Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КУМАКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ САОДАТ ХОҶАЕВА
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ғамхорӣ фаро гирифтани эҳтиёҷмандону ниёзмандон ва алалхусус маъюбону барҷомондагон дар мадди назари ҳар як роҳбару шахсони масъулу мутасаддӣ қарор дорад. Бино ба иттилои Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, аз ҷумла, ба ин қишри аҳолӣ аз тарафи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода пайваста ғамхорӣ зоҳир мегардад. Имрӯз, 16 декабр, ба сокини деҳаи Пушёни Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ Саодат Хоҷаева ба маблағи беш аз 5 ҳазор сомонӣ маводи ғизоӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, картошка, пиёз ва ҳамчунин маводи шустушӯ расонида шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» Асалмо Сафарзода ба ин оила ба маблағи ҳазор сомонигӣ кӯмаки моддӣ ироа гардид.
Саодат Хоҷаева барои дастгирию кӯмаки беғаразонаашон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода изҳори сипосу митннатдории хешро баён дошт.
Дар воқеъ, Саодат Хоҷаева тимсоли як зан-модари шуҷоъ, боирода аст, ки ба маъюбии хеш нигоҳ накарда, дар тарбияи се фарзанд ва нигоҳубини аҳли хонадонаш саҳми арзанда дорад.
Қобили зикр аст, ки тибқи Қарори раиси вилояти Хатлон аз 5 июли соли 2019, №195, “Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон”, бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон ҳар рӯзи шанбе дар вилоят “Рӯзи аёдати ниёзмандон” ба роҳ монда шуда, ба афроди ниёзманд, аз ҷумла шахсони камбизоат, ятимони кул, оилаҳое, ки дар ҳайати худ шахси маъюб доранд, собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2, шахсони яккаву танҳо, иштирокчиёни садамаи Чернобил ва барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар кишвар, ки маъюбӣ дошта, ба дастгирии моддию молиявӣ ниёз доранд, кумакҳо расонида мешавад.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
1147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД