Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР ХАТЛОН КУРСИ ОМӮЗИШИИ «ДУХТАРОНИ САРВАР» ОҒОЗ ГАРДИД
Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон даври навбатии курси омӯзишии «Духтарони сарвар» бо иштироки донишҷӯдухтарони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят оғоз гардид. Бино ба иттилои Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, омӯзиши мазкур дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» ва «Нақшаи перспективии ҷавонгардонии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2016-2020» гузаронида мешавад.
Омӯзишҳо мувофиқи нақша ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа гузаронида дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии Данғара доир мегарданд. Ба ин курсҳои омӯзишӣ беш аз 140 нафар донишҷӯдухтарони лаёқатманд ҷалб шудаанд.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ