Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Зуҳури ситораи бахт
Лаҳзаи сарфароз гардиданаш бо Ҷоизаи Озуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пайроҳаи пуршебу фарози зиндагиро пеши назар меовард, ки чӣ гуна як духтари дар оғози субҳи ҷавони дилшикаставу орзуҳояш барбодрафта, бо ҷаҳду талошҳои қариб 30 сола ҳикмати ниёгонро дар асл собит намуд: «Донишгоҳи воқеӣ ҷойест, ки он ҷо китоб бошад».Пайроҳаи рӯзгори мухотаби ин матлаб саршор аз саргузаштҳои шодиовару ғамангез шикасту рехти зиндагиву дубора бар по хестанҳо буда, асрори сарбаландона паси сар намудани мушкилоти зиндагӣ ва ноил гардидани ӯ ба дастоварду комёбиҳо аз баракати истеъдод, устод ва бовариҳояш ба ояндаи дурахшон маншаъ мегирад.
Ба андешаи Муҳаммад Ҳиҷозӣ дар рушду ташаккули маҳорату ҷаҳонбинӣ ва ба хушбахтиву саодати зиндагӣ расидани инсон се омили истеъдод, устод ва боварӣ нақши меҳварӣ дорад, иброз дошт дар оғози суҳбат ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Зебунисо Қосимова. – Маҳз боварӣ ба ояндаи неку эътимоди паси сар шудани мушкилу монеаҳои айёми ҷавонӣ буд, ки аз шикасту рехти рӯзгор ҳаёти наву хушбахтона ороста, орзуву ормонҳо ба воқеият табдил ёбанд. Дар соли хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳодисаҳои шаҳрвандӣ боиси ба таъхир уфтодани идомаи таҳсилоти оливу касбии мо духтарони деҳот гардид. Чун имкони дохил шуданам ба Донишкадаи тиббии Тоҷикистон камтар буд, тасмим гирифтам, ки дар оянда омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик бошам.
Рӯзе баъди 19 сол
Зебунисо баъди як соли хатми МТМУ №33 деҳаи Асадуллои Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ донишҷӯи факултаи филологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав гардид. Дар соли сеюми таҳсил, ки оиладор шуда буд, тифли нахустинаш маъюб ба дунё омаду ба хотири нигоҳубини ӯ идомаи таҳсилро ба таваққуф гузошт. Аммо бозгашт барои хатми таҳсилоти олӣ на кам аз 19 сол тӯл кашида, баъди паси сар намудани ҳаводиси шебу фарози зиндагӣ ба вай муяссар гардид. Дар ин миён ба замми кулбори донишу таҷрибаи рӯзгор ва ба табъ расидани нахустин китоби шеърҳояш «Ҳадисе аз шукуфтанҳо» собиқаи 12 солаи омӯзгорӣ дошт. Ин буд, ки баъди хатми донишгоҳ таҳсилро дар магистратура идома дода, ҳамзамон ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти мактаби зодгоҳаш фаъолият менамуд.
Парвардаи таълимгоҳи деҳаи Асадулло, ки солиёни зиёд ҳамқадами нахустин устодони овони мактабхониаш касбияти худро такмил дода буд, як муддат ба симати ҷонишини сарвари МТМУ №33 ва аз оғози соли таҳсили 2022- 2023 сарварии муассисаи мазкурро бар зимма дорад. Эълони Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»- ро пайки хуҷастафоли миллат дониста, соли гузашта то даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт. Гарчанде соли аввал муваффақ нашуд, аммо дар соли 2022 низ бо омодагии ҷиддӣ ва ислоҳи камбудиву норасоиҳои соли гузашта дар вилоят ҷойи дувум ва дар даври ҷумҳуриявии ин озмун ғолиби ҷойи аввал гардид.
Фатҳи қуллаҳо
Дар ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи 20 номинатсия –ғолибони ҷойи аввал муайян гардиданд. Чун иштирок дар рақобат ба хотири Шоҳҷоизаи озмун ихтиёрӣ буд, аз ғолибони ҷойи аввали номинатсияҳои мазкур ҳамагӣ 20 нафар иштирок карданд ва довталаб аз ноҳияи Данғара сазовори Шоҳҷоизаи ин озмун гардид, ки ин мояи ифтихори мо, сокинони вилояти Хатлон мебошад,- иброз дошт дар идомаи суҳбат Зебунисо Қосимова. – Дарвоқеъ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» такони бузурге баҳри бедории фикрӣ ва таваҷҷуҳи зиёди ҷомеа ба китобу китобхонаҳо гардид. Новобаста ба он, ки даври ҷумҳуриявии ин озмун ба фасли сармо рост омад, вале ҳини ба Китобхонаи миллӣ ворид гардидан, гармии фараҳбахше инсонро фаро мегирифт, ки аз кӯдаки панҷсола то солманди 83- сола саргарми мутолиа буданд. Муҳити китобхона хаёлоти касро ба олами пуршаҳомати илму фарҳангпарварии миллати тоҷик бурда, дар дилҳо муҳаббату боварӣ ба ояндаи дурахшони ин сарзамину мардумони маърифатпарвари он меафзуд.
Ба бовари мусоҳибам маҳз бо роҳандозӣ гардидани ингуна озмунҳои ҷумҳуриявӣ миллат бедору таваҷҷуҳи умум ба арзишҳои фарҳанги миллӣ бештар мегардад.
Дастоварди Зебуннисо
Зебунисо Қосимова бо дастоварду як ҷаҳон таассуроти хотирмон аз озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва андешаҳои наҷибе баҳри рушди зеҳнии насли оянда ба рустои зисташ баргашта, ҳоло ба хотири ҷалби бештари толибилмон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида истодааст.
-Боиси хушнудист, ки сол аз сол хурду бузурги деҳу рустоҳои дурдасти кишварамон ба хотири иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ рӯ ба китобхонаҳои маҳаллӣ оварда, мардум асарҳои хонданбобро аз даст ба дасти якдигар дастрас намуда мутолиа менамоянд. Руҷӯи бесобиқаи сокинони кишварамон ба китобу китобхонаҳо аз муҳимтарин натиҷаҳои судманди ин озмунҳост, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаанд, – мегӯяд Зебунисо Қосимова.
Баъди ғолибият ба даст овардани Зебунисо ҳамакнун зодмандони наврасону ҷавонон ба суроғаш меоянд, то муаллима фориғ аз дарсу масъулиятҳои роҳбарӣ барои омода намудани фарзандони онҳо ба чунин озмуну сабқатҳои илмӣ- фарҳангӣ мусоидат намояд.
Дар интиҳо
Зебунисо Қосимова бо таваҷҷуҳ ба масоили мубрами соҳаи маориф изҳор медорад, ки дар баробари беҳтар намудани муҳтавои китобҳои дарсӣ, ҳамзамон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба мутахассиси равоншинос зарурат доранд. Дар баробари мушкили наврасони душвортарбия ва омилҳои коҳиш ёфтани сатҳи таълиму тарбия миёни наврасон имрӯз омӯзгорони ҷавон ба бозомӯзиву такмили маҳорати касбӣ ниёз доранд. Зеро бештар мавридҳо бинобар надонистани психологияи толибилмон омӯзгорони ҷавон ба мушкилот дучор меоянд. Фаъолияти мутахассисони равоншинос дар баробари ҳалли мушкилоти марбут ба робитаи хонаводаи хонандагон бо мактабу омӯзгор омили боло рафтани сатҳи таълиму муассисаҳои таълимӣ мегардад. Чун аз таҷрибаи устодони муассисаи мазкур ва собиқадорони соҳа бармеояд, ки шогирдони наврасро танҳо бо муносибати нарму самимӣ метавон ба илму донишандӯзӣ ҷалб намуд, ки барои ин муаллимро оромтабъ ва сабру таҳаммули зиёд мебояд.
Ҷидду ҷаҳди солиёнаш барои таҳсилоти олӣ гирифтан, нашри нахустин китобу саҳмгузорӣ дар тарбияи насли наврас ва фаъолияти минбаъдааш ба хотири амалӣ намудани дигар орзуву ҳадафҳо ҳамагӣ санҷишҳои ҳаётиест, ки ба ин васила дар зиндагӣ обутоб ёфта, аз тавону зарфиятҳои худ огаҳӣ пайдо мекунад. Тавре изҳор медорад аз ҳар рӯзи паси сар намудааш панди наву баҳраи дигаргунае мебардорад ва ба накукориву саҳме гузоштан дар ободии меҳанро рисолати ҳаётии хеш мешуморад. Ин буд, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҳисоби маблағи аз ҷоизаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба даст овардааш ба даҳҳо тифлакони дорои имконияти маҳдуд туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.
Юсуфи Собир, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР