Бойгонӣ

Ҳарфи имдод аст фалак

                      
                     Лолук дарае, саргаҳи Лолукдарае, 
                      Куштан саги хору бурдан рамара.
                      Отата бигу савор шава аспи алара,   
                      Аз саргаҳи Балҷувон бигардонад рамара.   
    Бино ба ривояти пирони рустоҳои кӯҳистонӣ замзамаи ин рубоии халқӣ бо оҳанги фалакӣ василаи аз марг наҷот ёфтани сарояндаи он  гардидааст. Қисса кӯтоҳ дар замони бекигарии Балҷувон рамачароне бо духтари бек ё духте аз пайвандони соҳиби рамаи гӯсфандон ошиқ будаву рӯзе аснои гӯсфандчаронӣ роҳзанҳо ба  ӯ ҳуҷум мекунанд. Ҷавонро дасту пояшро баста мемонанду рамаро ба саргаҳи Лолукдараи Балҷувон ронданӣ мешаванд. Ҳамин ҳолат ҷавон бо дасту пои баста, бадоҳатан ин мисраъҳоро месарояд. Нолаи осмонбӯси ҷавони гӯсфандчарон ба гӯши маъшуқааш мерасаду духтари шайдо дарбориёнро хабар медиҳад, то ҷавон ва гӯсфандҳоро аз дасти роҳзанон наҷот диҳанд. 
Лолукдара мавзеи дар наздикии Балҷувон асту рамачарони ошиқ тавассути фалаксароӣ ишора ба он кардааст, ки роҳзанҳо саги чӯпониашро куштаанду рамаро бо худ бурданд. Ҳамин сон:
Отата бигу савор шава аспи аларо, 
Аз саргаҳи Балҷувон бигардонад рамаро.
гуфтани чӯпонбача хабари муҳимро ба бекигарӣ расонидан буд. Ба ин монанд то кунун миёни мардуми рустоҳои дурдасти вилояти Хатлон рубоиҳои зиёде аз гузаштагонашон мерос мондааст, ки ҳар яке аз онҳо қиссаву достонҳои ҷолибе дар пай доранд.
   Ғарқи андешаи ҳамин гуна саргузаштҳои ҷолиби таърихӣ вориди коргоҳи ҳунармандони ансамбли «Фалак» шудем, ки аз ҳар ҷониб садои мусиқӣ ва ҷӯрсозии асбобҳо ба гӯш мерасид. 
Ансамбли «Фалак» соли 2004 дар назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб таъсис дода шуда, роҳбари аввалин ва ташкилкунандаи ин ансамбл Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сураё Қосимова маҳсуб меёбад. Дар ансамбли «Фалак» ҳунармандони зиёде кор кардаанд. Мисли Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сураё Қосимова, Ҳунарпешагони шоистаи ҷумҳурӣ Назаралӣ Холов, Нурулло Холов, ҳунарманди хубу фалаксаро шодравон Сафар Қодир ва дигарон.
  - Имрӯз дар ансамбли мазкур Ҳунарпешагони шоистаи ҷумҳурӣ Ҷумахон Сафаров ва Муродмад Раҳимов, инчунин санъаткорони мумтоз Бахтиёр Ҷӯрақулов, Муҳаммадҷон Ҳасанов, Сайҷамол Шоимов, Муҳаммад Орзуев ва боз чандин сарояндагон ва раққосаҳои ҳунарманд   фаъолият менамоянд. Ансамбли «Фалак» дар заминаи мусиқиҳои қадимӣ ташкил ёфтаст. 
Аз соли 2020 инҷониб роҳбарии ансамбли «Фалак»-ро Фирдавс Тоиров ба уҳда дорад. Мавсуф хатмкардаи факултаи фарҳангшиносии Донишкадаи санъати Тоҷикистон мебошад.
-Давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ансамбли «Фалак»-и назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб 3 барномаи консертӣ омода намуда, пешкаши тамошобинон гардонид. Боиси хушнудист, ки имрӯз ҳамроҳи ҳунармандони номвари шаҳри Кӯлоб ҳамчунин фалаксароёни ҷавоне мисли Фарангези Исматӣ ва Шаҳнозаи Саидкобир низ фаъолият доранд,- мегӯяд Фирдавс Тоҳиров. 
Ба гуфтаи ӯ як моҳ қабл ҳунармандони ансамбли “Фалак” дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон ба Қазоқистон сафар намуда, дар шаҳри Алма-ато ҳунарнамоӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки бо таваҷҷуҳ ба рушди санъати фалак пайваста барномаҳои ҳунарии моро тариқи шабакаҳои телевизионӣ  ба пуррагӣ ва ё бахшҳои алоҳида пешкаши тамошобинон мегардонанд.  
Дарвоқеъ, дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб фалаксароёни зиёде кору зиндагӣ доранд, ки ин санъати олиро ба наслҳои ҷавон омӯхта, онро аз насл ба насл мерос мегузоранд. Аз мушоҳидаҳо бармеяд, ки сол аз сол ҷавонон ба жанри фалак шавқу рағбати зиёд пайдо карда истодаанд. Аз сӯи дигар таъсиси шуъбаи фалаксароӣ дар Донишкадаи санъат ва ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода дар омода намудани мутахасисон дар ин ҷода нақши муассир гузошта истодааст. 
   Фалак ин дард аст, ки инсон онро бояд самимонаву бо садои баланду ҷаззоб сароида тавонад, то диққати шунавандаро ба маънии сурудаҳояш ҷалб намояд. Яъне, фалак мисли ашк сарояндаи онро таскин мебахшад. Фалаксаро баъди сароидани дарду ғами дар сина ниҳонаш худро ором эҳсос мекунад. Тавре ки солмандони рустоҳо қисса мекунанд, дар солҳои пешин фалаксароён дар саҳро ва корзори оммавӣ ҳунарнамоӣ карда, ба ин васила хотири заҳматкашонро болида мегардониданд. Дар кӯҳистони Тоҷикистон, бахусус дар мавсими дарави ғалладонаву ҷамъоварии маҳсулоти кишоварӣ ҳунармандон сурудҳои “Ман доғ”- ро иҷро мекарданд. Онҳое, ки “ман доғ” месуруданд, баробари коргарони саҳро ҳақмузд мегирифтанд. 
Бинобар гуфтаи пиронсолон дар солҳои пешин гурӯҳҳои мардумии фалаксароӣ ва сарояндагони “Ман доғ” ниҳоят зиёд буданд. То солҳои ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва ҳатто дар солҳои баъди он, ки дар собиқ хоҷагиҳои коллективӣ қисми зиёди корҳои саҳро дастӣ анҷом дода мешуд, хоҷагидорон аз ҳунари сарояндагии ин зумра фалаксароёни тоҷик истифода мебурданд. Солҳои баъдӣ ҳунармандони фалаксаро ва каму беш сарояндагони  нақароти машҳури“Ман доғам ё дӯст”  танҳо дар тӯю маъракаҳои мардумӣ ҳунарнамоӣ мекарданд.
Хушбахтона, дар замони Истиқлоли кишвар бо таваҷҷуҳ ба санъату ҳунарҳои гуногуни миллӣ санъати фалаксароӣ дубора эҳё гардида, ҳаминак  ҳунармандон бо санъати волои фалаксароӣ ҷашнҳои пуршукӯҳи кишвар ва фаротар аз онро шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшанд. 
      
    Билоли Шамс,  шаҳри Кӯлоб           


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019