Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАХТА МАҲСУЛОТИ СТРАТЕГӢ БОҚӢ МЕМОНАД Ё НЕ?
РАВЗАНАИ ОШНОӢ
Қаюм Олимов соли 1956 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Ӯ соли 1977 аз рӯи ихтисоси муҳандис-математик ва соли 1990 бахши ба нақшагирии хоҷагии халқи имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Қ. Олимов фаъолияти меҳнатиашро соли 1979 оғоз намуда, дар самтҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии қишлоқ кор кардааст.
Бист соли охир ӯ раиси хоҷагии “Ӯзбекистон”, раиси Ҷамоати деҳоти “Оқгаза”, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Вахш, директори корхонаҳои пахтаи “Беҳрўзу Мурод”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва “Водии Вахш”-и ноҳияи Вахш ва ахиран ҷонишини роҳбари идораи кишоварзии ҳамин ноҳия буд. Ҳоло Қаюм Олимов сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Вахш мебошад.
Пахта маҳсулоти асосии агросаноатӣ ба шумор рафта, талабот ба он дар дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст. Зеро пахта ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли якчанд номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва саноатӣ истифода бурда мешавад. Ба гуфтаи коршиносон дароз будани даврияти кишт ва парвариши пахта нисбат ба дигар зироати кишоварзӣ имкон фароҳам меорад, ки давоми сол ҳазорон нафар сокинони деҳот бо ҷойи кор таъмин карда шаванд. Оид ба кишту парвариш ва ҷанбаҳои дигари ин мавзўъ рӯзноманигорӣ маҷалла бо Қаюм Олимов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Вахш мусоҳибае орост, ки муҳтавои онро пешниҳоди шумо мегардонем.
-Қаблан мехостем, ки оид ба кишт ва парвариши пахта дар ноҳияи Вахш маълумот медодед.
-Дар ноҳияи Вахш ҳамагӣ 15 ҳазору 667 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст, ки аз он 9,5 ҳазор гектарашро пахтазор ташкил медиҳад. Аммо дар натиҷаи офати табиие, ки рӯзи 11-уми майи соли равон ба вуқўъ пайваст 1 ҳазору 51 гектар замини пахта зери лойқа монд. Ва ҳамин тавр имкони дубора кишт кардини пахта дар заминҳои селшуста намонд. Зеро вақти кишт аллакай гузашта буд. Ҳоло дар майдони боқимонда, ки масоҳати умумии он 8 ҳазору 449 гектарро ташкил медиҳад, ҷамъоварии “тиллои сафед” бомаром идома дорад.
Дар ноҳия беш аз 2 ҳазору 500 адад хоҷагии пахтакор мавҷуд буда, хоҷагии тухмипарварии “Кӯлоб” бо 1150 гектар замин, калонтарин маҳсуб меёбад. Ҳамчунин хоҷагиҳои деҳқонии “Истиқлол”, “Тухмипарвар”, хоҷагии давлатии навъсанҷӣ ва “Нуфузи Вахш” аз пахтакорони пешсафи ноҳия буда, ҳамасола аз аввалинҳо шуда дурнамои истеҳсолиро бечунучаро иҷро менамоянд.
Пахтакорони ноҳияи Вахш такя ба таҷрибаи чандинсолаи худ намуда, асосан аз навъҳои санҷидашуда ва сербори тухмиҳо, аз ҷумла “Истиқлол”, “Табанӣ”, “Флора”, “ЕДС”, “АДН”, “Херазма”, “Флеш”, “Ориён”, “Ирам” ва пахтаи навъи маҳиннах 93-26 “в” васеъ истифода мебаранд.
- Чаро солҳои охир пахтаи навъи маҳиннахро кам кишт мекунанд?
-Воқеан ҳам ин навъи пахта имрӯз дар ноҳияи Вахш ва чанд навоҳии дигар боқӣ мондааст. Зеро заҳмат ва хароҷоти он зиёд буда, бо сабаби баланд будани арзишаш талабот ба пахтаи маҳиннах дар хориҷи кишвар камтар аст. Аз ин лиҳоз аксарияти хоҷагидорони пахтакор навъҳои миёнанахро кишт мекунанд.
Аслан “тиллои сафед” гуфта пахтаи маҳиннахро мегӯянд. Агар як тонна пахтаи миёнанах 10-12 ҳазор харидорӣ шавад, ин навъи пахтаро як баробар зиёд, то 24 ҳазор сомонӣ харидорӣ менамоянд. Дар ноҳияи Вахш танҳо хоҷагии тухмипарварии “Кӯлоб” дар майдони 200 гектар пахтаи навъи мањиннахро кишт намудааст.
-Дар ҳоле, ки даҳҳо намуди зироати кишоварзӣ мавҷуд аст, чаро маҳз пахта маҳсулоти афзалиятнок ва стратегӣ дониста мешавад?
-Пахта дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, пеш аз он ва баъдтар дар замони соҳибистиқлолии мамлакат низ маҳсулоти асосӣ ва стратегӣ буд ва ба фикри ман боқӣ хоҳад монд. Зеро кишт ва парвариши он давоми сол дар шароити Тоҷикистон, бахусус водии Вахш пеш аз ҳама василаи таъмини аксарияти сокинон бо ҷойи кор дониста мешавад. Илова бар ин пахта дар бозори ҷаҳонӣ ягона маҳсулоти кишоварзии ватаниест, ки асъори хориҷиро ба кишвар ворид менамояд. Ҳамчунин пахта маҳсулоте аст, ки дар ғанӣ гардонидани буҷаи давлат, яъне таъмини иҷроиши андоз дар аксари навоҳӣ мусоидат мекунад. Истеҳсолкунандаи пахта андоз месупорад, қабулкунандаи низ аз ҳисоби коркарди ашёи хом ва фурӯши маҳсулоти иловагии пахта, аз ҷумла чигит, тибит ва торак ду маротиба бештар аз деҳқон ба буҷаи давлат маблағ месупорад.
Пахтаи баъд аз коркард ба корхонаи ресандагӣ интиқол дода шуда, ришта истеҳсол карда мешавад. Аз чигити он бошад дар корхонаҳои саноати хӯрокворӣ кунҷора, шулха ва равған истеҳсол мекунанд. Инҷо ҳам ба сокинон ҷойи корӣ муҳайё карда шуда, ба буҷаи давлат андоз ворид мегардад. Ғайр аз ин аз фурӯши маҳсулот корхонаҳои истеҳсолӣ низ андоз месупоранд. Вақте ки ашёи хом ба корхонаҳои дӯзандагию бофандагӣ интиқол дода мешавад ва баъд аз он ба мағозаву дуконҳо роҳ меёбад боз ҳам ба ҳазорон нафар ҷойи кор ва андоз ба давлат тавлид меёбад. Бубинед пахтакорӣ то куҷо манфиатовараст ва чаро он ҳамеша маҳсулоти стратегӣ боқӣ мемонад, худ қазоват кунед?
- Парвариши дигар зироатҳо низ албатта аз манфиат холӣ нест. Вале бояд дар назар дошт, ки дароз будани даврияти кишту парвариши пахта, талабот ба он дар бозори дохилию ҷаҳонӣ, баланд будани нарху наво ва асосан маҳсулоти саноатӣ будани пахта имкон фароҳам меорад, ки корхонаҳои истеҳсоли фаъолияти босамар дошта, аксарияти аҳолӣ давоми сол ҳам дар киштзор ва ҳам дар коргоҳу мағозаҳо соҳиби ҷойи кор гарданд.
Биёед ин соҳаро бо боғдорӣ муқоиса кунем. Боғдор себро ғунучин карда, онро ба фурӯш мегузорад ва дигарон аз он танҳо истеъмол мекунанд бо ҳамин даврияташ ба охир мерасад. Аммо пахта кораш аз аввали сол то моҳи ноябр идома меёбад ва дар ин давра ба ҷуз аз пахта садҳо номгӯи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла матоъ, равған, хӯроки чорво ва ҳатто ҳезум истеҳсол карда шуда, дигарон аз он манфиат мебаранд.
Яке аз маҳсулоте, ки аз чигити пахта истеҳсол карда мешавад ин кунҷора мебошад. Кунҷора бошад аз хўрокҳои серғизотарини чорво ба шумор рафта, он вазнро зиёд ва ғизонокии гӯшту ширро меафзояд.
Дар майдони 10 гектар пахта 20-30 нафар кор мекунад. Агар дар ҳамин миқдор замин хӯроки чорво кишт карда шавад, як нафар, яъне худи ҳамон хоҷагидор кор мекунаду халос.
-Агар чунин аст, чаро солҳои охир бархе аз хоҷагидорон ба пахтакорӣ моил нестанд?
-Дар ҳақиқат якчанд сол хоҷагидорон ба кишт ва парвариши пахта чандон ҳавасманд набуданд. Чунки нархи пахтаи истеҳсолшуда аз хароҷоти деҳқон беш набуд. Барои аз 25 сентнер зиёд ҳосил гирифтан ба як гектар на камтар аз 10-11 ҳазор сомонӣ хароҷот кардан лозим меояд. То ду соли пеш корхонаҳои коркард ба як тонна пахта 5 ҳазор сомонӣ медоданд. Хоҷагидорон 2 тонна пахтаро фурӯхта, хароҷоти 1 гектарро мебароранд. Хушбахтона, имсол нархи пахта боло рафт. Агар деҳқон барои истеҳсоли 2-2,5 тонна пахта 10-11 ҳазор маблағ сарф карда бошад, ин миқдор пахта имрӯз бар ивази 25 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад. Аз ин лиҳоз пахтакорон имрӯзҳо дар маъракаи ҷамъоварӣ бо ҳавасмандӣ кор карда истодаанд. Зеро, онҳо харчи бештар ҳосил гиранд, ҳамон қадар фоида ба даст меорад. Агар ин раванд минбаъд низ идома ва ё тавсеа ёбад боварии комил дорам, ки кишварзон аз ин ҳам бештар заҳмат кашида, дурнамои истеҳсолиро барзиёд иҷро менамоянд.
-Чӣ бояд кард, ки пахтакорӣ боз ҳам рушд кунад ва кишоварзон ҳосили дилхоҳ ба даст оранд?
-Агар нархи пахта мисли имсола боқӣ монад ва ё боз ҳам боло равад хоҷагидорон бо истифода аз тухмиҳои аълосифат, нуриҳои минералӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ мисли даврони Иттиҳоди Шӯравӣ аз як гектар замин то 40-50 сентнер ҳосил мегиранд. Барои ба чунин натиҷа расидан бояд пахтакорон тамоми нозукиҳои соҳаро аз худ кунанд ва ба қоидаҳои агротехникаи парвариши пахта диққати ҷиддї диҳанд.
Қабл аз кишти пахта аввал заминро бояд омода намуд. Пеш аз ҷуфти босифати замин бошад, онро обшӯ карда, нуриҳои фосфорӣ пошидан лозим. Сипас тухмиро вобаста ба хусусияти қитъаи замин дуруст интихоб карда, баъд аз кишт ниҳолро бе обмонӣ сабзондан мувофиқи мақсад аст. Вақте ниҳоли пахта бе об, яъне танҳо бо намии замин сабзид, ба он то гулу шона баровардан, яъне аввали моҳи июн об мондан зарур нест. Зеро алакай буғумҳои якум ва дуюм ба ҳосил медароянд. Фақат чобуқ, ягона, байни қаторҳои пахтазорро нарм ва озуқа додан лозим аст. Дар ин ҳолат ниҳолони пахта боқувват шуда, буғумҳои он кӯтоҳ мегарданд ва ҳосилнокӣ зиёд мешавад. Аз сабабе, ки баргу пояи ниҳол мустаҳкам мешавад, ҳашароти зараррасон камтар зиён мерасонанд.
Даҳсолаи охир кишоварзон аз рехтани ҳосили пахта шикоят мекунанд. Чунки беш аз 30 сол мешавад, ки аксарияти меҳнаткашон аз нуриҳои калийгӣ истифода намебаранд. Калий ягона нуриест, ки буғумҳои ниҳоли пахтаро мустаҳкам мекунад ва пеши роҳи аз ҳад зиёд рехтани ҳосилро дар дилхоҳ боду ҳаво пешгирӣ менамояд. Вақте калийро дар ҳар гектар ҳадди ақал 100-150 килограмм истифода бурдем, буғумҳо мустаҳкам мешавад ва гулу шонаву кўрак хеле кам мерезанд.
Аксари хоҷагиҳои пахтакор нуриҳои фосфориро кам мепошанд. Ҳол он, ки нурии фосфорӣ мағзи пахтаро пурра карда, вазни онро зиёд мекунад.
Деҳқонон аксаран ин ҳолатро ба гармии ҳаво рабт медиҳанд, аммо ин хато аст. Агар камаш шаш маротиба байни қаторҳо нарм карда шуда, ба як гектар пахта 400 кг нуриҳои азотӣ, 200 кг нуриҳои фосфорӣ, 50-100 кг нуриҳои калийгӣ надиҳем, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда наметавонем.
Мо ҷуфтро дер мекунем, ба замин яхоб намемонем, намиро нигоҳ намедорем ва дар замини хушк пумбадонаро кишт менамоем. Барои ниҳолро баровардан 2-3 бор об медиҳанд. Дар ин ҳолат дар обмонии якум як қисми ниҳол ва дар обмонии дуюм қисми дигар сабзида, буғумҳои он дароз мешаванд. Пахта мулоим шуда, хунукиҳои моҳҳои апрел- май ба решаи он таъсири манфӣ мерасонад. Агар пояи ниҳоли пахта мулоим шавад ба он шира ва ҳашароти зарарасон бештар зиён мерасонад. Пахтае, ки бо ду-се обмонӣ баромадааст, дар буғуми якуму дуюму ва ҳатто сеюми он ҳосил намешавад. Буѓумҳои аз чаҳорум боло ҳосил мебандаду халос.
Амонулло Бахтиёрзода
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД