Бойгонӣ
Апрель 2025 (24)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)
Октябрь 2024 (27)

ЗУҲУРОТИ ХАВФНОК ВА НАНГИН

Гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ аз мавзуъҳои доғи рӯз ва ташвишовари ҷомеаи башарӣ мебошад. Сабабу омилҳои ин зуҳуроти нангин чист? Ба чунин кирдорҳои нанговар аслан киҳо даст мезананд?

ХАТАРИ ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ
– Таҳлилҳо собит менамоянд, ки сабабу омилҳои содиршавии ҷиноятҳои экстремистию террористӣ гуногунанд ва яке аз онҳо таълимоти ғайрирасмии динӣ мебошад. Аксари ашхосе, ки ҷиноятҳои экстремистию террористӣ содир намудаанд, вақте гузаштаи онҳоро мавриди таҳлилу тафтиш қарор медиҳем, онҳо дар ин ё он давлат ё дар дохили кишварамон таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифтаанд ва ин яке аз заминаҳои асосӣ ба ҳамин гуна ҷиноятҳо мешавад, – иброз намуд Нидозода Муҳаммадризо, сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилояти Хатлон. Тибқи таҳлили мусоҳибамон аксар ҷиноятҳои экстремистӣ-террористӣ аз ҷониби ҷавонони аз 18 то 30- сола дар муҳоҷирати меҳнатии хориҷи кишвар сурат мегирад. Имрӯз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолиятро дар самти пешгирӣ намудани ҷиноятҳои экстремистӣ-террористӣ дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомот пурзӯр намудааст ва доираи он гурӯҳҳои ҷинояткор, ки шаҳрвандони моро ба гурӯҳҳои экстремистӣ- террористӣ шомил менамуданд, маҳдуд гардидааст. Онҳо имрӯз тарзу усул ва воситаи нави ҷалби сокинонро ба роҳ мондаанд, ки ин тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Бояд дар хотир дошт, ки тибқи талаботи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби шахс дар саҳифаҳои интернетӣ таблиғ намудани маводи хусусияти динӣ - экстремистидошта боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ хоҳад шуд.
– Бо дарназардошти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он нафароне, ки гумроҳ шуданд ва пойбанди ин ё он гурӯҳҳои ифротӣ дар хориҷи кишвар ҳастанд, агар аз кирдорашон самимона пушаймон шуда, ба унвонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ муроҷиати хаттӣ пешниҳод намоянд, ки мехоҳанд ба Ватан, ба ҳаёти осоишта баргарданд, дар қонунгузорӣ имтиёзҳо пешбинӣ шудааст ва нисбати ин гуна ашхос эзоҳи моддаи махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад, – мегӯяд Нидозода Муҳаммадризо.

ТАЪЛИМИ НОМУКАММАЛ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН
– Яке аз омилҳои хатарзо ба амнияти давлат, суботи ҷомеа, аз ҷумла устувории истиқлоли давлатӣ ҷараёни ифротишавии шаҳрвандон мебошад.
Аслан омили шомилшавӣ ба чунин гурӯҳҳо сатҳи пасти тафаккури ҳуқуқӣ ва маърифати сиёсии ҷавонон аст, ки ин сарчашма мегирад аз таълими номукаммали наврасону ҷавонон. Ин тоифа дар раванди муҳоҷирати меҳнатии кишварҳои хориҷ таҳти ташвиқоту таълимоти нодуруст ва ё ин ки мағзшӯӣ қарор мегиранд ва оқибат онҳо ба шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротию иттиҳодияҳои ҷиноятӣ майл мекунанд. Хушбахтона, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, умуман аҳли ҷомеаи мо хатари ин зуҳуротро хуб дарк намуда, робитаи устувор байни ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷомеаи бурунмарзӣ дар роҳи тарбияи ҷавонон аллакай шакл гирифтааст ва бо ин усул метавонанд комилан садди роҳи чунин мушкилот гарданд, – мегӯяд прокурори ноҳияи Қубодиён Зарифӣ Ашӯрмад.
Ба хулосаи мусоҳибамон яке аз омилҳои хатарзо ба амнияти давлат, ба суботи ҷомеа, аз ҷумла ба устувории истиқлоли давлатӣ ҷараёни ифротишавии шаҳрвандон, минбаъд ба ташкили гурӯҳу иттиҳодияҳои алоҳидаи ҷинояткорӣ ба шумор меравад. Хушбахтона, нишондиҳандаҳои давраҳои охири фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, аз ҷумла мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки сатҳи ифротишавӣ ва тамоюли шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ рӯз то рӯз дар ҳоли коҳишёбист, ки ин албатта яке аз нишондиҳандаҳои фаъолияти хуби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат мебошад. Дигар, робитаи устувори аҳли ҷомеа ба мақомоти ҳокимияти давлатист. Аз ҳама бештар талабот, дастур, тавсия ва таклифҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода нақши муассир дорад.
«Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад».
Эмомалӣ Раҳмон

ИНТЕРНЕТ – ВАСИЛАЕ АЗ ИФРОТИШАВӢ
– Бисёре аз ақидаҳои ифротӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн мешаванд, онҳо ба эҳтимоли зиёд аз ҷониби мубаллиғони дар хориҷи кишвар буда сурат мегиранд. Интернет имрӯз василаест, ки ақидаҳои гуногун тариқи он паҳн карда мешавад. Агар таҳлил намоем, сатҳи гароиши ҷавонон ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ, яъне экстремистию террористӣ дар ноҳияҳои кӯҳистон паст аст ва таваҷҷуҳ намоем, дар он ҷо дастрасӣ ба интернет низ мушкил аст. Бештаре аз шаҳрвандони мо дар Россия ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд, ки дар он ҷо дастрасӣ ба интернет фарох аст. Аз ин рӯ метавон хулоса кард, ки интернет василаи гаравиши ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо аст. Хулоса, имрӯз интернет як василаест, ки имконият фароҳам меоварад, то фарҳангу тамаддунҳо ба ҳам бархӯрд намоянд ва дар натиҷа шаҳрвандоне дониши хуб надоранд, мантиқан ақидаҳои сиёсию диниро дуруст таҳлил карда наметавонанд, ба доми фиреби чунин мубаллиғон меафтанд, – мегӯяд Саидҷаъфар Сафарзода, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон.
Ба андешаи ин мусоҳибамон ифротгароии динӣ навъи аз ҳама паҳнгаштаи ин зуҳурот мебошад ва дар ин амал инсонҳо сӯистифода мешаванд. Яъне боварҳои динии онҳоро сӯистифода мебаранд. Агар ба таърих назар андозем, дар гузашта ҳам ифротгароӣ буд, аммо имрӯз бо сабаби оне, ки технология рушд кард, василаҳои иттилоърасонии нав пайдо шуданд, ин ҳама боис гардид, ки ифротгароӣ босуръат дар сар то сари дунё паҳн гардад.
Ба хулосаи Саидҷаъфар Сафарзода ҷомеа бояд иҷозат надиҳад, ки дар зеҳни мардум ақидаҳои ифротӣ пайдо шавад. Бо роҳи маҳкум кардани ақидаҳои ифротӣ метавон муқовимат нишон дод. Ҳар қадар сатҳи муқовимат ба экстремизму терроризм боло равад, ҳамон андоза мо аз экстремизму терроризм метавонем ба таври таъсирбахш пешигирӣ намоем.
ҲУШЁРУ ЗИРАК ВА МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШЕМ!
Ифротгароӣ, экстремизму терроризм аз ҷумлаи зуҳуроти ташвишовари ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд. Таҳлилгарон омилҳои содиршавии ҷиноятҳои террористию экстремистиро гуногун арзёбӣ мекунанд, аммо тибқи хулосаи мусоҳибони мо омили асосии он гумроҳӣ ва бесаводӣ аст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1-уми июни соли 2021 Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва нақшаи амал оид ба амалисозии ин старатегия тасдиқ гардида буд, ки соли панҷум аст он татбиқ мешавад.
Дар зиндагӣ масъулият хислати хеле муҳим аст. Бояд дар ободӣ ва осудагии Ватани азиз ҳар кадоме масъулият дошта бошем. Дар ин радиф ҳушёру зирак ва шукргузор бошем. Зидди хатарҳое, ки боиси халалдоршавии рушду пешрафт ва осудаҳолии мардуми кишварамон мегардад, дар мисоли ифротгароӣ, экстремизму терроризм бо муносибати оштинопазир мубориза барем. Дар ободию осудагии ин Ватани биҳиштосо саҳми мондагоре дошта бошем. Онро дӯст дорем. Ба қадри сулҳу ваҳдати комили кишварамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамеша ҳифз намоем.
М. Акрамов САФО
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019