарбияи насли имрӯзу ояндаи мо нақ ши ниҳоят муҳим хоҳад гузошт.
Латофат Чориева

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР